Четверг, 9 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: 115 зарбулмасалхои бехтарин

115 зарбулмасалхои бехтарин

115 зарбулмасалхои бехтарин

Пословица
1. Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош; 2. Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст; 3. Ба хари танбал бори бештар мегузоранд; 4. Гувоҳи дурӯғгӯй ҳамеша тайёр; 5. Олим аз илму дониш сухан мегӯяду аҳмақ аз чизҳои хӯрдааш; 6. Агар барои нотавонӣ хашмгин шавӣ, далел он аст, ки қавӣ нестӣ; 7. Оташи хашмро бо оби сукут хомӯш бинамо; 8. Ҳар кӣ худро нашиносад, ӯро нашинос; 9. Дӯсти ҳокимшуда дӯсти гумкарда аст; 10. Агар хоҳӣ дар роҳи ҳаёт шикаст нахӯри лаззати дунёро дар моли дунё набин; 11. Дар савдо дӯстӣ нест; 12. Агар хоҳӣ зиндагият хуб гузарад, сабр намо; 13. Саг дар кӯчааш шер аст; 14. Агарчӣ зиндагият бе ғам намешавад, вале ғами беҳуда махӯр; 15. Ҳаргиз дар ҷустуҷӯи ишқ мабош, чунки зиндагӣ худ ишқ аст; 16. Чашмгуруснагон аз баҳри фарзанд мегузаранд, вале аз баҳри пул