Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Бузургиҳои миёна. Принсипҳои умумии татбиқи онҳо.

Бузургии миёна бузургии ҷамъбастӣ буда андозаи нишондиҳандаҳои майлкунандаро дар маҷмўъ шарҳ медиҳад. Инчунин, вай мазмуни аломати муайянро дар маҷмўи як шумора ифода намуда фарқияти алоҳидаи мазмуни бузургии ҷудогонаи маҷмўъро ихроҷ менамояд.Бузургиҳои миёна. Принсипҳои умумии татбиқи онҳо.

1.Бузургии миёна бузургии ҷамъбастӣ буда андозаи нишондиҳандаҳои майлкунандаро дар маҷмўъ шарҳ медиҳад. Инчунин, вай мазмуни аломати муайянро дар маҷмўи як шумора ифода намуда фарқияти алоҳидаи мазмуни бузургии ҷудогонаи маҷмўъро ихроҷ менамояд.
Нишондиҳандаи умумӣ карда шудаи дараҷаҳои якхелаи ҳодисаҳоро дар шароити мушахаси вақт ва ҷои тавсифдиҳанда, инчунин бузургии аломати тағйирёбандаро барои воҳиди маҷмўи сифатан якҷинса инъикос мекунад, бузургии миёна номида мешавад.
Вазифаи асосии бузургии миёна ин шарҳ додани дараҷаи тағйирёбӣ тараққиёти ҳодисаҳо дар як вақт ва маконӣ муайян мебошад. Хулоса, мафҳуми асосии бузургии миёна дар он аст, ки вай ба воҳиди маҷмўъи омўхташаванда дохил шуда бо ёрии таснифи (сифати) воҳид тамоми маҷмўъро тасниф медиҳад.
Хусусиятҳои бузургии миёна:
Онҳо устувор буда қонунияти инкишофи ҳодисаҳоро зоҳир мекунад;
Бузургии миёна муқоисашавии ду маҷмўи гуногун рақамро осон менамояд;
Барои тасниф намудани сатҳи инкишофи ҳодисаро дар вақт ёрӣ медиҳад;
Алоқамандию вобастагии байни ҳодисаҳоро нишон дода тасниф менамояд.
Бузургии миёна бузургии хулосаҳои назариявӣ мебошанд, зеро ки онҳо воҳиди назариявиро инъикос менамоянд. Ҳамин тариқ, бузургии миёна барои шарҳ додани маҷмўъҳои сифатан якхела истифода бурда мешавад. Инчунин, зарурияти ҳисобкунии бузургии миёна ин мавҷудияти тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва дар навбати худ гуногунпаҳлў будани равишҳо ва ҳодисаҳои ҷамъиятӣ мебошад.
2.Намудҳо бузургиҳои миёна зеринанд:
1.Бузургиҳои миёна арифметики.
2.Бузургиҳои миёна гармоники.
3.Бузургиҳои миёнаи хронологи.
Дар навбати худ бузургиҳои миёна арифметики ду хел мешаванд: одди ва мушоҳидави.

Арифметики одди азруи формулаи зерин ифода карда мешавад:

Мисол: Гардиши моли чакана мағозаи хӯроквори дар квартали 1 – ум тартиб дод:
Март – 93620 сомон.
Апрел – 86980 сомон.
Май – 103500 сомон.
Муайян карда шавад миёнамоҳонаи гардиши моли мағоза хӯроквори ?

Арифметики мушоҳидави аз руи формулаи зерин ифода меёбад:

Мисол:
Маълумот дар бораи намнокии орд.
100 т намнокии орд 13.5%
105 т намнокии орд 14.8%
65 т намнокии орд 14.5%
Муайян карда шавад фоизи намнокии орд?

Бузургиҳои миёнаи гармоники дар навбати худ ба монанди арифметики ду хел мешаванд:
Одди ва мушохидави.

Гармоники одди аз руи формулаи зерин ифода меёбад:

Мисол: Мошинаи боркашон молро ба се мағоза бурда расонд.Ба мағозаи 1- ум бо суръати 50 км/соат, ба мағозаи 2 –ум бо суръати 40 км/соат ва ба мағоза 3 – ум 30 км/соат рафт.
Муайян кардан лозим, суръати миёнаи харакати мошинаи боркашон.

Гармоники мушоҳидави аз руи формулаи зерин ифода меёбад:

Мисол

Мағоза
Нарх ( х)

Миқдори фуруши мол (f)кг

Гардиши мол
( m ӯ xf) сомон

№ 1

4.0

5000

20000

№ 2

3.6

8000

28800

ҳамаги

13000

48800

Дар ин чо:
X1,X2,X3……Xn – ҳодисаи фардӣ ё вариантҳо
f – такроршавии ҳодисаҳои фардӣ (зуддӣ ё вазн)
n – шумораи ҳодисаҳо
åх – ҷамъи ҳодисаҳои фардӣ
åf – ҷамъи зуддиҳо
х – вариантҳо
m – вазн ё аломати баркашидашуда
п – ҳосили зарби варинтҳо.
Хал:

Бузургиҳои миёна хронологи аз руи формулаи зерин ифода меёбад:

Мисол:
Гардиши моли чаканаи мағозаи хуроквори дар квартали 2 –юм тартиб дод:
1.05 – 90850 сомон
1.06 – 80420 сомон
1.07 – 95200 сомон
1.08 – 80220сомон

3.Медиана (Ме) ин бузургии вариантие мебошад, ки дар байни қатори батартибовардашуда меояд, яъне қатори майлкунандаро (вариатсиониро) ба ду қисм тақсим менамояд. Ҳамин тариқ дар қатори батартибовардашудаи сакашидашудаи тақсимотӣ як қисми қатор нишондиҳандаи аз медиан калон дигараш хурд мебошад. Барои қаторҳои гуногун медианаро бо усулҳои гуногун ҳисоб мекунанд. Қатори батартибовардашудае, ки шумораи аъзоёнашон тоқ аст, аъзои миёна медиана ҳисоб меёбад. Масалан, бигузор собиқаи кории 9 нафар коргари фабрика чунин дода шуда бошад: 2, 5, 3, 2, 4, 6, 1, 5, 8. Барои ин мисол медиана варианти панҷум аст, яъне медианаи собиқаи кории кормандони фабрика 4 – сол мебошад. Агар шумораи аъзоёни қатор ҷуфт бошад он гоҳ формулаи зерин барои ҳисоб намудани медиана истифода бурда мешавад:

Масалан агар собиқаи кории 8 нафар коргар чунин дода шуда бошад: 4, 1, 3,6,5,2,7,1, пас медиана чунин ҳисоб карда мешавад:

Барои қаторҳои фосилавӣ бошад ҳисоб намудани медиана қоидаҳои ба худ хосро дорад, пеш аз ҳама барои қатор андухти зуддиҳо ҳисоб карда шуда, пас медиана аз рўи андухти зуддиҳо бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: H

дар ин ҷо: XMe – сарҳади поёнии фосилаи медиана ;
hMe – бузургии фосилаи медиана;

– нисфи адади мушоҳидаҳо ё ин ки нисфи нишондиҳандаҳое, ки ба сифати баркашида дар формулаҳои ҳисобкуни бузургии миёна истифода бурда мешавад.
SMe-1 –ҷамъи андухти зуддие, ки пеш аз фосилаи медиана ҷой гирифтааст.
mMe – зудии фосилаи медиана
3 Модда (Мо) гуфта ин бузургии вариантеро меноманд, ки аз ҳама бештар такрор шуда дар қатори вариатсионӣ меояд. Барои қаторҳои бефосила модда ҳамин тавр ёфта мешавад. Барои ҳолати фосилаҳои (интервалҳои) баробар мода аз рўи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: F

дар ин ҷо XMo -қ имати поёнии фосилаи модда;
mMo-адади мушоҳидаҳо ё ҳаҷми аломати баркашида дар фосилаи модда;
mMo -1 – ҳамон барои фосилаи пешина;
mMo +1 -ҳамон барои фосилаи баъдина;
h -бузургии фосилаи тағйирёбии аломат дар гурўҳҳо.

Саволҳои санҷишӣ

Бузургиҳои оморӣ чиро ифода мекунад?
Намудҳои бузургии омориро номбар кунед?
Ҷиҳатҳои миқдории ҳодисаҳои ҷамъятиро бузургиҳо бо воситаи чӣ ифода мекунад?
Намуди ченакҳоро номбар кунед?
Бузургии мутлақ чиро меомўзад?
Бузургии мутлақ дар натиҷаи чӣ бадаст оварда мешавад?
Намудҳои бузургии мутлақро номбар кунед?
Қисмҳои асосии бузургии мутлақро гуед?
Бузургии нисбӣ чист?
Бузургии нисбӣ дар натиҷаи чӣ ҳосил мешавад?
Намудҳои бузургии нисбиро номбар кунед?
Фарқияти намудҳои бузургии нисбӣ дар чист?
Мафҳуми бузургии нисбии таркибӣ ва мутобиқатиро шарҳ диҳед?
Бузургии нисбии вақтӣ чиро ифода мекунад?
Бузургии нисбии вақтӣ бо кадом усулҳо ҳисоб карда мешавад?
Бузургии нисбии шидатнокӣ чиро нишон медиҳад?
Бузургии миёна чист?
Вазифа ва хусусиятҳои бузургии миёнаро шарҳ диҳед?
Шаклҳои бузургии миёнаро номбар намуда шарҳ диҳед?
Ба шакл ва намудҳои бузургии миёна чиҳо дохил мешаванд?
Кадом намуди бузургии миёна бештар дар таҷриба истифода бурда мешавад?
Формулаҳои ҳисобкунии бузургиҳои миёнаро нависед?
Модда ва медиана гуфта чиро мегўянд?
Ба сифати кадом бузургӣ мода ва медина истифода бурда мешавад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.