Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Индексҳо. Таҳлили индексҳо.

Индекс нишондиҳандаи ададиест, ки тағйироти мунтазами ҳолати иқтисодиро бо фоиз, коэффитсиент ва промил ифода мекунад. Дар натиҷаи истифодаи усули индексҳо маълумотҳое ба даст меояд, ки барои шарҳ додани тарақиёти нишондиҳандаҳои таҳлилшаванда дар тўли вақт ва фазо, инчунин барои омўзиши алоқамандӣ ва таъсирҳои омилҳои гуногун истифода бурда мешавад.1.Дар байни усулҳои таҳлили оморӣ усули индексҳо истифода бурда мешавад, ки яке аз усулҳои муҳим ва паҳншуда ба шумор меравад. Истилоҳи индекс (index) аз забони лотинӣ гирифта шуда маънояш «нишондиҳанда» мебошад. Дар омор зери мафҳуми индекс бузургии нисбӣ фаҳмида мешавад, ки тағйирёбии дараҷаи мураккаби нишондиҳандаи иҷтимоӣ – иқтисодиро дар вақт, дар фазо ё ин, ки муқоиса бо нақша тавсиф намуда, нишон медиҳад, ки дараҷаи ҳодисаи омўхташаванда дар шароити ҳозира аз дараҷаи ҳамон ҳодиса дар дигар шароит чанд маротиба фарқ мекунад. Ҳамаи индексҳо бузургии нисбианд, вале на ҳамаи бузургиҳои нисбӣ индекс шуда метавонанд. Яъне ҳамон бузургиҳои нисбие индекс номида мешаванд, ки муносибати ҳодисаҳоро дар тўли вақти муайян, дар фазо ва дар муқоиса бо нақша нишон медиҳад.
Индекс нишондиҳандаи ададиест, ки тағйироти мунтазами ҳолати иқтисодиро бо фоиз, коэффитсиент ва промил ифода мекунад. Дар натиҷаи истифодаи усули индексҳо маълумотҳое ба даст меояд, ки барои шарҳ додани тарақиёти нишондиҳандаҳои таҳлилшаванда дар тўли вақт ва фазо, инчунин барои омўзиши алоқамандӣ ва таъсирҳои омилҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Вобаста аз дарбаргирии ҷамъи воҳидҳои маҷмўъ индексҳо ба ду қисм ҷудо мешавад:
1.индекси фардӣ;
2.индекси умумӣ.
Вобаста аз базаи муқоисавӣ индексро ба вақтӣ (тағйирёбии ҳодисаро дар вақт нишон медиҳад) ва индексҳои ҳудудӣ (барои дар фазо муқоисаи нишондиҳандаҳои гуногуни байни ҳудудҳо) ҷудо мекунанд.
Усули индекс аломатҳои шартӣ ва истилоҳотӣ ба худ хосро дорад. Барои нишон додани бузргиҳои индексӣ аломатҳои шартии зеринро истифода мебарем:
i – индекс
q – шумора ё ҳаҷми ягон маҳсулот
p – нархи як воҳиди маҳсулот
z – арзиши як воҳиди маҳсулот
qo….ва ғ.-миқдори маҳсулот дар даври поягӣ
q1…..-миқдори маҳсулотдар даври ҳисоботӣ
t – сарфи вақт ба як воҳиди маҳсулот
w – коркарди маҳсулот дар як воҳиди вақт
Барои ҳисобкунии индексҳо формулаҳои махсус истифода бурда мешавад.

Формулаҳои ҳисобкунии индексҳо дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Номгўи индекс

Формулаҳои ҳисобкунии индексҳо

Индекси мушахас
(фардӣ)

Индексҳои умумӣ

Индекси агрегатӣ

Индекси миёна
(бо усули миёнаи арифметикӣ (у.м.а) ва баркашидашуда (у.м.б.))

Индекси ҳаҷми физикии маҳсулот

Ба нархи давраи появӣ (0)

(у.м.а.)

(у.м.б)

Бо нархи давраи ҳисоботӣ (1)

Индекси нарх

Бо вазни появӣ (формулаи Ласпейрес)

(у.м.а)

Ба вазни ҳисоботӣ (формулаи Пааш)

(у.м.б)

Индекси арзиши маҳсулот

Ба нархи давраи появӣ

(у.м.а)

(у.м.б)

Бо нархи давраи ҳисоботӣ

Индекси маҳсулнокии меҳнат

(у.м.а)

Индекси арзиши маҳсулот (гардиши мол)

Индекси хароҷоти истеҳсолот

Индексҳои фардӣ ва татбиқи онҳо дар таҳлили иқтисодӣ
Индексҳои фардӣ (i) тағйирёбии воҳидҳои алоҳидаи маҷмўи омориро шарҳ медиҳад. (масалан, тағйирёбии нархи сабзавот ё нон, тағйирёбии ҳосилнокии гандум ва ғ.). Мувофиқи мафҳумашон индексҳои фардӣ бузургии нисбии вақтӣ ё ин, ки коэффитсиенти (суръати) афзоиш мебошанд. Индекси фардӣ ба монанди бузургиҳои нисбӣ бо усули базисӣ (0) ва пай дар пай (1) ҳисоб карда мешаванд. Дар индексҳои фардӣ як ҳодисаро бо ёрии ду давра – базисӣ ва ҳисоботӣ муқоиса менамоянд, ва бо фоиз (%), коэффитсиенту промил (% о) инъикос меёбанд. Дар амалия ҳисоб намудани индексҳои фардӣ на он қадар мушкил мебошанд. Вале дар ҳодисаҳои иқтисодӣ дар баробари индексҳои фардӣ, ки тағйирёбии элементҳои алоҳидаро тавсиф мекунанд ҳисоб намудани бузургиҳои нисбии умумӣ лозим меояд. Зеро онҳо тағйирёбии нишондиҳандаи муайянро дар маҷмўи мураккаб ҷамъбаст намудаанд, вале элементҳои ҷудогонае, ки муқоисанашаванданд (бо воҳиди физикӣ) ҷамънашаванданда низ мебошанд.
Таърифи индекси фардиро бо ёрии бузургии нисбӣ чунин баён намудан мумкин аст. Бузургии нисбӣ ҳангоми муқоисакунии дараҷаҳо индекси фарди номида мешавад, агар тадқиқотчӣ ба таркиби ҳодисаи омўхташаванда аҳамият надода баҳои миқдории дараҷа дар шароити ҳозираро ба ҳамин гуна дараҷаи бузургии ин ҳодиса дар шароити дигар муқоиса намояд.
Ҳамин, тавр индексҳои фардӣ муносибати байни ду воҳиди маҷмўъ буда нишон медиҳад, ки бузургии индексӣ чи қадар зиёд ё кам шудааст, формулаҳои ҳисобкунии онҳо дар ҷадвалӣ оварда шудааст.
Индексҳои умумӣ ва татбиқи онҳо дар тахлил
Индексҳои умумӣ (I) муносибати байни ду маҷмўи мураккабро нишон медиҳад. Индексҳои умумӣ дар амалияи оморӣ дараҷаҳои гуногун (аз корхонаҳо то иқтисодиёти миллӣ) ва ҳама ҷой, ки ҷамъбасти тағйирёбии нишондиҳандаи муайянро дар маҷмўи мураккаб талаб мекунад истифода бурда мешавад. Индексҳои умумӣ ду намуд мешаванд:
1.индексҳои агрегатӣ (мутаҳид);
2.индексҳои миёна.
Мо метавонем бо ёрии индекси умумӣ тағйирёбии нархи молҳои истеъмолӣ, тағйирёбии дараҷаи ҳаётро, инкишофи истеҳсолотро дар соҳаҳои гуногун, инкишофи иқтисодиёт ва ғайраро тавсиф намоем. Инчунин онҳо имкон медиҳанд, ки тағйирёбии бузургиҳои индексиро дар воҳидҳои ҷудогона ё ин, ки қисми маҷмўҳо ҷамъбаст намоем ва аз дигар тараф таъсири тағйирёбии омилҳои ҷудогонаи дар тағйирёбии нишондиҳандаи натиҷавии ҳодисаро куллан муайян намоем.
Чи хеле, ки қайд намуда будем бо ёрии индексҳо тағйирёбии нисбии нишондиҳандаҳои гуногунро тавсиф намудан мумкин аст. Ин нишондиҳандаҳо, яъне бузургиҳои индексӣ метавонан хусусияти гуногун дошта бошанд. Яке аз онҳо ҳаҷми миқдорӣ буда, дигараш шартан сифатӣ мебошад. Вобаста аз ин ва аз рўи хусусияти ҳодисаи омўхташаванда онҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд: нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва нишондиҳандаҳои сифатӣ.
Индексҳои нишондиҳандаи миқдорӣ тағйироти ҳаҷми итсеҳсол, фурўши маҳсулот, дараҷаи захираи молҳо ва дигар ҳодисаҳои ҷамъиятиро нишон медиҳад.
Индексҳои нишондиҳандаи сифатӣ тағйироти нарх, ҳосилнокии меҳнат, хароҷотҳои муомилот, фоида ва дигар ҳодисахоро тасвир менамоянд.
Ҳар ду ин индексҳо хусусиятҳои ба худ хосро доранд, онҳоро бо ду тарз ҳисоб намудан мумкин аст. Ҳангоми муайян намудани ин намуди индексҳо, аз формулаҳои дар ҷадвал оварда шуда истифода мебаранд.

Индекси агрегатӣ
Тарзи сохтани (ҳисобкунии) индексҳои агрегатии умумӣ бо ёрии муқоисашавандаҳои махсуси ҷамъбасти нишондиҳандаҳо, ки бо воҳиди физикии нишондиҳандаҳо дар маҷмўи мураккаб номуқоисашаванда мебошад ва инчунин муқоисаи чунин маблағҳо дар даври ҳисоботӣ ва базисӣ гузаронида мешавад. Фарқияти зоҳирии ҳамаи индексҳои агрегатӣ дар он мебошад, ки суръат ва махраҷи ин индекс ҳосили ҷамъи ду нишондиҳандаро дорад, ки яке аз онҳо тағйир ёфта, ҳамчун вазифаи бузургии индекс баромад мекунад, дигаре аз он бошад бетағйир монда вазифаи муқоисашавандаро иҷро мекунад. Барои ҳисоб намудани нишондиҳандаҳои гуногун индекси агрегатиро истифода бурдан мумкин аст, масалан арзиши аслии маҳсулот, барои гурўҳи ҳосилнокии зироати якхела, маҳсулнокии меҳнат, ки формулаҳои ҳисобкунии онҳо дар ҷадвали оварда шудааст.
Аввалин маротиба формулаи индекси умумии нарх дар соли 1864 аз тарафи олими немис Э Ласпейрс пешниҳод шуда буд. Ў пешниҳод намуда буд, ки барои сохтани индекси агрегатӣ ба сифати муқоисашаванда маҳсулоти даври базисӣ q0 қабул карда шавад. Дар соли 1874 бошад дигар олими немис Г. Пааш формулаи дигари ҳисобкунии индекси агрегатиро бо ёрии маҳсулоти даври ҳисоботӣ пешиноҳод намуд.
Индексҳои Пааш ва Ласпейрес хусусиятҳои гуногуни сифатии тағйироти нархҳоро нишон медиҳад. Индексҳои Пааш таъсири тағйироти нархро ба арзиши молу маҳсулоти дар давраи ҷорӣ фурўхташуда ва индекси Ласпейрес таъсири тағйироти нархро ба арзиши шумораи молу маҳсулоти дар давраи базисӣ фурўхташударо, шарҳ медиҳад. Барои муайянкуни, ки чи қадар ба ҳисоби миёна нархи маҳсулотҳо тағйир ёфтааст аз формулаи Пааше ва Ласпейрес истифода
Дар аввали асри ХХ бошад иқтисодчии амрикоӣ И. Фишер пешниҳод намуд, ки ба ҷои формулаи индекси нархи Ласпейрес ва Пааше реша аз ҳосили индексҳои нархи Ласпейрес ва Паашеро, яъне бузургии миёнаи геометриро истифода бурд.

Ин индексро тарзи идеалӣ (олӣ) мешуморанд, вале аз сабаби шарҳи иқтисодии расмӣ ва мушкилотҳо кам истифода мебаранд, хусусан дар муқоисаҳои минтақавӣ (фазоӣ).
Хулоса, истифодаи индекси Пааш ва Ласпейрес аз мақсади тадқиқот вобаста мебошад. Агар таҳлил бо мақсади муайян намудани самараи иқтисодӣ аз тағйироти нарх дар давраи ҷорӣ нисбати давраи базисӣ, гузаронида шавад, пас индекси Пааш истифода бурда мешавад. Вале, агар мақсади таҳлил муайян намудани ҳаҷми гардиши молӣ ҳангоми фурўши шумораи муайяни молу маҳсулот, ки дар ду давра якхела мебошанд, бо нархҳои нав бошад, пас индекси Ласпейрес истифода карда мешавад.
Индекси агрегатии нарх аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
p 1* q 1
jР ӯ ————–;
p 0 * q1

Индекси агрегатии миқдорӣ (физикӣ) аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

q 1* p 0
jq ӯ ————–;
q0 * p 0

Индекси агрегатии гардиши мол аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

p 1* q 1
j pqӯ ————–;
p 0 * q0 *

Индексҳои бузургиҳои миёна
На фақат индекси умумӣ бо индекси агрегатӣ балки ҳамчун бузургии миёна аз индексҳои фардии мувофиқ ҳисоб карда мешавад. Индекси умумии ҳодисаи омўхташаванда ҳамчун натиҷаи тағйирёбии дараҷаи воҳидҳои алоҳидаи маҷмўи ҳодисаҳои додашуда дида баромада мешавад. Дар раванди бузургии миёнаро ёфтан индексҳои фардиро тарзе интихоб мекунанд, ки гузариши алгебравӣ аз индекси умумӣ дар шакли бузургии миёна ба индекси умумӣ дар шакли агрегатӣ имконпазир бошад ва баръакс. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои мушахас интихоби шаклҳои ин ё он намуди индекси миёна аз он иборат аст, ки дар ихтиёри тадқиқотчӣ чи гуна маълумотҳои ибтидоӣ мавҷуд аст. Масалан, агар маълумотҳои фардии индекси ҳаҷмӣ ва арзиши маҳсулоти даври базисӣ бо нархҳои базисӣ маълум бошад, индекси умумии ҳаҷми физикиро мумкин аст, ҳамчун миёнаи арифметикӣ аз индексҳои фардӣ ҳисоб намуд. Дар амалия индексҳои миёна бо ду усул – миёнаи арифметикӣ ва миёнаи баробарвазн ҳисоб карда мешаванд.

Саволҳои санҷишӣ

Истилоҳи индекс аз кадом забон гирифта шудааст?
Индекс чи гуна нишондиҳанда буда чиро ифода мекунад?
Мафҳуми индексро фаҳмонед?
Индекси фардӣ чист ва барои чӣ истифода бурда мешавад?
Индекси фардӣ аз рўи кадом формулаҳо ҳисоб карда мешавад?
Индекси фардӣ барои кадом нишондиҳандаҳо ҳисоб карда мешавад?
Индекси умумӣ чиро нишон медиҳад?
Намудҳои индекси умумиро номбар кунед?
Ҳисобкунии индекси умумӣ аз рўи чӣ сурат мегирад?
Аз рўи хусусияти ҳодисаи омўхташаванда индексҳо чанд намуд мешаванд?
Индекси нишондиҳандаи сифатӣ ва миқдориро шарҳ диҳед?
Дар зери мафҳуми индекси агрегатӣ чиро мефаҳмед?
Индекси агрегатии нархи Пааш ва Ласпейресро шарҳ диҳед?
Тағйирёбии таркибӣ чист?
Индекси тағйирёбии таркибӣ чист?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.