Суббота, 28 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Афсонаи бехтарин – Бузу гусфанду гусола

Афсонаи бехтарин – Бузу гусфанду гусола

Бузу гусфанду гусола

Бузу гусфанду гусола

Сказки
Як бузи қӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт: -Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан гир, ман аз дигар тараф мехӯрам. Охир буз розӣ шуд. Ҳар ду аз ду тарафи замин алаф хӯрда гаштанд. Як рӯз ба як тарафи замин як гӯсола даромад. Бузак хез карда омаду гӯсоларо шох зада, пеш кардани шуд, гӯсола гуфт: -Ҷӯра, ман ҳам бо шумо аз ин алаф хӯрам, ин алаф, ки тамом шуд. Боғи Шимол меравем хазон мехӯрем. Бузу гӯсфанду гӯсола чанд рӯз алаф хӯрда гаштанд, алаф тамом шуд. Онҳо ҳар се ба сӯи Боғи Шимол равон шуданд. Рафта истода буданд, ки аз роҳ як пӯсти гург ёфтанд. "Ягон вақт дар