Понедельник, Октябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Метка: ақл

Одамиро ақл ҷони дигар аст

Для школьников
Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, ку он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Ку он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар Афғонистон, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ? Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дўстиву баро-дарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон. Чун худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ў бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр