Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикоя

Ҳикоя

Ҳикояи тамсилӣ №22

Ҳикояи тамсилӣ №22

Ҳикоя
Падар бо писараш аз мусофират бармегарданд. Онҳо бо воситаи қатора меоянд. Ҳангоме, ки ба яке аз кабинаҳои қатора ворид шуданд, дар он ҷо оилае (зану шавҳар) буданд. Писар тақрибан 25- сола аст… Вақте, ки қатора ба ҳаракат даромад, ҷавон аз оина ба берун нигариста, бо шавқу завқи афзун ба падар гуфт: -Падар, бубинед, чӣ хел табиати зебо, чӣ хел дарахтон сабзу хурраманд; ҳар чизе, ки медид, мисли кудак ба падар мегуфт. Ин рафтори ҷавон ба ин оила писанд намеомад. Вақте, ки аз суханҳои кудаконаи ӯ ин оила безор шуданд, аз падар пурсиданд. - Сабаб чист, ки писари шумо мисли кудакон рафтор мекунад? Падар пас аз чанд лаҳзаи хомушӣ гуфт, ки ин фарзандам 25-сола аст, 25 сол инҷониб дар торики зиндагӣ мекард (яъне нобино буд). Муддати 10 руз ҳаст, ки чашми ӯ бино аст ва мо аз табобати чашми писара
Ҳикояи тамсилӣ №21

Ҳикояи тамсилӣ №21

Ҳикоя
Устоде ба талабагон коғазеро, ки ба он нуқтае гузошта шуда буд, нишон дод ва гуфт: "Чиро мебинед?" Якумин гуфт: - Ман нуқтаеро мебинам. Дуюмин гуфт: - Ман нуқтаи сиёҳеро мебинам. Ҳамин тавр, ҳамаи талабаҳо ҷавоб доданд, ки мо нуқтаро мебинем. Пас устод гуфт: - Чаро ягон нафари шумо коғази сафедро надид ба ғайр аз як нуктаи сиёҳ. ХУЛОСА: Инсон бояд ба касе ё чизе бо дили сафед нигоҳ кунад, на бо дили сиёҳ. Агар инсонҳо танҳо хатогии якдигарро надида, корҳои неки якдигарро низ бубинанд, дар байни онҳо на ҷанҷол ба миён меояду на хархаша.
Ҳикояи тамсилӣ №20

Ҳикояи тамсилӣ №20

Ҳикоя
Шогирде ба назди устодаш омад ва гуфт: - Устод ман барои он, ки соҳиби чизе шавам, бисёр хондам, саъй намудам, аммо бенатиҷа. Устод гуфт: - Тасаввур кун, ки аз ошхона ду дона сабзӣ гирифтӣ. Гуфт: Тасаввур кардам. Устод гуфт: - Акнун тасаввур кун, ки ду дона тухм ва як қошуқ қаҳва гирифтӣ. Шогирд гуфт: - Тасаввур кардам. Устод гуфт: - Тасаввур кун, ки ҳамаи онҳоро дар об ҷушондӣ. Азбаски шогирд доно буд, ҳикмати ин ҳикояро фаҳмид ва ба устодаш гуфт: - Дар аввал ҳамаи ин чизҳо маззае надоштанд, аммо дар охир ҳамаи онҳо мулоим ва бомаза гаштанд.
Ҳикояи тамсилӣ №19

Ҳикояи тамсилӣ №19

Ҳикоя
Устоде вориди синфхона мешавад, ки дар даст зарфи шишагӣ дошт. Он зарф лабрези об буд. Устод аз шогирдон пурсон шуд, ки агар ин зарфро як соат дар даст нигоҳ дорам, чӣ хоҳад шуд. Шогирде қайд кард, ки даст дард хохад кард. Омузгор гуфт, ки агар зарфро то нисфирузӣ нигоҳ дорам, баъд чӣ мешавад. Шогирди дигар гуфт, ки даст то оринҷ дард хоҳад кард. Агар онро то бегоҳ нигоҳ дорам, пас чӣ ҳол пеш мешавад. Гуфтанд, ки даст то китф дард хоҳад кард. Шогирде, ки бо хаёли худ буд, ба устод гуфт, ки ҳамон зарфро руйи миз гузоред, на дард бошад, на чизи дигар. Ҳикмати ҳикоя - ғам, нигаронӣ ва руҳафтодагиро дар ниҳод нигоҳ доштан танҳо шахсро азият медиҳад, на чизи дигар.
Ҳикояи тамсилӣ №18

