Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Ахборот ва гурўҳбандии маълумоти оморӣ. Ҷадвалҳои оморӣ.

Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҷамъ кардашуда ба коркарди муайян эҳтиёҷ дорад.
Коркарди илман ташкилкардашудаи маълумоти мушоҳидаи оморӣ (аз рўи барномаи пешакӣ коркардашуда), ки дар худ ба системадарорӣ, гурўҳбандии маълумоти оморӣ, тартиб додани ҷадвалҳо, ҷамъбасткунӣ ва нишондиҳандаҳои хосилавиро дарбар мегирад чамъбасти омори номида мешавад.1.Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҷамъ кардашуда ба коркарди муайян эҳтиёҷ дорад.
Коркарди илман ташкилкардашудаи маълумоти мушоҳидаи оморӣ (аз рўи барномаи пешакӣ коркардашуда), ки дар худ ба системадарорӣ, гурўҳбандии маълумоти оморӣ, тартиб додани ҷадвалҳо, ҷамъбасткунӣ ва нишондиҳандаҳои хосилавиро дарбар мегирад чамъбасти омори номида мешавад.
Дар ҷараёни ҷамъоварӣ маълумоти батартиб овардашударо, аз рўи аломат ба гурўҳҳо тақсим мекунанд, ки ҳамаи ин амалиёт бо ёрии гурўҳбандӣ ба амал меояд.
Гурўҳбандӣ гуфта, чунин усулеро меноманд, ки ҳодисаи омўхташаванда, аз рўи аломатҳои махсус, ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шуда, барои ҳар як қисм нишондиҳандаҳои лозимӣ нишон дода мешаванд, ки ҳар яки он аз рўи мазмун ва мундариҷаи иқтисодӣ ягон функсияро иҷро мекунанд.
Вазифаҳои асосие, ки бо ёрии гурўҳбандӣ ҳал мешаванд зеринанд:
– ҷудокунии шаклҳои ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии мавҷудбуда (гурўҳбандӣ намудани ҳодисаҳо аз рўи шакл ва мазмун);
– омўзиши таркибӣ ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ (гурўҳбандии ҷузъҳои алоҳидаи ҳодисаҳо);
– муайянкунии алоқамандии байни ҳодисаҳо (гурўҳбандии алоқамандии ҳодисаҳо).
Ҳамаи маълумотои омориро тафтиш ва назорат карда мешаванд.
Тафтиш ду хел мешавад:
1.Тафтиши мантиқи.
2.Тафтиши арифметики.
Тафтиши мантиқи – муқоиса намудани саволу ҷавобҳои гузошташуда ва аниқ намудани мувофиқати онҳо.
Тафтиши арифметики – санҷиши ҷамбастҳои арифметики ва бузургиҳои миёна.
Пас аз тафтиши малумотҳои ҷамъгардида марҳилаи нишонагузори оғоз мегардад. Ба ҳар варақаи додашуда нишона аксаран рақам ё ҳарф гузошта мешавад. Пас аз нишонагузори малумотои ҷамъбастии омори коркарди дасти ё ба механики дучор меояд. Гурӯҳбанди дар омор нақшаи хеле муҳимро мебозад.
2.Гурубанди аз руи аломат ду хел мешавад:
1.Теъдодӣ;
2.Сифатӣ.
Аломати теъдод – ифодашавии аломат бо воситаи адад ( теъдоди донишҷӯён, ҳаҷмии гардиши мол).
Аломати сифати – бо воситаи сифат ифода меёбад ( сифати мол- олӣ, миёна;маълумот – олӣ , миёна, нопурра).

Ҷадвалҳои оморӣ воситаи ифодаи аёнии натиҷаҳои тадқиқот мебошанд. Натиҷаи гурўҳбандиро дар ҷадвали оморӣ пешниҳод мекунанд. Ҷадвалҳои оморӣ барои дар шакли умумӣ, кушоду равшан нишон додани маълумоти оморӣ истифода бурда мешавад. Ҳар як ҷадвали оморӣ шакли дурусту равшан баён намудани маълумоти оморӣ, ҳодисаҳо ва ҷараёнҳоро ифода мекунад. Ҷадвалҳои омориро аввалин маротиба олими рус Н.Н.Крилов дар асри XVIII истифода намудааст.
Намуди зоҳирии ҷадвали оморӣ ин натиҷаи буриши якчанд хатҳои уфуқӣ (горизонталӣ) ва хатҳои амудӣ (вертикалӣ) мебошад. Агар аз ҷадвали оморӣ рақаму калимаҳоро хориҷ намоем ҷадвали хатдор боқӣ мемонад. Хатҳои амудии ҷадвал сутун (графа) ва хатҳои уфуқиаш сатр (строка) номида мешаванд. Агар ба сутунҳо ва сатрҳо сарлавҳа гузорем амсилаи (макет) ҷадвал пайдо мешавад.

Хабар

Мубтадо

Сарлавҳаи сутунҳо

1

2

3

4

5

6

Гурўҳи воҳидҳои маҷмўъ

Таркиби амсилаи ҷадвал самти асосии коркарди маълумоти оморӣ мебошад. Барои он ки ҷадвали мо пурра шавад ба мо фақат лозим меояд, ки дар ҳар як сутуну сатр маълумоти омории ҷамъовари шударо дохил намоем. Ҷадвали оморӣ ба монанди ҷумлаи граматикӣ мубтадо ва хабар дорад.
Мубатадои ҷадвал ин руйхати воҳидҳои маҷмўъ ё гурўҳ, яъне объекти омўхташаванда мебошад.
Хабари ҷадвал маълумоти рақамие мебошад, ки мубтадоро тавсиф медиҳад. Одатан мубтадо дар қисми чаппи ҷадвал (ба намуди сатрҳо) ва хабар бошад дар қисми рости ҷадвал (ба намуди сутунҳо) нишон дода мешавад.
Аз рўи сохти мубтадо намудҳои зерини ҷадвалҳои оморӣ истифода бурда мешаванд: Содда, гурўҳӣ, мураккаб.
1). Ҷадвали оморие, ки дар мубтадояш гурўҳбандӣ нест, ҷадвали содда номида мешавад.
2). Ҷадвалҳои гурўҳӣ ҷадвалеанд, ки дар мубтадояш объекти омўхташаванда аз рўи ягон аломат ба гурўҳҳо тақсим карда шудааст.
3). Ҷадвалҳои мураккаб (комбинаӣионнқй) чунин ҷадвалҳое мебошанд, ки дар мубтадояшон гурўҳбандии воҳидҳои маҷмўъ аз рўи ду ва ё зиёда гузаронида мешавад.
3.Талаботҳо барои сохтани ҷадвалҳои омори зеринанд:
1.Ҷадвал аз руи имконият андозааш бояд на он кадар калон сохта шавад ва қобили мушоҳида бошад;
2.Ҳар як ҷадвал бояд сарлавҳаи муфассал дошта бошад, ки мухтасар мазмуни аломатро (ҳодисаро) нишон диҳад.
3.Ҳамаи калимаҳои сарлавҳа мубтадо ва хабар ба қадри имкон пурра ва фаҳмо навишта шавад;
4.Ҳар ба як сутуни сатри ҷадвал рақам гузоштан лозим аст, ки истифодабарии ҷадвал осон мешавад.
Нақшаи графикҳои оморӣ аз рўи тарзи сохташон
Подпись: Картограммањо Подпись: Картодиаграм-мањо Подпись: Ташхисї Подпись: Таркибї Подпись: Муќоисавї

Саволҳои санҷишӣ

Ҷамъбасти оморӣ чӣ гуна ҷараён мебошад ва аз рўи кадом амалиётҳо ба амал меояд?
Гурўҳбандӣ чӣ хел усул мебошад?
Гурўҳбандӣ чиро меомўзад?
Вазифаҳои асосӣ ва категорияҳои гурўҳбандиро номбар кунед?
Намудҳои гурўҳбандиро номбар кунед?
Мафҳумҳои намудҳои гурўҳбандиро гуйед ва дар мисолҳо нишон диҳед?
Вобаста аз миқдори аломатҳо намудҳои гурўҳбандиро номбар кунед?
Ҳар як намуди гурўҳбандиро шарҳ диҳед?
Ҷадвали оморӣ чӣ гуна восита аст ва барои чӣ истифода бурда мешавад?
Ҷадвали оморӣ ба монади ҷумлаи грамматикӣ чиро дар бар мегирад?
Ҷадвали оморӣ аз рўи сохти мубтадо ва хабар чанд намуд мешавад?
Доир ба намудҳои ҷадвали оморӣ маълумот диҳед оред?
Қоидаҳои тартибдиҳии ҷадвалҳои омориро гўйед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.