Вторник, Май 21Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Метка: 3000 солаги

3000-солагии Ҳисори Шодмон

Для школьников
“Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад” (Эмомалӣ Раҳмон) Тоҷикистон кишвари таърихист ва ҳазорон бозёфтҳои қадима ва фарҳангу тамаддуни волои халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд. Ҳисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи қадима дорад ва ёдгориҳои таърихии он нишонае аз кӯҳанбунёдии ӯст. Ҷашни 3000 солагии Ҳисори Шодмон ба сифати макони таърихӣ ин гуфтаро собит месозад. Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар водии Ҳисор одамон ҳанӯз аз давраи асри санг, тахминан 40 – 50 ҳазор сол муқаддам сукунат доштанд. Аз бисёр маҳаллаҳои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6 – 9 ҳазор сол муқаддам дар онҳо истиқомат доштанд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехӯранд.