Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Предмет, метод ва вазифаҳои фанни омор.

Омор, илмӣ иқтисодӣ ҳисобида мешавад. Омор маълумоти рақамӣ буда, барои таснифӣи ягон соҳаи ҷамъиятӣ, ё ки тақсимоти ҳудудии ягон нишондиҳандаро ифода мекунад.1.Илми омор ба монанди дигар илмҳо, таърихи пайдоиши худро дорад. Ин илм ҳамсолу ҳамқадами таърихи тамаддун буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолият намудааст.Омор чанд зинаҳои инкишофро аз сар гузаронида ба илми алоҳидаву ҷудогона табдил ёфтааст.
Омор, илмӣ иқтисодӣ ҳисобида мешавад. Омор маълумоти рақамӣ буда, барои таснифӣи ягон соҳаи ҷамъиятӣ, ё ки тақсимоти ҳудудии ягон нишондиҳандаро ифода мекунад.
Калимаи « Статистика» аз калимаи лотинӣ(status – ҳолат) пайдо шудааст. Дар асрҳои миёна омор маънои ҳолати сиёсии давлатро дошт. Ба илм ин мафҳум дар асри 18 аз тарафи олими олмонӣ Готфрид Ахенвал дароварда шудааст. Калимаи «статистика» – ро барои тавсифи ҳодисаҳои гуногуни ҷамъиятӣ истифода мебаранд, ба монанди истеҳсоли хоҷагии қишлоқ ва саноат, тараққиёти савдо, маданият, болоравии таъминоти моддии аҳоли ва ғайра.
Баробари тараққиёбии илми омор бо васеъшавии соҳаи амалии корҳои амалӣ мазмуни мафҳуми «омор» ҳам тағир меёфт. Дар замони ҳозира мафҳуми «омор» бо 3 маънӣ кор фармуда мешавад:
1.Оморро ҳамчун соҳаи фаъолияти амалӣ, ки ба бадасторӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳои оммавӣ оид ба ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти равона карда шудааст, мефаҳманд.
2.Оморро маводи рақамӣ меноманд, ки он барои тавсифи ягон соҳаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ё тақсимоти ҳудудии ягон нишондиҳанда хизмат менамояд.
3.Омор ин соҳаи илм, фанни махсус ва мувофиқан фанни таълимӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус мебошад.
Фани омор – тадқиқоти ҳодисаҳои оммавии ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, тарафҳои миқдории ин ҳодисаҳоро бо алоқамандии маънои сифатии онҳо дар шароитҳои мушаххаси ҷой ва вақт меомӯзад.
Аҳмияти омӯзиши ин фан дар он аст, ки ҳар як мутахасиси соҳаи иқтисдиёт ё дигар соҳаҳо бояд ба миқдори зарури дорои саводи оморӣ бошад то тавонад дар асоси ҷамъоварӣ коркард ва таҳлили он оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти корхона чорабиниҳо пешниҳод намояд.
Дар бораи ҳамчун илм будани омор якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст:
– омор илме мебошад, ки маҷмӯи ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро ҳаматарафа меомӯзад;
– омор илмест, ки усулҳои тадқиқотиро барои дигар илҳо таҳия менамояд;
– омор илми ҷамъиятиест, ки дар натиҷаи тараққити муносибатҳои ҷамъияти, пешбарии фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ фақат дар асоси ҷой доштани ахборот ва маълумотҳои аниқи пешравии ҳаёти ҷамъияти амал менамояд.
Олимони ба тараққиёти омор саҳм гузошта:
1.Уилҳям Пети – асосгузори фанни омор.
2.Адолҳф Кетле – оморшинос аз Белгия.
3.К.Ф.Герман – оморшиноси рус. (Назарияи умумии омор).
4.В.И.Ленин – назарияи гуруҳбандӣ, мушоҳидаҳои оморӣ.

Тараққиёти илми омор ва васеъшавии соҳаи фаъолияти амалии он ба тағйирёбии мазмуну мафҳуми омор оварда расонид. Истилоҳи «омор» ё «оморшиноси» тарҷумаи истилоҳи «Статистика» мебошад, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷои калимаи «статистика» истифода бурда мешавад.
Истилоҳи «статистика» аз калимаи лотини «status» гирифта шуда маънояш ҳолат ва вазъият мебошад.
Бо мурури пешравии ҳаёти ҷамъияти ҷамъоварии маълумотҳо оиди ин ё он ҳодиса хусусияти қонуниро мегиранд. Масалан, қонуниятҳои миқдории дигаргуншавии истеҳсоли маҳсулот, истифодаи даромади милли, ба вуҷуд омадани фурўши мол, тағйир ёфтани таркиби он, тағйирёбии шумораи аҳолӣ, миқдори заминҳои хоҷагӣ ва ғ. Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон омор, илми иқтисодӣ ҳисобида мешавад. Сабаби асосии ин дар он аст, ки дар ҷамъият ҳодисаҳои иқтисодӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳо бештар вомехўранд.
Ба ғайр аз ин ҳодисаҳои ҷамъияти асос ва оқибатҳои иқтисодӣ доранд. Масалан, тадқиқотҳои олимон нишон дод, ки саломатии инсон 15% аз тарақиёти соҳаи тандурустӣ , 15% аз таъсири муҳити атроф ва 70 % аз сатҳи шароити иқтисодии зисти одамон вобаста аст.
Ҳамин тариқ, омор ҳамчун илм – ҷиҳатҳои миқдории ҳодисаҳои ҷамъиятиро дар алоқаманди бо ҷиҳатҳои сифатиашон меомўзад.
Аҳамияти омўзиши ин фан дар он аст, ки ҳар як мутахассиси минбаъдаи соҳаи иқтисодиёт ё дигар соҳаҳо бо миқдори зарури дорои саводи оморӣ бошад ва тавонад, ки дар асоси ҷамъовари намудани маълумот, коркарди онҳо ва таҳлил намудани онҳо, барои дар оянда беҳтар гардонидани фаъолияти кори корхона, чорабиниҳои беҳтаринро пешниҳод намояд.
2.Омор ба монанди дигар илмҳо фанни худро дорад. Омор фанни худро бо ёрии мафҳумҳои(категорияҳои) муайян, мафҳумҳое, ки хусусияти воқеъию умуми дошта, бо дигар фанҳо алоқаманданд ва инчунин объекти ҳодисаҳои ҷаҳониро нишон дода, меомўзад.
Дар омор чунин, мафҳумҳо панҷто мебошад
Мафҳумҳои фанни омор.

Маҷмўи оморӣ – ин маҷмўи объектҳои иқтисодию – иҷтимои, ё ин ки ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъияти буда, аз рўи ҷиҳатҳои сифатии асосӣ бо ҳам алоқаманданд, вале аз рўи аломатҳои ҷудогона аз якдигар фарқ мекунанд. Мисол, маҷмўи оилаҳо, маҷмўи корхонаҳо, ширкатҳо ва ғ.
Воҳиди маҷмўъ – ин унсури аввали маҷмўи оморӣ буда, соҳиби аломатҳоест, ки бояд ба қайд гирифта шавад ва барандаи асосии тафтиши ҳисобҳо мебошад. Воҳиди маҷмўъ, як ҳодисае мебошад, ки ба ҷамъи маҷмўҳо тааллуқ дорад. Масалан, нархи як намуди маҳсулот, воҳиди маҷмўи нархи маҳсулотҳои корхона баҳисоб меравад, музди кори як коргар ва ғ.
Аломат ин хусусияти сифатии воҳиди маҷмўъ мебошад, ки танҳо тарафи сифатии ҳодисаҳоро тасвир менамояд. Аз рўи хусусияти инъикоси сифати воҳиди омўхташаванда маҷмўи аломатҳо ба ду гурўҳи асоси тақсим мешавад:
аломатҳои миқдори аломатҳоеанд, ки бо рақам ифода карда мешаванд, мисол: сину сол, музди меҳнати миёна, собиқаи корӣ ва ғ.
аломатҳои муайянкунанда – аломатҳоеанд, ки воҳиди ҷудогонаи маҷмўҳо аз рўи мафҳуми маънояшон фарқ мекунанд, мисол касб аз рўи хусусияти меҳнатӣ – муаллим, дўзанда, дуредгар ва ғ.
Нишондиҳандаи оморӣ ин мафҳуми тавсифи миқдории таносуби аломатҳои ҳодисаҳои ҷамъиятиро инъикоскунанда мебошад. Вобаста аз мақсади истофодабари нишондиҳандаҳои оморӣ ба ду гурўҳ ҷудо карда мешавад:
Нишондиҳандаҳои омори ҳачми (шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнат) ва ҳисоби (бузургиҳои миёна, бузургиҳои нисбӣ, корелятсия, регрессия) шуда метавонанад. Онҳо метавонанд нақшавӣ, ҳисоботӣ ва пешгўишаванда бошанд. Нашондиҳандаҳои омориро аз маълумотҳои оморӣ фарқ кардан лозим аст. Маълумоти оморӣ ин қимати ададии мушаххаси нишондиҳандаи омори мебошад. Онҳо ҳамеша на танҳо миқдоран балки сифатан низ вобаста аз шароити мушахаси ҷой ва вақт муайян карда шудаанд. Вазифаҳои омор дар ин самт аз зерин иборат аст:
а) дуруст муайянкунии мазмуни нишондиҳандаи оморӣ (маҳсулоти умумии миллӣ, даромади миллӣ, маҳсулнокии меҳнат, фондмусалаҳшави ва ғайра);
б) коркарди методологии ҳисобкунӣ ва ҳисобкунии нишондиҳандаи оморӣ.

Системаи нишошдиҳандаҳои оморӣ, ин маҷмўи нишондиҳандаҳои оморӣ буда, алоқамандии мутақобилае, ки дар байни ҳодисаҳо объективона мавҷуд аст, инъикос менамояд. Дар байни ҳар як ҳодисаи ҷамъиятӣ системаи муайянӣ алоқамандиҳои мутақобила мавҷуд аст. Системаи нишондиҳандаҳои оморӣ тамоми тарафҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар сатҳҳои гуногун: мамлакатҳо, минтакаҳо-макросатҳо, корхона, ширкат, оила ва ғ.-микросатҳро дар бар мегирад.
оморӣ, ки ҳолати иқтисодиёти миллиро инъикос менамоянд, инчунин алоқамандии соҳаҳо; мавҷуд будани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва ғ.
Илми омор аз чунин қисмҳо иборат мебошад:

Назарияи умумии омор – принсипҳои умумӣ, усулҳои тадқиқотӣ – омории ҳодисаҳои ҷамъияти ва категорияҳои умумии омориро меомӯзад;
Омори иқтисодӣ ва соҳаҳои он – омори иқтисодӣ мафҳум ва методологияи ҳисобкунии нишондоҳандаҳое, ки барои омўзиши омории иқтисодиёт истифода бурда мешавад, муайян мекунад. Вазифаи омори иқтисодӣ аз инҳо иборат мебошад: коркард ва таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ, ки ҳолати иқтисодиёти миллиро инъикос менамоянд, инчунин алоқамандии соҳаҳо; мавҷуд будани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ,молиявӣ.
Соҳаҳои омори иқтисодӣ: – омори саноат, омори хоҷагии қишлоқ, омори сохтмон, омори нақлиёт, омори алоқа, омори меҳнат, омори захираҳои табиӣ, омори ҳифзи муҳити атроф.
3.Омори иҷтимоӣ ва соҳаҳои он – системаи нишондиҳандаҳоеро ташкил медиҳад. Соҳаҳои омори иқтисодӣ: – омори саноат, омори хоҷагии қишлоқ, омори сохтмон, омори нақлиёт, омори алоқа, омори меҳнат, омори захираҳои табиӣ, омори ҳифзи муҳити атроф.
Ҳар як илм, аз он ҷумла омор, барои аз худ намудани мазмун ва мундариҷаи фанни худ усулҳои омўзиши худро дорад. Дар илми омор барои омўзишу таҳлили ҳодисаҳои ҷамъиятӣ чунин методҳо истифода бурда мешаванд:
Методӣ мушоҳидаи оморӣ – ин метод вобаста ба ҳисобот, руйхат ва тафтишои интихоби сохта мешаванд, ки дар натиҷаи онҳо ҷамкунии материалҳо ба вуҷуд меояд. (аз рўи барномаи пешакӣ мушоҳида намудани ҳодисаи омўхташаванда ва ҷамъ овардани маълумотҳои зарурӣ дар бораи он);
Методи гурўҳбандӣ (ба гурўҳҳо ҷудо намудани маълумотҳои ҷамъоваришуда);
Методи таҳлили маълумотҳо (омўзиши ҳаҷм, таркиб, сохт, алоқамандӣ ва тағйирёбии ҳодисаҳои таҳлилшаванда) – аз руи тахлилхои чамъшуда ва ба гурух таксим шуда сохта мешаванд. Тахлили омори материалхои раками бо рохи хисоботи гуногун дар шакли нишондодхои миёна ва индексхо ба хисоб гирифта мешаванд. Аз материалхои чамъшуда хулоса бароварда мешавад.
3.Илми омор якчанд масъалаҳои асосиро меомузад:
– тайёр кардани маълумотҳои омори дар бораи ҳолати пешрафти иқтисодиёту фарҳанг. Ингуна масъала суръати пешрафти истеҳсолот, фарҳанг ва шароити зиндагонии мардумро нишон медиҳад.
– Тайёр кардани маълумотҳое, ки иҷрошавии накшаро нишон медиҳад ва тайёр кардани маълумотҳое, ки барои сохташудани накша кӯмак мерасонад.
Вазифаи асосии омор – аз боло назорат кардан ба иҷроиши накша.
Омор вазифаҳои хоси худро дорост, ки аз чунин амалиётҳо иборат мебошад:
– ташкили дурусти фаъолияти оморӣ;
– тайёр намудани методологияи таҳлил;
-тайёр намудани системаи нишондиҳандаҳо барои идоракунии хоҷагӣ дар дараҷаи макро ва микро иқтисодӣ;
– ҷамъовари намудани маълумотҳои эътимоднок;
– муайяннамоии маҷмўи ҳодисаҳо;
– омўхтани сохт ва таркиби ҳодисаҳо;
– омўзиши тағйирёбии ҳодисаҳо аз рўи алоқамандӣ ва ғ.
Идораҳои давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои омории
Соҳаи омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд зинаҳои гуногунро аз сар гузаронид. Дар аввал ба ҷои Кумитаи давлатии омор дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ Агентии давлатии оморро ташкил намуданд. Баъдтар Агентии давлатии оморро аз нав номгузорӣ намуданд, ки ҳоло ҳамчун Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ин кумита дар маркази вилоятҳо, ноҳияҳо шўъбаҳои худро дорад. Сохти ин кумитаро мо метавонем бо тариқи нақша нишон диҳем.
Дар соли 1919 дар Лигаи Миллатҳо чорабиниҳо оиди сохтани омори байнилмиллали мунтазам гузаронида мешуд.
Тадқиқотҳои омории мамлакатҳои гуногунро аз рўи як методология муайян муқоиса менамоянд. Ин методология аз тарафи Комиссияи оморӣ, ки аз соли 1946 дар назди Созмони Милали Муттаҳид кору фаолият дорад, тартиб дода мешавад. Шакли кории вай – сессияҳои мунтазам мебошад.
Дар назди Комисссияи омори гурўҳи махсуси корӣ ташкил карда шудааст, ки аз шаш шўъбаи мақсадноқ иборат аст:
а) ҳисобчигии миллӣ;
б) омори саноат;
в) омори савдои байналмиллалӣ;
г) омори молия;
д) омори нарх;
е) омори муҳити атроф.
Ба ташкилотҳои омории байналмиллалӣ, донишкадаи омории байлмиллалӣ мансуб мебошад. Ин донишкада барои давлатҳои аъзои СММ кадрҳои баландихтисоси соҳаи оморро тайёр намуда доир ба масъалаҳои муҳим тадқиқотҳои илм мебарад. Филиалои ин донишкада дар минтақаҳои гуногуни олам мавҷуд аст.

Саволҳои санҷишӣ.
1.1. Корҳои оморӣ дар асрҳои қадим ва миёна чӣ хел бурда мешуд?
1.2. Дар кадом аср омор ҳамчун илм дониста шуд?
1.3. Кадом олими немис аввалин маротиба аз илми омор ба донишҷуён дарс гуфтааст ва дар кадом шаҳрҳо?
1.4. Истилоҳи «статистика» аз кадом забон гирифта шудааст ва чӣ маъно дорад?
1.5. Ба ҷои истилоҳи статистика дар Тоҷикистон кадом калима истифода бурда мешавад?
1.6. Дар шароити имрўза мафҳуми оморро ба кадом маъноҳо истифода мебаранд?
1.7. Барои эътироф кардани илми омор чанд нуқтаи назар мавҷуд аст?
1.8. Илми омор чиро меомўзад ва аз кадом қисмҳо иборат мебошад?
1.9. Омор фанни худро бо ёрии кадом категорияҳо меомўзад ва ҳар яке аз онҳоро шарҳ диҳед?
1.10. Соҳаҳои назарияи умумии оморро номбар кунед ва доир ба яке аз онҳо мисол оред, ки дар он омор чӣ хел истифода бурда мешавад?
1.11. Дар илми омор барои омўзиши таҳлили ҳодисаҳои ҷамъиятӣ кадом методҳо истифода бурда мешавад ва таърифи онҳоро гуед?
1.12. Вазифаҳои оморро номбар кунед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.