Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Адаб точест аз нури илохи…

Адаб точест аз нури илохи…

Шарму хаё зиннати инсон аст

Статьи
Шарму ҳаё ҳусну зиннати инсон аст. Ҳар шахсе, ки бошарму ҳаёст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурутану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурутаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Хусусан шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд ато намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта: Манманиҳо пешаи шайтон бувад, Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад. Бешубҳа, ҳар ҷо ки шарму ҳаё аст, манманиҳо ниш