Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Мушоҳидаи интихобӣ

Мушоҳидаи интихобӣ ин чунин мушоҳидаест, ки қисми воҳиди маҷмӯи омӯхташавандаро дар асоси принсипҳои мукаммали илман интихобшуда, бо маълумоти саҳеҳӣ миқдорашон басанда таъмин намуда, тадқиқ мекунад.Мушоҳидаи интихобӣ ин чунин мушоҳидаест, ки қисми воҳиди маҷмӯи омӯхташавандаро дар асоси принсипҳои мукаммали илман интихобшуда, бо маълумоти саҳеҳӣ миқдорашон басанда таъмин намуда, тадқиқ мекунад.
Ҳангоми мушоҳидаҳои интихобӣ масъалаҳои зерин дида баромада мешаванд:
1.Муайян намудани объект ва мақсади мушоҳидаи интихобӣ.
2.Интихоби нақшаи ҷудокунии воҳид барои мушоҳида.
3.Ҳисобкунии ҳаҷми интихобӣ.
4.Гузаронидани интихоби тасодуфии воҳиди ададӣ аз маҷмӯи умумии муқараршуда.
5.Мушоҳидаи воҳидҳои интихобшуда аз барномаи муайяншуда.
6.Ҳисобкунии сифати интихобшуда мувофиқи барномаи мушоҳидаи интихобӣ.
7.Муайянкунии хатогиҳо ва миқдори онҳо.
8.Васеъкунии маълумоти интихобӣ аз маҷмӯи умумӣ.
9.Таҳлили маълумоти гирифташуда.
Афзаляти асосии мушоҳидаи интихобӣ аз инҳо иборат мебошанд:
Мушоҳидаи интихобиро аз рӯи барномаи хеле васеъ амалӣ
намудан мумкин аст.
Ҳароҷоти гузаронидани мушоҳидаи интихобӣ хеле кам мебошанд.
Мушохидаи интихобӣ дар ҳолатҳое анҷом дода мешавад, ки
ҳисоботро мо истифода бурда наметавонем.
Кам кардани вайроншави ва нестшавии объектхои тадкикшаванда (муайянкунии мустаҳкамии ресмон, санҷиши хушсифати консерва ва ғайра). 1 Норасогихои асосии мушохидаи интихобй инхо мебошанд. Маълумоти ҷамъовардашуда доимо хатогӣ доранд, натиҷаи мушоҳидаро мумкин аст фақат аз рӯи дараҷаи саҳеҳи муайяншуда баҳо дод. Лекин бо муқоисаи дигар намудҳои мушоҳида ин манзалати усули интихобист.
Барои гузаронидани мушоҳидаи интихобӣ кадрҳои баландихтисос лозиманд. Дар мушоҳидаи интихобӣ аз рӯи фарогирӣ маҷмӯъҳои омӯхташаванда аз якчанд намуд иборатанд:
Маҷмӯи умумӣ (генералӣ) – ҳамаи маҷмуи воҳидҳои омӯхташаванда, ки аз он қисми воҳидҳо интихоб мешавад маҷмуи умумӣ ном дорад;
Маҷмӯи интихобӣ – ҳамон қисми воҳидҳое, ки барои мушоҳида ҷамъоварӣ шудааст, маҷмӯи интихобӣ номида мешавад. Масалан, агар аз 1000 детал барои санҷиш 100 – то он гирифташуда бошад, он гоҳ ҳаҷми маҷмӯи умумӣ – 1000 детал буда, ҳаҷмӣ маҷмӯи интихобӣ – 100-то детали гирифташуда мебошад. Баъд аз он, оид ба объекта гирифташуда мушоҳида гузаронида мешавад, мумкин аст онро бо истифодаи ду тарз ба маҷмӯи умумӣ баргардонем ё ин, ки барнагардонем. Ин тарзҳо интихобӣ такрорӣ ва нотакрор мебошанд.
Интихобӣ такрорӣ гуфта ҳамон хел интихоберо меноманд, ки баъди он объекти гирифташуда ба мачмуи умумӣ баргардонида мешавад.
Дар интихобӣ нотакрор бошад, объекти гирифташуда ба маҷмӯи
умумӣ баргардонида намешавад.
Сифати натиҷаи мушоҳидаи интихобӣ аз ҳайати маҷмӯи умумии интихобшуда вобастагӣ дорад, дар акси хол бошад, ба чӣ андоза интихоб ваколатдор аст.
Ҳиссаи воҳиде, ки дар, маҷмӯи умумӣ аломати омӯхташавандаро қабул менамояд. ҳиссаи умумӣ мебошад. Бузургии миёнаи аломати тағйирёбандаи омӯхташавандаро миёнаи умумӣ меноманд. Вазифаи асосии тадқиқоти интихобӣ аз он иборат аст, ки дар асоси тасвир кардани маҷмӯи интихобӣ, дар маҷмӯи умумӣ оид ба нишондиҳандаҳои ҳиссаи умуми ва миёнаи умуми хулосаи аниқ диҳад.

