Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Афсонаи Лаку Пак

Афсонаи Лаку Пак

Лаку Пак

Лаку Пак

Сказки
Буд, набуд, дар рӯи ин олам Лаку Пак буд. Лак зани Пак буд. Лаку Пак духтари зебое доштанд, вале аклаш норасо. Як рӯзе ба хонаи онҳо хостгор омад. Лак хостгорҳоро дида ба духтараш гуфт: - Духтарам, ба ту хостгор омад. Рафта об биёр. Чаққон бош, ки хостгорҳо «духтари бадаступо будааст» гуфта, туро хуш кунанд! Духтар кӯзаро гирифта, тозон ба лаби ҳавз рафт. Об гирифта истода фикр кард, ки: "Раваду хостгорҳо маро хуш кунанд. Тую тамошо шавад. Баъд як писарча таваллуд кунам. Писарчаам калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям. Модарам гӯяд: "Ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёракак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем". Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад! Баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли