Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Афсонаи нахутак

Афсонаи нахутак

Нахутак

Нахутак

Сказки
Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт. Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе тақ-тақ мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани деҳкон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи зебо ва кулчаи равғанин овард. Дар рӯи суфа кӯрпачаи мулоим партофта, пирамардро ба нишастан даъват намуд. Пирамарди ришсафед чой нӯшид, нон хӯрд, ба чолу кампир миннатдорӣ изҳор карду ба онҳо гуфт: - Худоё, ҳар нияте, ки дошта бошед амалӣ гардад! Ҳамин тавр, воқеан, орзуи деринаи деҳқону занаш амалӣ шуда, дар хонаи онҳо писаре таваллуд шуд, ки хурдакак буд ва падару модараш ӯро Нахӯтак ном ниҳоданд. Солҳо гузашт ва Нахӯт