Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Бузургии зан-модар…

Бузургии зан-модар…

Огуши модар – бихишти инсон

Статьи
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирии ӯ гардад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ шодравон Лоиқ хуб ҳам фармудааст: Ту монанди замин танҳоӣ, модар, Ту монанди замин яктоӣ, модар. Инсон баъд аз р