2.Тарзҳои интихоб
Ваколатдории (репрезантативии) интихоб, на фақат аз кифоя будани миқдори воҳиди интихобшуда, балки ба кадом тарз онҳо интихоб мешаванд, вобаста мебошад. Барои таъмин намудани ваколатдории мушоҳидаи назоратии принсипи интихобӣ тасодуфии воҳид лозим мебошад. Принсипи тасодуфӣ тасмим мегирад, ки дохилкунӣ ва хориҷкунии объект аз интихобот бо ягон сабаби дигар таъсир расонида наметавонад, ба ғайр аз воқеаи тасодуфӣ.
Тарзҳои гуногуни ташкилкунии маҷмуи интихобӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи тарзҳои интихоб, ки ҳангоми усули интихобӣ дар тадқиқотҳои иқтисодӣ – оморшиносӣ истифода бурда мешаванд, ба ду гуруҳ тақсим намудан мумкин аст:
Тарзе, ки ҳангоми интихоб маҷмуи умумӣ пешакӣ ба гуруҳҳо ҷудо карда намешавад яъне интихобӣ аслии тасодуфӣ.
Тарзхое, ки баъд аз ҷудо намудани маҷмуи умумӣ ба қисмҳо хоста мешавад. яъне ба гуруҳи дуюм тарзҳои зерин тааллуқ доранд:
интихобй сериявӣ;
интихобӣ механикӣ;
интихобӣ типӣ (намудӣ);
интихобӣ омехта.
Интихобӣ аслии тасодуфӣ
Интихобӣ аслии тасодуфӣ чунин тарзест, ки воҳиди интихобӣ аз маҷмӯи умумӣ бо роҳи тасодуфӣ ҷудо кардани воҳиди алоҳида интихоб мешавад. Ин тарз бо ёрии куръапартой, ё ин, ки аз рӯи ҷадвали ададҳои тасодуфӣ гузаронида шуда ва дар ҳар ду ҳолат бо маҷмӯи унсурҳои умуми рақамгузорӣ карда мешавад.
Дар ҳолати якум барои ҳар яки унсурҳои маҷмӯи умумӣ муҳраҳои махсуси рақамдор, ё саққоҳо ташкил карда, дар зарфҳои пӯшида мендозанду бо диққат омехта менамоянд ва тасодуфан якто – якто мегиранд.
Дар ҳолати дуюм бошад, интихоби тасодуфии ададҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус, ки аз рақамҳои тартибӣ иборат аст, гузаронида мешавад. Масалан, ин ададҳо чунин буда метавонанд:
5489,5583, 3156, 0835, 1988, 3912.
Истифодабарии мувофикатии ин ададхо аз андозаи маҷмуъ вобастагӣ дорад: агар маҷмӯъ аз 1000 воҳид иборат бошад, он гоҳ рақами тартибии ҳар як воҳид бояд аз ададҳои серрақамаи 000 то 999 иборат бошад. Дар ин ҳолат рақамҳои тасодуфии дар боло овардашударо ба 8 рақами аввали воҳиди маҷмуи интихобиро чудо мекунем:
548,955, 833,156, 083, 519, 883, 912.
Бо ҳамин тарз, аз дигар сутунҳо адади иловагиро метавон гирифт. Тартибӣ таъиноти ададҳо дар ҳолатҳои ихтиёрии ҳаҷми умумии маҷмуи интихоби ҷудо карда шуда хеле мушкил менамояд. Акнун аз рақамҳои тасодуфии ҷадвал, пайдарҳамии бузургии тасодуфӣ дар фосилаи аз 0 то 1 баробар тақсимшуда ташкил карда мешавад. Инчунин, рақамҳои тасодуфиро аз рӯи алгоритми муайяншуда, ки бо ёрии МЭХ, ё дастӣ гирифта мешавад, метавон истифода бурд. Дар мисоли мо чунин ададҳоро метавон ҳисобид: 0.5489, 0.5583, 0.3156, 0.0835,0.1988,0.3912 ва ҳоказо.
Фарз мекунем маҷмӯи умуми аз 7328 воҳид иборат аст. Он гоҳ ба интихобот воҳид бо рақамҳои зерин бояд дохил шаванд: 7328 х 0.5489ӯ4022.3 ё 4022 7328 х 0.5583ӯ4091.2 ё 4091 7328 х 0.3156ӯ2312.7 ё 2313 7328 х 0.0835ӯ611.9 ё 612 7328 х 0.1988ӯ1456.8 ё 1457 7328 х 0.3912ӯ2866.7 ё 2867
Боз ҷараёни гузаронидани интихоби тасодуфиро дар мисоли зерин мебинем. Бигзор маҷмӯи умумӣ (генералӣ) аз чор воҳид иборат бошад (N ӯ 4), масалан сухан дар бораи коргарони дараҷаи ихтисосашон гуногун меравад. Дар ин воҳидҳо аломатҳои омӯхташавандаи зерин ба қайд гирифта шудааст:

