Пятница, 3 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Бехтарин хикоят гурухи 99

Бехтарин хикоят гурухи 99

Гурухи 99

Рассказы
Яке аз подшоҳон, ки ҳукумфармои яке аз кишварҳои бузург буд, боз ҳам аз дороӣ ва зиндагии худ он қадар хуш ва розӣ набуд ва худи ӯ ҳам намедонист иллат дар чист. Боре дар қаср ва кохҳояш қадам мезад ва аз назди ошпазхонае гузашт, ки ногаҳон садои таронае ба гӯшаш расид. Подшоҳ худашро ба он садо наздик кард ва дид, ки як ошпазе замзама мекунад ва тарона мехонад ва дар чеҳрааш шодию хурсандӣ ва нишонаи саодат дида мешавад. Подшоҳ бисёр бо тааҷҷуб аз ошпаз пурсид: Чаро ин қадар шоду хурсанд ҳастӣ? Ошпаз дар посух гуфт: подшоҳам, ман танҳо як ошпаз дар ин қаср ҳастам, ҳамеша мекӯшам ҳамсар ва фарзандонам аз ман хурсанд бошанд, мо барои худ хонае аз чубу бурё сохтаем ва ба қадри кофӣ пушок ва хурданӣ ҳам дорем, чаро хушҳол набошам. Вақте подшоҳ аз як ошпаз чунин суханҳоро шунид нахуствазирашро