Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Боре устоди пири хитои ба шогирдаш гуфт…

Боре устоди пири хитои ба шогирдаш гуфт…

Шукргузори

Рассказы
Боре устоди пири хитоӣ ба шогирдаш гуфт: -Илтимос, ин ҳуҷраро нағзакак аз назар гузарон ва кӯшиш кун, ҳамаи он ашёҳоеро, ки қаҳваранганд дар хотир нигоҳ дорӣ. Ҷавон ба гирду атрофаш назар дӯхт. Дар ҳуҷра ашёҳои қаҳваранг зиёд буданд: миз, курсиҳо ва боз бисёр чизҳои дигар. -Акнун чашмонатро пӯш ва ҳама ашёҳои рангаш кабудро номбар кун. Ҷавон табассум кард: -Ман ягон чизи рангаш кабудро дар хотир надорам. -Чашмонатро кушо. Нигоҳ кун, чӣ хел дар ин ҷо чизҳои кабуд зиёданд. Ин рост буд: кӯзаи кабуд, китобҳои кабуд дар рафҳо, куртаи кабуди устоди пир. -Ба ҳамаи ин ашёҳои аз назарат дурмонда нигар! -Аммо ин ҳилла аст, - гуфт ҷавон. -Охир ман ашёҳои кабудро не, қаҳварангро кофта будам. -Худи ана ҳаминро ҳам мехостам ба ту нишон диҳам! Ту танҳо ашёҳои қаҳварангро мекофтӣ ва меёфтӣ, аммо ашёҳои ра