Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Метка: Ҳикояи тамсилӣ №17

Ҳикояи тамсилӣ №17

Ҳикояи тамсилӣ №17

Ҳикоя
Шахсе баҳри иҷрои кори муҳиме ба хиёбони шаҳр баромад, дид, ки дар канори роҳрав нобиное ором нишаставу дар наздаш қуттие гузоштааст ва дар қуттӣ навиштаҷоти "МАН НОБИНОЯМ, БАРОЯМ КУМАК КУНЕД" сабт ёфтааст, дар қуттии гадоёна танҳо як танга буду халос. Он нафари раҳгузар қуттиро гирифту ба тарафи дигари он куттӣ чизе навишта, ба ҷояш гузошта рафт. Пас чанд соат, ҳангоми бозгашт ба хона чашмаш ба қуттии гадоёнаи нобино афтод, ки он аз тангаҳо пур шуда буд. Ҳамчунин беихтиёр чашмонаш ба навиштаҷоти худаш навишта афтод, ки ин гуна буд: "ҲОЛО ФАСЛИ БАҲОРИ НОЗАНИН АСТ, ВАЛЕ МАН ИН ЗЕБОИҲОРО ДИДА НАМЕТАВОНАМ". Ҳикмати ҳикоят - тавре амал намо, ки дигарон туро фаҳманд, дар он сурат бештар муваффақ мешавӣ.