Пятница, Март 22Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Метка: Агар донам ки рузе мемирад ишқат

Шеъри ошиқии “Агар донам…” (текст+mp3)

Любовь
Агар донам, ки рузе мемирад ишқат, Зи лабҳоят набояд буса мекардам. Агар донам, ки султони дилат ман не, Зи андуҳам набояд қисса мекардам. Ба ҳангоми саломат, гарм бифшурди кафамро, Лек қалбамро надонистӣ. Мисоли мурғ пар-пар мезаду мемурд, Вале инро ту фаҳмида натонистӣ. Агар донам, ки чашматро аз ҷуям нест, Нигоҳамро зӣ ту маҳбус мекардам. Тамоми дафтари умрам, ҳамин инак, Саропо қиссаи афсус мекардам. Ва лекин боз мебинам, зӣ чашмонат, Кӣ иблис ларз ларзон дарс мегирад. Гаҳе найранги шайтон чун камӣ мекард, Инак, аз барқи чашмат қарз мегирад. Агар донам, ки дар ҳар таппиши қалбат, Дигар кас ҳокимона зиндагӣ дорад. Диламро пештар аз марг мекуштам, Кӣ шояд руи хокам барг меборад. Агар донам, ки рузе мемирад ишқат, Зи лабҳоят набояд буса мекардам. Агар донам, ки султо