Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ахборот ва гурухбандии маълумоти омори. Ҷадвалҳои оморӣ.

Коркарди илман ташкилкардашудаи маълумоти мушоҳидаи оморӣ (аз рӯи барномаи пешакӣ коркардашуда), ки дар худ ба системадарорӣ, гурӯҳбандии маълумоти оморӣ, тартиб додани ҷадвалҳо, ҷамъбасткунӣ ва нишондиҳандаҳои хосилавиро дарбар мегирад чамъбасти омори номида мешавад.1.Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҷамъ кардашуда ба коркарди муайян эҳтиёҷ дорад.
Коркарди илман ташкилкардашудаи маълумоти мушоҳидаи оморӣ (аз рӯи барномаи пешакӣ коркардашуда), ки дар худ ба системадарорӣ, гурӯҳбандии маълумоти оморӣ, тартиб додани ҷадвалҳо, ҷамъбасткунӣ ва нишондиҳандаҳои хосилавиро дарбар мегирад чамъбасти омори номида мешавад.
Дар ҷараёни ҷамъоварӣ маълумоти батартиб овардашударо, аз рӯи аломат ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд, ки ҳамаи ин амалиёт бо ёрии гурӯҳбандӣ ба амал меояд.
Гурӯҳбандӣ гуфта, чунин усулеро меноманд, ки ҳодисаи омӯхташаванда, аз рӯи аломатҳои махсус, ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шуда, барои ҳар як қисм нишондиҳандаҳои лозимӣ нишон дода мешаванд, ки ҳар яки он аз рӯи мазмун ва мундариҷаи иқтисодӣ ягон функсияро иҷро мекунанд.
Вазифаҳои асосие, ки бо ёрии гурӯҳбандӣ ҳал мешаванд зеринанд:
– ҷудокунии шаклҳои ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии мавҷудбуда (гурӯҳбандӣ намудани ҳодисаҳо аз рӯи шакл ва мазмун);
– омӯзиши таркибӣ ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ (гурӯҳбандии ҷузъҳои алоҳидаи ҳодисаҳо);
– муайянкунии алоқамандии байни ҳодисаҳо (гурӯҳбандии алоқамандии ҳодисаҳо).
Ҳамаи маълумотои омориро тафтиш ва назорат карда мешаванд.
Тафтиш ду хел мешавад:
1.Тафтиши мантиқи.
2.Тафтиши арифметики.
Тафтиши мантиқи – муқоиса намудани саволу ҷавоб ҳои гузошташуда ва аниқ намудани мувофиқати он ҳо.
Тафтиши арифметики – санҷиши ҷамбаст ҳои арифметики ва бузурги ҳои миёна.
Пас аз тафтиши малумот ҳои ҷамъгардида мар ҳилаи нишонагузори ощоз мегардад. Ба ҳар варақаи додашуда нишона аксаран рақам ё ҳарф гузошта мешавад. Пас аз нишонагузори малумотои ҷамъбастии омори коркарди дасти ё ба механики дучор меояд. Гурӯ ҳбанди дар омор нақшаи хеле му ҳимро мебозад.
2.Гурубанди аз руи аломат ду хел мешавад:
1.Теъдодӣ;
2.Сифатӣ.
Аломати теъдод – ифодашавии аломат бо воситаи адад ( теъдоди донишҷӯён, ҳаҷмии гардиши мол).
Аломати сифати – бо воситаи сифат ифода меёбад ( сифати мол- олӣ, миёна;маълумот – олӣ , миёна, нопурра).
Ҷадвалҳои оморӣ воситаи ифодаи аёнии натиҷаҳои тадқиқот мебошанд. Натиҷаи гурӯҳбандиро дар ҷадвали оморӣ пешниҳод мекунанд. Ҷадвалҳои оморӣ барои дар шакли умумӣ, кушоду равшан нишон додани маълумоти оморӣ истифода бурда мешавад. Ҳар як ҷадвали оморӣ шакли дурусту равшан баён намудани маълумоти оморӣ, ҳодисаҳо ва ҷараёнҳоро ифода мекунад. Ҷадвалҳои омориро аввалин маротиба олими рус Н.Н.Крилов дар асри XVIII истифода намудааст.
Намуди зоҳирии ҷадвали оморӣ ин натиҷаи буриши якчанд хатҳои уфуқӣ (горизонталӣ) ва хатҳои амудӣ (вертикалӣ) мебошад. Агар аз ҷадвали оморӣ рақаму калимаҳоро хориҷ намоем ҷадвали хатдор боқӣ мемонад. Хатҳои амудии ҷадвал сутун (графа) ва хатҳои уфуқиаш сатр (строка) номида мешаванд. Агар ба сутунҳо ва сатрҳо сарлавҳа гузорем амсилаи (макет) ҷадвал пайдо мешавад.

Хабар

Мубтадо

Сарлавҳаи сутунҳо

1

2

3

4

5

6

Гурӯҳи воҳидҳои маҷмӯъ

Таркиби амсилаи ҷадвал самти асосии коркарди маълумоти оморӣ мебошад. Барои он ки ҷадвали мо пурра шавад ба мо фақат лозим меояд, ки дар ҳар як сутуну сатр маълумоти омории ҷамъовари шударо дохил намоем. Ҷадвали оморӣ ба монанди ҷумлаи граматикӣ мубтадо ва хабар дорад.
Мубатадои ҷадвал ин руйхати воҳидҳои маҷмӯъ ё гурӯҳ, яъне объекти омӯхташаванда мебошад.
Хабари ҷадвал маълумоти рақамие мебошад, ки мубтадоро тавсиф медиҳад. Одатан мубтадо дар қисми чаппи ҷадвал (ба намуди сатрҳо) ва хабар бошад дар қисми рости ҷадвал (ба намуди сутунҳо) нишон дода мешавад.
Аз рӯи сохти мубтадо намудҳои зерини ҷадвалҳои оморӣ истифода бурда мешаванд: Содда, гурӯҳӣ, мураккаб.
1). Ҷадвали оморие, ки дар мубтадояш гурӯҳбандӣ нест, ҷадвали содда номида мешавад.
2). Ҷадвалҳои гурӯҳӣ ҷадвалеанд, ки дар мубтадояш объекти омӯхташаванда аз рӯи ягон аломат ба гурӯҳҳо тақсим карда шудааст.
3). Ҷадвалҳои мураккаб (комбинаӣионнқй) чунин ҷадвалҳое мебошанд, ки дар мубтадояшон гурӯҳбандии воҳидҳои маҷмӯъ аз рӯи ду ва ё зиёда гузаронида мешавад.
3.Талабот ҳо барои сохтани ҷадвал ҳои омори зеринанд:
1.Ҷадвал аз руи имконият андозааш бояд на он кадар калон сохта шавад ва қобили мушо ҳида бошад;
2. Ҳар як ҷадвал бояд сарлав ҳаи муфассал дошта бошад, ки мухтасар мазмуни аломатро ( ҳодисаро) нишон ди ҳад.
3. Ҳамаи калима ҳои сарлав ҳа мубтадо ва хабар ба қадри имкон пурра ва фа ҳмо навишта шавад;
4. Ҳар ба як сутуни сатри ҷадвал рақам гузоштан лозим аст, ки истифодабарии ҷадвал осон мешавад.

Саволҳои санҷишӣ

Ҷамъбасти оморӣ чӣ гуна ҷараён мебошад ва аз рӯи кадом амалиётҳо ба амал меояд?
Гурӯҳбандӣ чӣ хел усул мебошад?
Гурӯҳбандӣ чиро меомӯзад?
Вазифаҳои асосӣ ва категорияҳои гурӯҳбандиро номбар кунед?
Намудҳои гурӯҳбандиро номбар кунед?
Мафҳумҳои намудҳои гурӯҳбандиро гуйед ва дар мисолҳо нишон диҳед?
Вобаста аз миқдори аломатҳо намудҳои гурӯҳбандиро номбар кунед?
Ҳар як намуди гурӯҳбандиро шарҳ диҳед?
Ҷадвали оморӣ чӣ гуна восита аст ва барои чӣ истифода бурда мешавад?
Ҷадвали оморӣ ба монади ҷумлаи грамматикӣ чиро дар бар мегирад?
Ҷадвали оморӣ аз рӯи сохти мубтадо ва хабар чанд намуд мешавад?
Доир ба намудҳои ҷадвали оморӣ маълумот диҳед оред?
Қоидаҳои тартибдиҳии ҷадвалҳои омориро гӯйед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.