Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Артиши милли муборак падарчон

Артиши милли муборак падарчон

Табрикотхо ба падар дар рузи 23 феврал (Артиши милли)

Поздравления
Рӯзи мардонро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардаанд, табрик мегӯям. Идатон муборак! Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб "падарҷон" падар вожае аст, саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бармеояд. Падари азизам идатон муборак! Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринед. Падар, ид муборак бошад! Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуоям кун, ки бо дуоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзатон муборак! Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури шуморо дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам», идатон муборак! Падарам, тоҷи сар