Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Пирамарди хирадманд

Чун иттифоқи баде ба сарамон меояд, на ҳамеша бад аст, шояд ҳикмате пушти он нуҳуфта бошад. Банда бояд дар ҳама вақт некбин бошад, шояд Худо барои мо чизеро мехоҳад, ки фаҳми мо аз дарки он оҷиз аст. Беҳтарин намунае аз
Чун иттифоқи баде ба сарамон меояд, на ҳамеша бад аст, шояд ҳикмате пушти он нуҳуфта бошад. Банда бояд дар ҳама вақт некбин бошад, шояд Худо барои мо чизеро мехоҳад, ки фаҳми мо аз дарки он оҷиз аст. Беҳтарин намунае аз ин гуфторро дар ҳодисаи зер бубинем.
Пирамарде, ки дар зиндагӣ як писар ва аз дороии дунё танҳо як асп дошт, бинобар нодорӣ ва ба андешаи мардум камхирадияш, дар деҳааш касе ба ӯ таваҷҷуҳе намекард. Рӯзе аспи пирамард аз деҳа фирор намуда ба тарафи ҷангал рафту ғайб зад.

Ҳамсоягон ба наздаш омаданду барои дилдорӣ ба ӯ мегуфтанд: шунидем иттифоқи баде рух додааст, хубтараш худро парешон насозӣ.
Пирамард гуфт: шумо аз куҷо медонед ин иттифоқи баде аст? Шояд чизи хубе бошад. Ҳамсоягон аз суханони ин пирамарди нодор дар тааҷҷуб афтода баргаштанд.
Аз хӯшбахтии ин пирамард танҳо пас аз чанд рӯзе асп бо ду аспи ваҳшӣ ба деҳа баргашт ва ҳама аз ин моҷаро дар тааҷҷуб афтоданд. Ҳамсоягон боз ба назди пирамард омада гуфтанд: иттифоқи хубе ба сарат омадааст ва шуморо табрик мекунем. Пирамард ба онҳо гуфт: шумо аз куҷо медонед ин иттифоқи хубе аст, шояд бад бошад, боз ҳам аз ин суханони пирамард дар тааҷҷуб афтоданд. Чанд рӯзе нагузашта буд, ки писари ҷавони пирамард дар яке аз он аспҳои ваҳшӣ савор шуда асп ӯро ба замин партофта пояш шикаст. Ҳамдеҳотиён боз ба барои дилдорӣ ба назди пирамард омаданд ва гуфтанд, ки барои ин иттифоқи бад ба ту ҳамдардӣ мекунем.
Пирамард гуфт: шумо аз куҷо медонед, ки ин иттифоқи баде аст? Шояд чизи хубе бошад. Мардум пирамардро барои ин суханонаш масхара карда мегуфтанд ин як девона будааст.
Пас аз муддате бо фармони волӣ ва ё ҳукумати он замон барои ҷанг бо душман ҳама ҷавононро иҷборан ба ҷабҳаи ҷангӣ бурданд. Писари пирамардро барои шикастагии пояш раҳо карданд.
Пирамард ба назди ҳамдеҳотиёнаш рафту гуфт: дар ёдатон аст чӣ қадар маро масхара мекардед ва маро девона мегуфтед? Ҳоло бубинед, ки писарони шумо вориди ҷанг шуда шояд дигар ҳам бознагарданд, вале писари ман танҳо барои шикастагии пояш бо ман истодааст. Акнун бигӯед, ки шикастапо беҳтар аст ё дигар аз ҷанг барнагаштан?
Ҳамдеҳотиён аз суханонашон пушаймон шуда пирамардо хирадманд гуфтанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.