Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Рассказы

Рассказы

Чарохат

Рассказы
Замоне ҷавони бадхӯе зиндагӣ мекард. Рӯзе падараш ба ӯ халтае пур аз мех ва тахтае дод ва ба ӯ гӯфт: -Ҳар вақте, ки бо ягон рафиқат муноқиша кардӣ ба ин тахта мехеро насб кун. Ҷавон дар рӯзи аввал ба тахта 37 мех зад, вале дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои дигар кӯшиш мекард то ба тахта мехҳои камтар занад. Ниҳоят вақте омад, ки акнун ба тахта ҳеҷ мех намезад ва ин ҳолатро ба падараш омада хабар дод. Падар писарро боз назди ҳамон тахта овард ва гуфт: -Акнун аз ин рӯз сар карда барои ҳар рӯзе, ки бо рафиқонат муноқиша намекунӣ аз ин тахта мехеро баркан. Рӯзҳо паси сар мешуданд ва рӯзе омад, ки акнун дар болои тахта ягон мех намонда буд. Падар ба писараш гуфт: -Офарин, бисёр мувффақияти калон нишон додӣ, вале ба болои тахта бо диққат назар кун. Ин тахтаи суфта ва бенуқси пештара нест. Болои тахта пур аз

Шикорчи

Рассказы
Дар як замоне як шикорчии хубе буд. Шикорашро бисёр хуб нишон мегирифт. Дар як рӯзи тафсони тобистон дар ҷангал шикор менамуд. Тирҳояшро дар пушташ монда буд. Дар ин вақт, дар он тарафи дарё як хирсеро дид. Шикорчӣ тирашро омода карда аз купрук гузаштани хирсро интизор шуд. Дар он вақт хирси хурде низ ба назди купрук омад. Шикорчӣ худ ба худ: "Купрук хеле борик аст, ҳардуяшон дар як вақт гузашта наметавонанд. Ҳозир ҳардуяшон ҷанҷол мекунанд. Ин хирси калон, хирси хурдиро мезанад"- гуфта фикр карда, ба онҳо наздик шуд. Хирсҳо рӯ ба рӯ омаданд. Бо забони худ чизе гуфтанд. Шикорчӣ ҷанг мекунанд, гуфта интизор шуд. Он чист! Хирси калонӣ нишаста хирси хурдиро дар пушташ гирифта, бо ин тарз купруки борикро якҷоя гузаштанд. Шикорчӣ ба ин ҳолат хеле ҳайрон шуда монд. Худ ба худ "Ҳайвонҳо ҳам кӯм

Писари гумгашта

Рассказы
Ҷавоне, ки солҳо боз ба сафар баромада буд ва хабаре аз ӯ набуд, модараш ҳамеша дар хона нишаста дуо мекард, то солим ба хона баргардад. Ин зан ҳар рӯз барои аъзои хонаводааш нон мепухт ва як нони изофӣ ҳам ба номи писараш мепухт ва онро пушти дар мегузошт, то роҳгузар ё мусофири гуруснае онро гирифта бихӯрад. Ҳар рӯз марди кӯзапуште аз он ҷо мегузашт ва он нонро гирифта, ба ҷои он ки сипосгузорӣ кунад, мегуфт: "Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба шумо боз мегардад". Чун ин марди роҳгузари кӯзапушт ҳар рӯз ин суханашро такрор мекард, зан норохат шуда ба худ гуфт: Ин мард на танҳо ташаккур намекунад, балки ҳар рӯз ин суханашро такрор мекунад, намедонам мақсадаш чист? Як рӯз зан, ки аз шунидани ин суханон бисёр нороҳат шуда буд ба худ гуфт ман бояд ко

Як руз аз кор барвакттар биёед

Рассказы
Рӯзе баъди шом ба хона омадам. Духтарчаи чор солаам маро пешвоз гирифта, пурсид: -Падарҷон, Шумо дар як рӯзи кориатон чӣ қадар маблағ мегиред? Ман, ки аз кор монда шуда омада будам, асабӣ шуда ба ӯ гуфтам: -Корат чӣ? -Не, ҳамту пурсидам падарҷон. -Хайр бахшиш каме мондаам барои ҳамин зуд асабӣ шудам, дар як рӯзи кориам ман - 100 сомонӣ маблағ мегирам - ҷавоб додам. Боз духтарчаам аз ман пурсид: -Падарҷон ба ман 60 сомонӣ намедиҳед? Аз ин суханаш боз асабӣ шуда ба сараш баланд дод зада гуфтам: -Ҳар чизе, ки хостаи ба ту харида додаам, боз пулро чӣ кор мекунӣ? Рав, зуд хоб кун. Духтарчаам сар хам карда хапу хомӯш ба утоқи худаш даромад. Ба хона даромадам ва баъди 20 дақиқа, ки ором шудам, фикр кардам, ки мумкин ба ӯ ягон чизи дигар лозим аст, шояд беҳуда ба сараш баланд овоз баровардам. Хайр

Подшох ва вазир

Рассказы
Рӯзе подшоҳе барои пӯст кандани мева корди тезе талаб кард, аммо дар вақти буридани мева ангӯшташро бурид, вазир, ки дар онҷо буд гуфт: Нигарон набошед тамоми чизҳое, ки рух медиҳад дар ҷиҳати хайр ва салоҳи шумост. Подшоҳ аз ин сухани вазир барошӯфт ва аз рафтори ӯ дар баробари ин иттифоқ озурдахотир шуд ва дастури зиндонӣ кардани вазирро дод. Чанд рӯз баъд подшоҳ бо мулозимонаш барои шикор ба наздикии ҷангале рафтанд. Подшоҳ, дар ҳоле, ки машғули аспсаворӣ роҳро гум кард ва вориди ҷангали анбӯҳе шуд ва аз мулозимони худ дур афтод. Дар ҳоле, ки подшоҳ ба дунболи роҳи бозгашт буд ба маҳали сукунати қабилае расид, ки мардуми он дар ҳоли омодагии маросими қурбонӣ барои худоёнашон буданд, замоне ки мардум подшоҳи хушсиморо диданд хушҳол шуданд, зеро тасаввур карданд вай беҳтарин қурбонӣ барои

Саховати Хотами Той

Рассказы
Шунидам, ки Ҳотами Той аспе дошт бодпо. Субҳгоҳ ҳамин, ки бо шитоб роҳ мерафт, мисли раъд бонг мезад, шиҳа мекашид ва дар суръати рафтор бар тундар пешӣ мегирифт. Дар мусобақаҳо дар кӯҳу дашт бо рехтани арақи мисли ҷола ончунон медавид, ки ту гумон мекардӣ абри найсон гузар дорад. Аҷаб селрафтор ва саҳронавард буд, ки бод ҳам мисли гард аз вай ақиб мемонд ва изҳори аҷзу нотавонӣ мекард. Ҳамон гуна ки маълум аст, васфу таърифи Ҳотам дар саховат забонзади хоссу ом шуда ва то гӯши султони Рум расида буд. Мегуфтанд, ки дар караму бахшиш мардеро ҳамтои ӯ намешавад пайдо кард ва аспаш низ дар тезравӣ ҳамтое надорад, ки ҳеҷ аспе ба гарди пойи вай наметавонад бирасад. Аспи ӯ биёбоннавард аст ва дар об мисли киштӣ аст ва агар сайр кунад аз болои вай уқоб ҳам наметавонад парвоз кунад. Султони Рум ба

Гурухи 99

Рассказы
Яке аз подшоҳон, ки ҳукумфармои яке аз кишварҳои бузург буд, боз ҳам аз дороӣ ва зиндагии худ он қадар хуш ва розӣ набуд ва худи ӯ ҳам намедонист иллат дар чист. Боре дар қаср ва кохҳояш қадам мезад ва аз назди ошпазхонае гузашт, ки ногаҳон садои таронае ба гӯшаш расид. Подшоҳ худашро ба он садо наздик кард ва дид, ки як ошпазе замзама мекунад ва тарона мехонад ва дар чеҳрааш шодию хурсандӣ ва нишонаи саодат дида мешавад. Подшоҳ бисёр бо тааҷҷуб аз ошпаз пурсид: Чаро ин қадар шоду хурсанд ҳастӣ? Ошпаз дар посух гуфт: подшоҳам, ман танҳо як ошпаз дар ин қаср ҳастам, ҳамеша мекӯшам ҳамсар ва фарзандонам аз ман хурсанд бошанд, мо барои худ хонае аз чубу бурё сохтаем ва ба қадри кофӣ пушок ва хурданӣ ҳам дорем, чаро хушҳол набошам. Вақте подшоҳ аз як ошпаз чунин суханҳоро шунид нахуствазирашро

Сабзи, тухм ва кахва

Рассказы
Боре як духтараки ҷавон ба назди падари худ омада, шикояткуниро оғоз кард: -Падар, ман хаста шудам, хаёти ман чунон душвор аст, мушкилиҳои зиёде дорам, ман доимо муқобили ҷараён шино мекунам, дигар қувват надорам… чӣ кор кунам? Падар дар ҷавоб табассум кард ва ба ҷои посух ба савол се зарфи обдорро ба болои оташ гузошт. Ба даруни як зарф сабзӣ, ба дуюмӣ тухм, ба зарфи сеюм бошад каҳва андохт. Пас аз чанд муддат ӯ сабзӣ ва тухмро аз об берун гирифт, каҳваро бошад ба даруни пиёла рехт. -Чӣ тағйир ёфт? - пурсид ӯ аз духтараш. -Тухм ва сабзӣ дар об ҷӯшида пухтанд, каҳва бошад дар об ҳал шуд - ҷавоб дод духтар. -Не духтарам, ин танҳо назари сарсари ба чизҳост. Нигоҳ кун - сабзии сахт дар даруни оби ҷӯш мулоим ва фарсуда шуд. Тухми зудшикан, ки дохилаш маҳлул буд, сахт шуд. Онҳо зоҳиран тағйир н

Шамъ, мухаббати модар

Рассказы
Боре ба назди модар фарзандонаш бо суоле омаданд. Онҳо байни худ баҳс мекарданд ва ҳар яке мехост дурустии худро исбот кунад, яъне киро модар бештар дӯст медорад? Модар хомӯшона шамъеро гирифт, онро афрӯхт ва гуфт: -Ин шамъ - ман ҳастам! Оташи он - муҳаббати ман! Паз аз он як шамъи дигареро бо оташи шамъи худ даргиронд. -Ин фарзанди нахустини ман аст, ман ба ӯ оташи худро, муҳаббати худро додам. Магар аз ин оташи шамъи ман кам шуд? Оташи шамъи ман чӣ хеле буд, ҳамон хел монд. Ҳамин тавр ӯ чанд фарзанде ки дошт, ҳамон микдор шамъ афрӯхт. Оташи шамъи ӯ бошад ҳамоно бузург ва гарм боқӣ монд…

Устод ва шогирд

Рассказы
-Ту хеле оқилӣ. Доимо табъи ту хуш аст, ҳеҷ гоҳ оташин намешавӣ. Ба ман ҳам кӯмак кун, то ин ки монанди ту шавам, - хоҳиш кард шогирд аз устодаш. Устод розӣ шуд ва ба шогирдаш гуфт, ки як картошка ва як халта биёрад. -Агар ту аз касе хашмгин шавӣ ва нисбати ӯ хафагиву ранҷишро дар дилат ҷой кунӣ, - гуфт устод, - он гоҳ ин картошкаро гир. Дар як тарафаш номи худатро, дар тарафи дигараш бошад, номи он одамеро, ки байни туву ӯ низоъ сар зад, навис ва картошкаро ба даруни халта гузор. -Фақат ҳамин қадар кор? - пурсид шогирд бо тааҷуб. -Не, - посух дод устод. Ту бояд ин халтаро доимо бо худ гирифта гардӣ. Ҳар вақте, ки аз касе ранҷидӣ, ба даруни он як картошкаи дигарро илова кун. Шогирд розӣ шуд. Аз байн чанд вақт гузашт. Халтаи шогирд боз бо чанд картошкаи дигар пур шуд ва хеле вазнин ҳам