Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Қаторҳои динамика

Қаторҳои динамикӣ дар натиҷаи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои мушоҳидаи даврии оморӣ ба даст оварда мешавад.1.Ҳодисаҳои иҷтимоию иқтисодии ҳаёти ҷамъиятӣ доимо дар инкшоф ҳастанд. Ин тағйирёбиҳоро дар вақт омор бо ёрии тартиб додан ва таҳлили қаторҳои вақтӣ (динамикӣ) меомўзад ва он яке аз вазифаҳои асосии омор ба шумор меравад.
Қаторҳои динамикӣ дар натиҷаи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои мушоҳидаи даврии оморӣ ба даст оварда мешавад.
Қатори динамикӣ гуфта, пай дар пайи батартибовардашудаи нишондиҳандаҳои ададӣ дар вақт мебошад, ки дараҷаи тарақиёти ҳодисаи омўхташавандаро тавсиф медҳад. Қатори динамикӣ ду элементро дар бар мегирад:
1.Cанаи вақт (1- март, 10 – март).
2.Давраи вақти дар баргири(сол,семоҳа, моҳ).
Нишондиҳандаҳои таҳлили қаторҳои динамикӣ
Дар натиҷаи муқоисаи дараҷаҳо системаи нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ ба вуҷуд меояд, ки ба онҳо нишондиҳандаҳои вақтии зерин мансуб мебошанд: афзоиши мутлақ; коэффитсиенти рушд; суръати рушд; коэффитсиенти афзоиш; суръати афзоиш; қимати мутлақи як фоизи афзоиш.
1.Афзоиши мутлақ (афзоиши мутлақ ҳамчун фарқияти байни ду дараҷаи қатор ҳисоб карда мешавад);
Афзоиши мутлак аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Мисол: Гардиши моли корхонаи савдо дар квартали 1 – 400000сомон, дар квартали 2 -440000сомонро ташкил кардааст.
440000 – 400000 ӯ 40000
2. Коэффитсиенти инкишоф (коэффитсиенти инкишоф дар натиҷаи тақсим намудани ду дараҷаи як қатор ҳосил мешавад ва он нишон медиҳад, ки чанд баробар дараҷаи давраи додашуда зиёд ё кам шудааст);
Коэффиӣиенти инкишоф аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

440000
———- ӯ1.1маротиба
400000

3.Коэффитсиенти афзоиш – аз коэффитсиети рушд 1-ро тарҳ намуда коэффитсиети афзоишро ҳосил мекунем. Коэффиӣиенти афзоиш аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Ка ӯ Ки – 1 ӯ 1.1 – 1.0ӯ 0.1 маротиба

4.Суръати инкишоф тарзи коэффитсиенти инкишоф ҳисоб карда мешавад: (ба 100% зарб):
Суръати инкишоф аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
440000 * 100
——————- ӯ 110%
400000
5.Суръати афзоиш аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Са ӯ Си – 100
Са ӯ 110 – 100 ӯ 10% зиёд

Қимати мутлақи як фоизи афзоиш (қимати афзоишёбии дарҷаи як даврро нишон медиҳад) ва аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

40000
1% афзоиш ӯ————-ӯ 4000
10

Нишондиҳамндаҳои қаторҳои динамики бо ду метод ифода карда мешавад: базисӣ ва занҷирӣ.
Метеди базисӣ бо чунин формулаи зерин ифода меёбад:

Методӣ занҷири бо чунин формула ифода меёбад:

Мисол: Гардиши моли корхонаи савдо ташкил кардааст: ( ҳазор сомон)
1 квартал – 900
2 квартал – 920
3 квартал – 938
4 квартал – 950

Ҳангоми татбиқи усули базисӣ ҳар як дараҷаи қатор ба дараҷаи базисии он муқоиса карда мешавад. Ҳангоми истифодаи усули пай дар пай ҳар як дараҷаи қатор бо як дараҷаи пешина муқоиса карда мешавад.
Формулаҳои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои динамикӣ дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Нишондиҳандаҳои қатори динамикӣ

Нишондиҳанда

Появӣ

Пай дар пай

Афзоиши мутлақ
(Diпоявӣ, Diзанҷирӣ)

Diпоявӣ ӯ yi – yo

Diзанҷирӣ ӯ yi – yi-1

Коэффитсиенти инкишоф
(Kр)

Kр ӯ yi : yo

Kр ӯ yi : yi-1

Суръати инкишоф
(Tp)

Tp ӯ (yi : yo) ·100

Tp ӯ (yi : yi-1) ·100

Коэффитсиенти афзоиш
(Кафз)

Кафз ӯ Kp – 1;

yi – yo
Кафз ӯ ———
у0
Кафз ӯ Diпоявӣ:: yo

Кафз ӯ Kp – 1;

yi – yi –1
Кафз ӯ ———–
уi-1
Кафз ӯ Diзанҷирӣ: yi -1

Суръати афзоиш
(Тафз)

Тафз ӯ Кафз 100
Тафз ӯ Тр – 100

Тафз ӯ Кафз 100
Тафз ӯ Тр – 100

Қимати мутлақи як фоизи афзоиш
(А)

А ӯ У0:100

А ӯ уi-1:100
yi – yi-1
А ӯ ————–
Тр – 100

Барои тавсифи шиддатнокии инкишофӣ (тарақиётӣ) дар даври дуру дароз буда, нишодиҳандаи динамикии (вақтии) миёнаро ҳисоб мекунанд, ки формулаҳои ҳисобкунии он дар ҷадвали оварда шудааст:

Нишондиҳандаҳои миёнаи динамикӣ
Ҷадвали 5.5.

Номгўи нишондиҳандаҳо
Формулаҳо барои ҳисобкунӣ

Дараҷаи миёнаи қатор : `у
Барои қатори фосилавӣ

Барои қатори лаҳзавии бо фосилаи баробар

Барои қатори лаҳзавии бо фосилаи нобаробар

2. Афзоиши мутлақи миёна `D

3. Коэффитсиенти рушди миёна `Кр

4. Суръати рушди миёна `Тр

5. Суръати афзоиши миёна `Тафз

6. Қимати мутлақӣ миёнаи як фоизи афзоиш `А

Дар ин формулаҳо аломатҳои шартии зерин истифода шудааст:
у1, у2,……уп – ҳамаи дараҷаҳои пай дар пайи давр;
п – миқдори дараҷаи қатор;
t – давомнокии давре, ки дар он дараҷа тағйир наёфтааст.
Дар вақти истифодаи қатори динамикӣ, яке аз масъалаҳои асосии он ин муайян намудани тамоюли умумии инкишоф мебошад. Ба инкишофи ҳодисаҳо дар вақт якчанд омилҳо таъсири худро мерасонанд. Ба монанди, омиле, ки доимо зиёд ё ин ки кам таъсир расонида, дар қатори динамикӣ тамоюли муайяни инкишофи ҳодисаи омўхташавандаро ба вуҷуд меорад. Боз, омиле мавҷуд аст, ки таъсири кўтоҳмуддат дорад, яъне ба тағйирёбиҳои вақтӣ дар даври ҷории кўтоҳмуддат таъсир мерасонад (дар муддати ҳафта, моҳҳо, солҳо ва ғ.). Боз инчунин омиле аст, ки дар самтҳои гуногун ва бо ҳам муқобил амал намуда ба дараҷаи ҳамин қатори вақтӣ таъсири қатъӣ намерасонад.

Саволҳои санҷишӣ

Дар илми омор тағйирёбиҳоро дар вақт бо ёрии чӣ меомўзанд?
Вазифаҳои оморро дар соҳаи қаторҳои динамикӣ номбар кунед?
Қаторҳои динамикӣ чи гуна ҳосил карда мешаванд?
Қаторҳои динамикӣ дар вақт чиро нишон медиҳанд?
Қаторҳои динамикӣ аз чанд элемент иборат мебошанд?
Қатори вақтӣ чи гуна қатор аст?
Нишондиҳандаҳои қатори динамикиро шарҳ диҳед ва формулаҳои ҳисобкунии онро нависед?
Барои тавсифи шиддатнокии инкишоф дар давраи дуру дароз буда чӣ гуна нишондиҳандаҳои динамикиро истифода бурда ҳисоб мекунанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.