Рақами тартибии коргарон 1 2 3 4
Дараҷаи тарифӣ 4 3 4 5

Интихоби аслӣ – тасодуфиро дар намуди интихоби такрор ва нотакрор гузаронидан мумкин аст. Хангоми интихоби такрорй хар як вохиди ба интихоб афтида пас аз тадкик; шуданаш бояд ба маҷмуи умумӣ баргардад.
Хангоми интихоби нотакрор хар як воҳиди хостаги шуда аз шумораи маҷмуи умумӣ хориҷ карда мешавад ва бинобар ин дар интихоб факат як маротиба афтида метавонад.
Аз руи натичаи интихоби такрории тасодуфии оддй гузаронида
шуда, ба параметр мачмуи умумй, ба хачми ду вохид мегузорем п ӯ
2. Дар мисоли мо, бо доштани дарачаи якхелаи эхтимолият мумкин
буд, ки аз 16 вохидхои мувофики имконпазир ва аз 16 интихоби
имконпазир яке аз онхо ба вучуд меояд.

Интизорияти математикии миёнаи интихобиро хисоб мекунем: М(х) ӯ J] х,р, ӯ 3,0 * 0,0625 + 3,5 * 0,25 + 4,0 * 0,375 + 4,5 * 0,25 + 5,0 * 0,0625 ӯ 4,0
Ҳамин тарик, х ӯ М(х) мебошад. Агар ба ивази pi зудиҳоро мувофиқи миёнаи интихоби истифода барем, чунин натиҷаро ба даст меорем:

Тамоили миёнаи интихоби аз маҷмуи умумӣ фақат 6 интихоб аз 16 – то баробари 0 мебошад. Дар дигар ҳолатҳо нишондиҳандаи интихоби ва миёнаи умумӣ мувофиқ намеоянд. Дар мисоли мо хатогии бо бузургии мутлақаш аз воҳид калон вонамехурад. Аз ин тамоилҳо бузургии миёнаро ҳисоб мекунем.
Дар назар дошт, ки маблағи тамоили бо ифодаи мутлақ гирифташуда баробари 0 аст, миёнаи нишондодашударо ҳамчун тамоили квадрати миёна ҳисоб мекунем.

Дар ин ҷо бузургии м ёфташуда хатогии миёнаи интихоби ном дорад. Эҳтимолияти пайдоиши хатогии муайяни интихоби бо ёрии теоремаи назарияи эҳтимолият ҳисоб карда мешавад.
Чи хеле дар боло қайд намуда будем, асоси назарияи усули интихоби ин теоремаҳои Чебишев П.Л., Ляпунов A.M., Бернулли Я., ва Пуассон С, мебошад. Теоремаи П. Л. Чебишев аз руи интихоботи тасодуфии такрорӣ имконияти муҳими муайянкардани миёнаи умумиро тасдиқ мекунад. Мувофики теоремаи П.Л. Чебишев ҳангоми ниҳоят бисер будани ҳаҷми интихоб ва дисперсияи маҳдуди маҷмуи умумӣ (генералӣ) эҳтимолияти он, ки фарқияти байни миёнаи интихоби ва миёнаи умумӣ то чй андоза кам лозим буда ба воҳид наздик шавад.

дар ин чо:
Р – эҳтимолияти нобаробарии дар қавс истода;

e- дилхоҳ адади мусбати ба қадри кофӣ хурд буда;
х – миёнаи умумӣ.
Аз ин теорема истифода бурда мо эхтимолияти ба вуҷудоии хатогии бузургии муайянро нишон дода наметавонем. Ба ин савол теоремаи A.M. Ляпунов ҷавоб медиҳад, ки соли 1901 исбот карда шудааст. Вай имкон медиҳад, ки хатогии максималии миёнаи интихобӣ ба тавассути мушоҳидаи миқдори зиёди кифояи новобаста ҳисоб карда шавад. Мувофиқи ин теорема ҳангоми миқдори зиёди кифоябудаи мушоҳидаи новобаста дар маҷмуи умумӣ бо миёнаи охирин ва дисперсияи махдудбуда, эҳтимолияти он ки ихтилофи байни миёнаи интихобӣ ва миёнаи умумӣ |х – х| бо қимати мутлақ аз ягон бузургии tм зиёд намешавад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.