Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Маълумот оиди фаолияти саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар 9 моҳи соли 2015

Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар 9 моҳи соли соли 2015 ба маблағи 1494,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2014 -141,4%-ро ташкил медиҳадКорхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар 9 моҳи соли соли 2015 ба маблағи 1494,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2014 -141,4%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли гузашта +3819,6 ҳаз.сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 18,0 % маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуданд. Дар ҳамин давраи соли 2014, ин нишондод 13,7 %-ро ташкил мекард. Корхонаҳои соҳа дар ин давра; • тилло- 143,6% нисбати соли 2014 • нуқра- 145,3% нисбати соли 2014 • хокаи сурма- 21153,6 тн.ё ин,ки 1664,9 тн зиёд • хокаи сурб – 41565,6 тн. ё ин,ки 5697,7 тн зиёд • хокаи руҳ – 70773,4 тн. ё ин,ки 8066,8 тн зиёд • хокаи мис – 4740,7 тн.ё ин, ки 1141,8 тн зиёд нисбати соли 2014 истеҳсол намуданд. Дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар 9-моҳи соли 2015- 1440,3 млн. сомонӣ ва аз он, ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 992,8 ҳаз. сомонӣ, ё 103,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар корхонаҳои маъданҳои куҳи дар 9-моҳи соли 2015 Дар ин давра ҶДММ «Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ «Зарафшон», ҶДММ КМ «Апрелевка», Артели заршуии «Одина», ҶДММ КМ ТА «Анзоб», Корхонаи махсуси давлатии қазонии «Тиллои Тоҷик»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ганҷ» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли 2014 барзиёд иҷро намуданд. Шумораи кормандони соҳаи саноати маъдани куҳӣ 9535 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли 2014 шумораи кормандон +1049 нафар зиёдтар мебошад. Музди миёнаи кормандони соҳа 1315 сомониро ташкил мекунад. Барои рушду равнақи соҳа дар ин давра сармояи хориҷӣ ба маблағи 483,2 млн.сомонӣ (78,1 млн. доллари ИМА) ҷалб карда шуд. Маблағҳои сармоявӣ ба ҶДММ «Пакруд» -210,6 млн. сомонӣ (33,4 млн. доллари ИМА), ҶДММ «Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Хитой»-166,6 млн сомонӣ (27,8 млн. доллари ИМА), ҶДММ КМ «Зарафшон» 90,8 млн сомонӣ (14,5 млн. доллари ИМА) ва ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон майнинг инвесмент лимитед» 15,0 млн сомонӣ (2,4 млн. доллари ИМА) ҷалб карда шудааст. Бояд иброз намуд, ки дар ин давра 60,6% маҳсулоти истеҳсол кардаи корхонаҳои соҳа аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои заргарии ҷумҳурӣ харидорӣ карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки коҳиш ёфтани арзиши фулузоти қиматбаҳо ва ранга дар бозори ҷаҳонӣ барои зиёд намудани ҳаҷми содиротии корхонаҳои соҳа таъсири худро низ расонид. Дар тули 9 моҳи сипаригашта мутобиқи Нақшаи амал фаъолияти корхонаҳои нав дар даҳаи дуюми моҳи октябр, инчунин дар моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст. Роҷеъ ба рафти корҳои сохтмонӣ, банду басти хати технологӣ ва реҷаи технологӣ дар корхонаҳои соҳа ҳаминро бояд иброз намуд, ки айни замон хати технологӣ дар ҶДММ КМ «Зарафшон»ва ҶДММ Ширкати металлургии «Анзоб» мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин имкон дод, ки ҳаҷми тилло дар ҶДММ КМ «Зарафшон» ва истеҳсоли сурмаи металлӣ дар ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб» зиёд гардад. Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, байни ҶДММ КМ «Зарафшон» ва КВД «Коргоҳи машинасозӣ» шартномаи тарафайн дар санаи 03 июни соли 2015, барои истеҳсол намудани қисмҳои эҳтиётии дастгоҳу таҷҳизотҳои мошинолоти кӯҳӣ ба имзо расонида шуд. Айни замон намунаи қисмҳои эҳтиётӣ тариқи таҷрибавӣ истеҳсол шуда, ба корхона пешниҳод карда шудааст. Дар соли ҷорӣ маҳсулоти нав аз ҷониби ҶДММ Ширкати металлургии «Анзоб» ба роҳ монда шудааст. Бо ба кор даровардани кураи металлгудозӣ дар ҶДММ Ширкати металлургии «Анзоб» ҳаҷми сурмаи метали тамғаи СУ-0 ба 141тн расонида шуд. Дар ҶДММ «Пакрут» бошад, корҳои сохтмони васлу насби таҷҳизот ва хати технологӣ идома дорад. Оид ба рафти корҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхона ҷадвали корҳои сохтмонӣ ва банду басти хати технологӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат пешниҳод карда шудааст. Мутобиқи ҷадвали мазкур бо назардошти ҳал гардидани баъзе масъалаҳои истеҳсолӣ баистифодадиҳии фабрикаи бойгардонӣ дар моҳи ноябри соли 2015, ба нақша гирифта шудааст. саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо Раёсати саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҳамчун сохтори дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ фаъолият мебарад. Раёсат кори худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомномаи вазорат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки истифодабарии самараноки қаъри заминро ба танзим медароранд, ба роҳ мемонад. Рушди соҳа ба манбаи бузурги ашёи хом, қувваи арзони барқ ва талаботи рўзафзун ба металлҳои ранга дар тамоми ҷаҳон асос меёбад. Дар кишвар конҳои тиллою нуқра (Тарор, Ҷилав, Ёхсу, Сариоб, Банди Сариоб, Сари Ғор, Дулоби Сангоб, Навобод ва ғайра) қурғошиму руҳ (Конимансури шарқӣ, Зарнисор, Пайбулоқ), сурма (Ҷиҷиқрут, Пиндар, Кончоч, Чоре, Дуоба), волфрам (Майхура ва Такфон), қалъагӣ (Мушкистон) ва металлҳои нодиру пошхўрда ошкор гардидаанд. Соҳа дар маҷмўъ хусусияти содиротӣ дошта, ба таври назаррас ба динамикаи таркиби содирот таъсир мерасонад. Дар марҳилаи аввал солҳои 1991 – 1997 пастравии истеҳсолоти металлургияи ранга мушоҳида гардида, аз соли 1997 суръати барқароршавии он назар ба ҳамаи соҳаҳои саноат хеле афзуд. Қаъри замини ҷумҳурӣ дорои захираҳои хеле калони тилло ва нуқра буда, ин захираҳо бо гуногунии шароитҳои куҳию геологии ҷойгиршавии конҳо, гуногунии шаклҳои дарёфти тилло дар маъданҳо ва мушкилии ба даст овардани он хос мебошанд. Активи тиллои Тоҷикистонро 137 конҳо бо захираҳои баҳисобгирифтаи тиллои саноатӣ ва 127-то ғайри саноатӣ ташкил мекунад. Дар корхонаҳои куҳкорӣ то соли 2022 бо дарназардошти васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар самти коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ҷилодор, 17,5 баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар назар дошта шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот асосан аз ҳисоби барқарор кардани иқтидорҳои мавҷуда дар ҶДММ КМ «Зарафшон»,ҶДММ КМ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ ТА «Анзоб», ҶСП «ГОК Адрасмон», ҶСНК «Комбинати маъдантозакунии Такоб», Артелҳои заршуӣ ва дигар корхонаҳои нав сурат хоҳад гирифт. Стратегияи рушди соҳа бо такя ба Барномаҳои соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли умумии тиллоро то соли 2022 аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ нисбати соли 2012 бо афзоиши зиёда аз 7 маротиба ва нуқраро зиёда аз 5 маротиба пешбинӣ намудааст. Заминаи хуби сармоягузорӣ барои зиёд намудани истихроҷи тиллои маъданӣ аз ҳисоби амалӣ намудани лоиҳаҳои бузургӣ конҳои Тарор, Чоре, Пакрут ва ғайра шароит фароҳам меорад. Конҳои асосии маъданҳои тилло бо захираҳои тавозунӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ ҷойгиранд. Тавассути корҳои иктишофию геологии солҳои охир дар маъданҳои кони коркардшавандаи сурмаву симоби Ҷиҷикруд ҳаҷми калони маъдании тилло бо консентратсияҳои саноатӣ ошкор гардиданд. Конҳои хурд ва миёнаи тиллои пошхўрда аз сабаби нисбатан паст будани арзиши аслии коркард, барои соҳибкорӣ объектҳои хеле ҷалбкунанда маҳсуб меёбанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.