Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Буд набуд як рубох буд…

Буд набуд як рубох буд…

Рубох ва паланг

Сказки
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард. Паланг ҳайрон шуда, пурсид: - Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? - Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қадар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз ҷариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст. Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту д