Четверг, 9 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Бархам хурдани ИЧШС ва ташкил ёфтани Иттиходи давлатхои мустакил

Бархам хурдани ИЧШС ва ташкил ёфтани Иттиходи давлатхои мустакил

Бархам хурдани ИЧШС ва ташкил ёфтани Иттиходи давлатхои мустакил

История
Миёнаҳои солҳои 80-ум дар ҳайати ИҶШС (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) 15 ҷумҳурии иттифоқӣ шомил буд: Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония. Дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аз 270 млн. нафар одамон - намояндагони зиёда аз 150 миллату халқиятҳо зиндагӣ менамуданд. Дар давраҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ақида вуҷуд дошт, ки масъалаи миллӣ пурра ҳал карда шудааст. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз рӯи нишондодҳои тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар як сатҳ қарор доштанд. Дар баробари ин, ҳалли яктарафаи масъалаи миллӣ зиддиятҳои зиёдро дар муносибати байни миллату халқиятҳо ба вуҷуд оварда буд. Дар шароити бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ ин зиддият