Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Адаб аз ки омухти?

Адаб аз ки омухти?

Адаб хусни инсон аст

Статьи
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ, Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хохӣ. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфтааст: Манманиҳо пешаи шайтон бувад, Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад. Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғ