Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Омори бойгарии давлат

Амволи милли – ин маҷмӯи боигариҳои миллие, ки дар натиҷаи ҷамъовардани маҳсули меҳнати истеҳсолии модди аз насл ба насл ҷамъоварда шуда.Ҳаҷми амволи миллӣ оиди сатҳи рушди иқтисодии мамлакат маълумот медиҳад.Маҷмӯи неъматҳои моддӣ, ки дар натиҷаи меҳнати наслҳои гузашта дар ҷамъият андӯхта шударо ва захираҳои табииро боигарии миллӣ меноманд.
Боигарии миллӣ аз ду қисм иборат мебошад:
1.боигарии амволи миллӣ
2.боигарии табии ҷудокардашуда;
Амволи милли – ин маҷмӯи боигариҳои миллие, ки дар натиҷаи ҷамъовардани маҳсули меҳнати истеҳсолии модди аз насл ба насл ҷамъоварда шуда.Ҳаҷми амволи миллӣ оиди сатҳи рушди иқтисодии мамлакат маълумот медиҳад. Ба амволи миллӣ дохил мешавад: бино, иншоотҳо, олоти меҳнати, таҷҳизотҳо, сохтмон ва ғайраҳо
Қисми дуюми боигарии миллӣ ин захираҳои табии ҷудокардашуда мебошанд, ки ба онҳо дохил мешаванд: олами ҳайвонот, наботот, канданиҳои фоиданок ва ғайраҳо.
Боигарии миллӣ мамлакат – ин боигарии моддие, ки ҷамъият дар ягон лаҳзаи муайян доро мебошад.
. Ба вазифаҳои оморӣ боигарии миллӣ тавсифи омори ҳаҷм, таркиб, динамика ва истифодаи самаранокии тамоми боигари ва унсурҳои он дохил мешаванд.
Вазифаҳои асосии омори боигарии миллӣ зеринанд:
– муайян намудани ҳаҷми умумии бойгарии милли ва таркиби он;
– Омӯхтани такрористеҳсолкунӣ ва ҷамъовардани бойгарии миллӣ;
-сохт ва бурдани назорат барои нигоҳҷдоштани он.
Омор бояд масъалаҳои амалӣ, ташкили мушоҳидаҳо ва мукамалгардонии усулҳои коркард ва маълумотро дар дараҷаи гуногун мувофиқи системаи нишондиҳандаҳо ҳал менамояд. Қисми муҳимтарини боигарии миллӣ фондҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ба вазифаҳои омӯзиши омори фондҳои асосӣ дохил мешаванд: ҳаҷм, таркиб, динамикаи фонди асосӣ, ошкор сохтани захираҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи фондҳо.
Воситаҳои истеҳсолӣ ва захираҳои сармоягузорӣ, ки фирмаҳо дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ худ истифода мекунанд, фондҳои истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад.Такрористеҳсол дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун гирдгардиши фондҳои истеҳсолӣ сурат мегирад.
Гирдгардиши фондҳо, ҳамчун гардиши арзиши захираҳои инвестисионӣ(фондҳои истеҳсолӣ, бо воситаи ҳавзаи истеҳсол ва муомилот сурат гирифта дар ҷараёни он се давраро (пули, маҳсулдеҳ, молӣ), паи ҳам аз сар мегузаронад.
Сармояи асосӣ(фондҳои асосӣ), қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошад, ки арзиши худро дар давоми сикли пурраи такрористеҳсол қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр гузаронида, бо тадриҷ дар шакли пул ба молики худ бар мегардад.
Дар амалияи хоҷагидори мо, сармоя аз ду нуқтаи назар: арзиш( пулӣ) ва шакли натуралӣ ҳисобу китоб. Дар шакли молию чизӣ(натуралӣ) ба сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ)биноҳои асосӣ,иншоотҳо,мошин, таҷҳизот,воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд.
Истеҳсолотҳои моддӣ соҳаҳои гуногун ва дар ҳар яке аз аз онҳо даҳҳо ва ҳазорҳо корхонаҳо амал мекунанд, бинобар ин таркиби фондҳо низ дар доирашон ҳархела ташкил мегарданд.Масалан, дар соҳаҳои мошинсозӣ ,нафту химия, электроэнергетика, вазни қиёсии биною таҷҳизот,дастгоҳу мошин ва ғайра бартарӣ доранд.Аз ҷиҳати таркиби технолгии фондҳои истеҳсоли, ҳамчун таносуби намудҳои гуногуни фондҳои асосӣ нисбат ба арзиши фондҳои умуми, дар доираи ҳар як корхона ҳарҳела сурат мегирад.
Қисми олотҳои меҳнат – мошинҳои корӣ,таҷҳизот, приборҳо, ки мустаҳқиман дар раванди тавлидот фаъолона иштирок намуда,ба самаранокии истеҳсолот таъсири мусбат мерасонанд аз ин сабаб онҳоро фондҳои фаъол меноманд.
Қисми дигари фондҳо, масалан биноҳои истеҳсоли, иншоотҳо афзалтар дар сифати шароити меҳнат хизмат менамоянд ва муътадил давом кардани раванди тавлидотро таъмин менамоянд. Онҳо нисбатан нофаъол, ё худ ғайримустақим ба самаранок истифода кардани фондҳои асосӣ таъсир мерасонанд.Аз ин ҷабҳа онҳоро фондҳои пассив(нофаъол) меноманд.
Яке аз аз роҳҳои баланд бардоштани самаронокии фондҳо – боздеҳи фондҳо мебошад

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда * 100
Бз ӯ —————————————————————–
Ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолӣ

Нишодиҳандаҳои боздеҳи фонд алоқамандии миқдори байни маҳсулоти тавлидшуда ва ҳаҷми фондҳои асосии истеҳсолии корхонаро ифода мекунанд.
Нишондиҳандаи акси боздеҳи фонд, фондғунҷоиш ном дорад.

Ҳаҷми фондҳои асосӣ 1
Фғ ӯ —————————————————– ӯ —————–
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда Бз

Фондғунҷоиш тақозоро ба фондҳои асосӣ, нисбат ба воҳиди натиҷаи арзиш ифода мекунад.
Фондҳои гардон, ҳамчун ҷузъи муҳимтарини фондҳои истеҳсолии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсолӣ (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд.Дар раванди тавлидот шакли натуралии ашёи худро гум карда арзишашонро пурра ба маҳсулот тавлид карда мегузаронанд.
Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсолӣ, яъне ашёи хом, материалҳои асосию ёрирасон, қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири ҷорӣ сузишворӣ ва ғайра ташкил меёбанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.