Ҳикояи тамсилӣ №18

Ҳикоя
Марде дар ширкати сохтмоние кор мекарду хонаи истиқоматӣ надошт. Вақте, ки пиронсол шуд хост, ки ба нафақа барояд ва аз роҳбари корхона дархост кард, ки ман мехоҳам ба нафақа бароям. Роҳбари корхона гуфт: Ба нафақа ҷавоб медиҳам агар хонаи охиринро бино намоӣ. Мард хурсандона қабул кард ва хонаро ба сохтан шуруъ карду бо тези саросемавор хонаро ба итмом расонд ва азбаски хело саросема буд, хона бисёр бесифат анҷом ёфт. Баъдан баъди чанд вақт роҳбари корхона ба назди хона омад ва бо табассум ба мард гуфт: Барои он, ки ту як умр дар ширкати мо хизмат кардӣ, мо тасмим гирифтем, ки ин хонаи худат бино кардагиро туҳфа намоем. Роҳбари корхона калиди хонаро ба мард супорид. Мард афсус хурда ва ба худ гуфт: Чаро хонаи тамоми умрамро, ки дар ин ҷо мегузаронам бесифат ва безеб бунёд кардам, ӯ хел
Ҳикояи тамсилӣ №17

Ҳикояи тамсилӣ №17

Ҳикоя
Шахсе баҳри иҷрои кори муҳиме ба хиёбони шаҳр баромад, дид, ки дар канори роҳрав нобиное ором нишаставу дар наздаш қуттие гузоштааст ва дар қуттӣ навиштаҷоти "МАН НОБИНОЯМ, БАРОЯМ КУМАК КУНЕД" сабт ёфтааст, дар қуттии гадоёна танҳо як танга буду халос. Он нафари раҳгузар қуттиро гирифту ба тарафи дигари он куттӣ чизе навишта, ба ҷояш гузошта рафт. Пас чанд соат, ҳангоми бозгашт ба хона чашмаш ба қуттии гадоёнаи нобино афтод, ки он аз тангаҳо пур шуда буд. Ҳамчунин беихтиёр чашмонаш ба навиштаҷоти худаш навишта афтод, ки ин гуна буд: "ҲОЛО ФАСЛИ БАҲОРИ НОЗАНИН АСТ, ВАЛЕ МАН ИН ЗЕБОИҲОРО ДИДА НАМЕТАВОНАМ". Ҳикмати ҳикоят - тавре амал намо, ки дигарон туро фаҳманд, дар он сурат бештар муваффақ мешавӣ.

Ҳикояи тамсилӣ №16

Ҳикоя
Як ҷавонмарде назди хирадманд меояд, ба амалҳои норавои худ иқрор мешавад ва мегуяд: - Ман дар назди одамон туро ғайбат кардам. Аз ту бахшиш пурсидан мехоҳам. Хирадманд тасмим мегирад, ки ба он ҷавонмард роҳи ростро нишон диҳад. Аз ҳамин сабаб, ба ӯ мефармояд: - Ба хонаат рав, парҳои болинатро бигир, ба болои бино баромада, онро ҳаво деҳ ва баъд назди ман биё. Ҷавон ба хонааш меравад, корҳои фармудаи хирадмандро иҷро мекунад ва баъд ба назди ӯ меояд. Ин навбат хирадманд мефармояд, ки акнун рафта, ҳамаи парҳои ҳавододаашро ҷамъ карда биёяд. Ҷавон ҳайрон мешавад ва каме ба фикр фуру меравад: -Акнун ман чӣ тавр ҳамаи онҳоро ҷамъ мекунам? Охир, он ҳама пароканда аст: яке дар як кунҷи шаҳр, дуюмин дар кунҷи дигар, сеюмин дар шохи дарахт ниҳон аст ва ғайра. Хирадманд ин ҳолати ҷавонро дарк

