Вторник, Май 21Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Метка: «Ҷон» – «Software» нормафзор

Компютерҳои фардӣ ва қисмҳои таркибии он

Технологияи иттилоотӣ
Компютер - ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқиро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори руи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда шуданашон мумкин аст. Ҳоло бошад дар лабораторияҳои махсус мутахассисон суръати кории компютерҳоро дар як сония аз миллиард ба триллионҳо амал расонданианд. Компютер чун инсон дорои системаи хос мебошад, ки ба таври ҳайратангез «Ҷисм»-у «Ҷон»-ро бо ҳам мепайвандад. «Ҷисмӣ» - «Hardware» сахтафзор - компютер ин қисми таxҳизотии оҳанин аст. Васоити таҷҳизотии компютерҳои ҳозиразамон дорои механизми электронӣ, электромеханикӣ ва оптикӣ-