Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Омўзиши алоқамандии ҳодисаҳои ҷамъиятӣ

Яке аз вазифаҳои омор ин нишон додани алоқамандиҳо, муайян намудани хусусият (роҳ, ҷиҳат) ва ченкунии онҳо мебошад. Аз ҳама бештар вазифаи умумӣ ин пешгўи кардан ва батартибандозии ҳодисаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти ба даст омада дар бораи алоқамандии байни ҳодисаҳо ба амал меояд. Дар байни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ алоқамандии дутарафа ҷой дорад.1.Яке аз вазифаҳои омор ин нишон додани алоқамандиҳо, муайян намудани хусусият (роҳ, ҷиҳат) ва ченкунии онҳо мебошад. Аз ҳама бештар вазифаи умумӣ ин пешгўи кардан ва батартибандозии ҳодисаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти ба даст омада дар бораи алоқамандии байни ҳодисаҳо ба амал меояд. Дар байни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ алоқамандии дутарафа ҷой дорад.
Алоқамандии байни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва қонуни умумии алоқа, яке аз қонунҳои объективии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омор қонуни иқтисодиро ҳамчун алоқаи муҳиму устувори байни ҳодисаҳои муайян ва ҷараёнҳо баҳо медиҳад. Ҳангоми дар соҳаҳои гуногун тадқиқ намудани ҳодисаҳо мо бо алоқамандии байни нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ дучор меоем. Яъне вазифаи мо ин муайян намудани чунин алоқамандиҳо (вобастагиҳо) ва додани хусусияти миқдории онҳо мебошад. Алоқамандиҳоро дониста, омор қонунҳоро дарк мекунад. Донистани онҳо ба мо имкон медиҳад, ки пешравии ҷамъиятро идора намоем. Асоси омўзиши алоқамандиҳо ин таҳлили сифатию миқдорӣ мебошад.
Чи хеле, ки дар боло қайд намудем ҳаргуна алоқамандии байни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, дар алоқамандии байни нишондиҳанадаҳои миқдорию сифатии ҳодисаҳои ҷамъиятӣ инъикос меёбанд. Аз ин сабаб дар илми омор ду шакли нишондиҳандаҳои бо ҳам алоқамандро (аз якдигар) фарқ мекунанд:
Нишондиҳандаи омилӣ;
Нишондиҳандаи натиҷавӣ.
Таснифии ин гуна нишондиҳандаҳо албатта аз таҳлили мантиқӣ бармеояд. Масалан, даромад аз фурўши молҳо вобаста мебошад, ки дар ин ҷо даромад – нишондиҳандаи натиҷавӣ буда, фурўши молҳо – нишондиҳандаи омилӣ ба ҳисоб меравад.
Намуд ва шаклҳои алоқамандиҳо
Дар байни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ алоқамандиҳои гуногун вуҷуд дорад. Алоқамандиҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо мекунанд, ва боз дар навбати худ ҳар як гурўҳи (намуди) алоқамандиро ба шаклҳо тақсим мекунанд:
Аз рўи хусусияти тағйирёбии нишондиҳандаҳои омилӣ ва натиҷавӣ – ба алоқамандии рост ва алоқамандии баръакс;

Алоқамандии рост ин чунин алоқамандиест, ки дар натиҷаи тағйирёбии нишондиҳандаи омилӣ ба як тараф, нишондиҳандаи натиҷавӣ ҳам, ба он тараф тағйир меёбад. Ин алоқамандӣ воқеан вуҷуд дорад. Мисол даромад аз фурўши мол.
Алоқамандии баръакс ин алоқамандиест, ки дар натиҷаи зиёдшавии (камшавии) нишондиҳандаи омилӣ камшавии (зиёдшавии) нишондиҳандаҳои натиҷавӣ ба амал меояд.
Ин гуна алоқамандиҳоро мувофиқан алоқамандиҳои мусбат ва манфӣ номидан мумкин аст.
Аз рўӣ ифодаи аналитикӣ (таҳлилӣ) ба ду шакли асосӣ ҷудо мешавад: – 1. Ростхата; 2. Каҷхата (Парабола, Гипербола ва ғайра);
Аз рўи дараҷаи зичии онҳо алоқамандиҳои зерин аз якдигар фарқ мекунанд: а. Алоқамандии функсионалӣ; б. Алоқамандии оморӣ.

Алоқамандии функсионалӣ ин алоқамандиест, ки дар он натиҷаи тағйирёбии як ҳодиса боиси пурра тағйир ёфтани ҳодисаи дигар мегардад. Ҳангоми алоқамандии функсионалӣ нишондиҳандаи омилӣ пурра бузургии нишондиҳандаи натиҷавиро муайян менамояд.
Дар байни нишондиҳандаҳои натиҷавӣ ва якчанд нишондиҳандаҳои омилӣ алоқамандие мавҷуд аст, ки онро алоқамандии оморӣ меноманд. Алоқамандии оморӣ алоқамандие мебошад, ки дар он натиҷаи тағйирёбии мавқеи нишондиҳандаи миёна боиси тағйирёбии мавқеи нишондиҳандаи миёнаи дигар мешавад. Ин алоқамандиро ба алоқамандии коррелятсионӣ ва регрессионӣ ҷудо мекунанд.
Барои ҳалли масъалаҳои мушкили таҳлили коррелятсия ва регрессия барномаҳои компютерии махсус коркарда баромада шудааст, ки бо ёрии онҳо ҳисоб намудани коррелятсия – регрессия осон мебошад.

Омўзиши омории алоқамандиҳои коррелятсионӣ

Вазифаи асосии таҳлили коррелятисонӣ ҷавоб додан ба саволи зерин мебошад:
Оё дар байни аломатҳо (нишондиҳандаҳо) вобастагии коррелятсионӣ мавҷуд ҳаст ё не? Вобастагии коррелятсионӣ ин вобастагии аломатҳои (бузургиҳои) тасодуфист, ки дар он тағйирёбии миёнаи як нишондиҳанда бо тағйирёбии дигар нишондиҳандаи миёнаи бузургии тасодуфӣ мувофиқ меояд.
Алоқамандии коррелятсионӣ дар байни нишондиҳандаҳое, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои гуногун ва мушоҳидаи умумӣ ба вуҷуд меояд мавҷуд аст.
Ассогузорони назарияи коррелятсия олимони англис Ф.Галтон (1822-1911) ва К.Пирсон (1857-1936) мебошанд. Истилоҳи коррелятсия аз табиатшиносӣ иқтибос карда шуда (забони англисӣ correlation) маънояш муносибат, мувофиқат мебошад.
Ҳангоми омўзиши алоқамандии ҳодисаҳо, ки омилҳои беруниро бинобар мавҷуд набудани онҳо ё ин, ки бинобар ғайриимкон будани таснифи онҳо, хориҷ кардан мумкин набошад усули коррелятсия истифода бурда мешавад. Бо усули коррелятсия омўзиш ва таҳлили алоқамандии ҳодисаҳо бо ду масъалаи асосӣ бояд ҳал карда шавад:

– бояд шарҳ диҳем, ки агар як ё якчанд омилҳо тағйир ёбанд, нишондиҳандаи натиҷавӣ ба ҳисоби миёна тағйир меёбад ё не, (масъалаи якум ба воситаи таҳлили регрессионӣ ҳал карда мешавад);
– дараҷаи таъсири омилҳои гуногун муайян карда шавад (масъалаи дуюм бошад, ба воситаи таҳлили коррелятсионӣ ҳал карда мешавад).
Барои муайян намудани алоқамандиҳои коррелятсионӣ як қатор тарзҳои гуногун истифода бурда мешавад, ба монанди: истифодаи маълумотҳои параллелии нишондиҳандаи х ва у дар n воҳид; усули графикӣ; усули гурўҳбандии таҳлилӣ (аналитикӣ); ҷадвалҳои коррелятсионӣ; ҳисобкунии коэффитсиентҳои коррелятсионӣ.
Дар таҳлили коррелятсионӣ ченкунии зичии алоқаи байни ду ва зиёда аломат (нишондиҳанда) бо ёрии коэффитсиентҳои махсуси коррелятсионӣ ба амал меояд.
Нишондиҳандаи зичии алоқаи байни аломатҳоро коэффитсиенти коррелятсия меноманд. Интихоби онҳо аз он вобастагӣ дорад, ки дар кадом ҷадвали қиёспазирӣ аломат чен карда шудааст. Ҷадвалҳои қиёспазирӣ инҳо мебошанд:

Ҷадвали қиёспазирии номиналӣ (номгўй) барои тасвири хусусияти (мансубияти) объектҳо ба гурўҳҳои муайяни иҷтимоӣ пешакӣ таъин (муқарар) карда шудааст. Ин номгуйҳо метавонанд мақсаднок (маънодор) ва рамзӣ (рақамӣ) шаванд. Ададҳо дар он ду муносибат доранд: ӯ ва ¹
Ҷадвали қиёспазирии тартибӣ (оддӣ) барои ченкунии объектҳои батартибовардашуда аз рўи як ё якчанд аломатҳо истифода бурда мешавад. Ба ин намуди ҷадвал баҳои донишҷуён мисол шуда метавонад. Муносибати байни аломатҳои дар ҷадвали қиёспазирӣ ченкардашуда инҳоянд: , ӯ.
3) Ҷадвали қиёспазирии миқдорӣ барои тасвири нишондиҳандаҳои миқдорӣ истифода бурда мешаванд. Масалан, музди меҳнати коргарон, арзиши молҳо ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.