Ҳикояи тамсилӣ №15

Ҳикоя
Як писарбачае тақрибан 7-8 сола ба тарабхона меояд. Пешхизмат назди ӯ ҳозир мешавад. Писарак аз ӯ мепурсад: - Яхмоси шоколадӣ доред? - Албатта. - Чанд сомонӣ? - 5 сомонӣ. Писарак пулашро аз кисааш мегирад, мешуморад ва мепурсад: - Яхмоси арзонтар доред? Пешхизмат ҷавоб медиҳад: - Ҳа, яхмоси 2,5-сомона низ дорем. Вақте, ки писарак пули худро аз нав мешумурд, пешхизмат ба ӯ бо нигоҳи сард менигарист, зеро ӯро дар мизи дигар мизоҷон интизор буданд. Дар охир, писарак ба гирифтани яхмоси 2,5-сомона розӣ мешавад. Пешхизмат яхмосро меорад, ба руйи миз мегузорад ва тез аз назди ӯ меравад. Писарбача яхмосро мехурад, пулашро ба хазина месупорад ва меравад. Баъд аз рафтани ӯ пешхизмат барои тоза кардани мизи ӯ меояд ва дар ҳайрат мемонад, зеро дар назди қуттии яхмос - 2,5 сомонӣ чойпулӣ (чаевые)

Ҳикояи тамсилӣ №14

Ҳикоя
Тоҷире ба хотири тиҷорати худ ба Африка меояд, як марди африкоӣ барояш харидани санги қимматбаҳое, ки мисли зардии тухм ҳаҷм дошт, пешниҳод мекунад. Тоҷир он санги гаронарзиш - алмосро бо қимати нисбатан арзон мехарад. Чун аз сафар ба ватан баргашт, назди заргар рафт, то арзиши аслии алмосро муайян кунад. Заргар бо минокл муоина намуд, гуфт, ки ин алмос аз мобайнаш мӯй барин рах дорад, яъне шикастааст, ки бо чашм намебинед. Агар ин гуна нуқс намедошт, қимати баландро соҳиб буд. Заргар ҳамчунин афзуд, ки ин алмосро заргари бомаҳорат аз ҷойи рахи шикастааш ба ду тақсим карда тавонад, дар он сурат ду ашёи гаронбаҳои ороишӣ тайёр намудан мумкин аст ва ба ин роҳ арзиши аслиаш барқарор мегардад. Аммо худ иҷрояшро бар уҳда нагирифт. Ҳамин тавр, тоҷир ба ҳар шаҳр ва ё давлате мерафт, он ҷо зар

Ҳикояи тамсилӣ №13

Ҳикоя
Рӯзе ду дуст бо ҳам суҳбат мекарданд ва ногоҳ яке дигариро ба рӯяш зад. Дусташ бошад, аз ин ғамгин нашуд ва ба соҳили баҳре, ки ба он ҷо наздик буд, равон шуд. Ҷавон ба реги соҳили баҳр воқеаи рухдодаро навишт. Баъд аз чанд руз дусти ҷабрдида ба ҳолати ногувор меафтад ва дусташ ба ӯ ёрӣ медиҳад. Ӯ боз ба соҳили баҳр меояд ва ёрии дусташро ба руйи санг менависад. Шоҳиди ин воқеаҳо дар ҳайрат мемонад ва аз ҷавон сабаб мепурсад. Ҷавон ҷавоб медиҳад: Вақте, ки дуст туро ғамгин мекунад, ту бояд инро ба зудӣ фаромуш кунӣ, яъне мисол: Чӣ тавре, ки оби баҳр руйи регро шуста, навиштаҳои онро тез аз байн мебарад. Агар дуст ба ту ёрӣ диҳад, ту бояд ҳеҷ гоҳ онро фаромуш накунӣ, яъне мисол: Чӣ тавре, ки навиштаҷоти руйи санг тоза намешавад.