Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Аркон ва вочиботи хач

Аркон ва вочиботи хач

Хач – таърихи хонаи Худо

История
Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд: "Нахустин хонае, ки барои мардум (ба мақсади ибодати Худованд) бино ёфтааст, ҳамон хонаест, ки дар Макка аст. Он пурбаракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мақоми Иброҳим ва ҳар кас дохили он шавад, дар амн хоҳад буд" (сураи Оли Имрон 96-97). Такя ба ояти мазкур тамоми муфассирон иттифоқ ба он доранд, ки нахустин ибодатгоҳ дар рӯи замин Каъба мебошад. Каъба пас аз харобшуданаш дар тӯфон дигарбора аз ҷониби Иброҳими Халил (а) дар рӯи замин қомат афрохт. Ҳама маносики ҳаҷ аз ҳазрати Иброҳим (а) ба ёдоварӣ мондаанд, аз ин рӯ бархе аз донишмандон аз он ба маносики иброҳимӣ ёд менамоянд. Пас аз бино намудани хонаи Каъба Худованд ба Иброҳим (а) мефармояд, мардумро барои гузоридан ва анҷом додани ҳаҷ даъва