Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Бехтарин хикоят писари гумгашта

Бехтарин хикоят писари гумгашта

Писари гумгашта

Рассказы
Ҷавоне, ки солҳо боз ба сафар баромада буд ва хабаре аз ӯ набуд, модараш ҳамеша дар хона нишаста дуо мекард, то солим ба хона баргардад. Ин зан ҳар рӯз барои аъзои хонаводааш нон мепухт ва як нони изофӣ ҳам ба номи писараш мепухт ва онро пушти дар мегузошт, то роҳгузар ё мусофири гуруснае онро гирифта бихӯрад. Ҳар рӯз марди кӯзапуште аз он ҷо мегузашт ва он нонро гирифта, ба ҷои он ки сипосгузорӣ кунад, мегуфт: "Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад". Чун ин марди роҳгузари кӯзапушт ҳар рӯз ин суханашро такрор мекард, зан норохат шуда ба худ гуфт: Ин мард на танҳо ташаккур намекунад, балки ҳар рӯз ин суханашро такрор мекунад, намедонам мақсадаш чист? Як рӯз зан, ки аз шунидани ин суханон бисёр нороҳат шуда буд ба худ гуфт ман бояд ко