Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Омори саноат

Дар зери маҳсулоти саноатӣ натиҷаи фаъолияти саноатӣ – истеҳсоли корхонаҳо дар намуди маҳсулот, корҳои иҷрошуда ва хизхматрасониҳои истеҳсолӣ фаҳмида мешаванд, яъне нуқтаи ибтидоии истеҳсолоти ҷомсеавӣ буда, ҷунбиш, ҳаракат, инкишоф ва пешрафти онро таъмин менамояд.1.Мақсади фаъолияти корхонаҳои саноатӣ – ин истеҳсоли маҳсулот мебошад. Миқдори вай аз сатҳи техники истеҳсолот, таъминноки бо захираҳои меҳнати, миқдор ва сифати ашҳё ва масолеҳ вобаста мебошад. Аз миқдори маҳсулот чунин нишондиҳандаҳои сифатӣ ва мақсади фоида, рентабелнокӣ ва қонун вобаста мебошад.
Дар зери маҳсулоти саноатӣ натиҷаи фаъолияти саноатӣ – истеҳсоли корхонаҳо дар намуди маҳсулот, корҳои иҷрошуда ва хизхматрасониҳои истеҳсолӣ фаҳмида мешаванд, яъне нуқтаи ибтидоии истеҳсолоти ҷомсеавӣ буда, ҷунбиш, ҳаракат, инкишоф ва пешрафти онро таъмин менамояд. Дар назди оморӣ маҳсулоти саноатӣ чунин вазифаҳои асосӣ гузошта мешаванд:
1.Таъмини дурусти ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар намуди натуралӣ ва арзишӣ барои омӯхтани динамикаи ӯ;
2.Назорати қатъи аз болои иҷроиши нақшаи истеҳсолии маҳсулот;
3.Мувофиқат намудани такмили иҷроиши нақша баланд бардоштани сифати маҳсулот.
Манбаи асосии маълумот ҳангоми омӯхтани истеҳсоли маҳсулот – ҳисоботҳои оморӣ мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноати корхонаҳо дар воҳидҳои ченаки натуралӣ, шарти – натуралӣ ва арзиши муайян карда мешаванд.
– Бақайдгирии маҳсулот дар намуди натуралӣ дар он аст, ки баъзе намудҳои алоҳидаи маҳсулотҳои саноатӣ дар воҳиди ченаки физикӣ муайян карда мешаванд.( тонна, метр ва ҳоказо). Дар ин ҳолат дар ҳисоботҳои оморӣ нишондиҳандаҳо аз рӯи маҳсулотҳои асосӣ нишон дода мешаванд.
– Бақайдгирии маҳсулот дар воҳидҳои ченаки шарти – натуралӣ, ин таъинотҳои истеъмолии якхела доранд.
Барои муайян намудани ҳаҷми умумии маҳсулотҳои гуногун методӣ арзишӣ истифода бурда мешавад, ки арзиши намудҳои алоҳидаи маҳсулот бо роҳи зарби намудани миқдор бо нархи воҳиди маҳсулот ёфта мешавад.
Мисол: комбинат дар як сол 5000 қуттӣ ширқанд истеҳсол намуд, ки нархи 1 банкаи он 2сомон50дирам мебошад.
Арзиши ҳамаи маҳсулотҳои дар як сол истеҳсолшуда 5000 * 2,5 ӯ 12500 сомон.
Ҳангоми чунин бақайдгири ду намуди нарх қабул карда мешавад:
А) нархҳои амалкунанда, яъне нархе, ки маҳсулоти истеҳсолшуда фурӯхта мешавад;
Б) нархҳои муқоисавӣ – дар нархҳо ягон давраи базисӣ тақозо карда мешавад.
Маҳсулоти саноатӣ – ин қисми маҳсулоти умумии дохилӣ( МУД) ва маҳсулоти умумии беруна (МУБ), ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол мешаванд.
Аз сатмҳои тайёрӣ маҳсулоти саноатӣ ба маҳсулотҳои тайёр, нимтайёр ва истеҳсоли нотамом тақсим мешаванд.
– маҳсулоти тайёр – ин маҳсулотҳое, ки дар оянда коркард карда намешаванд ва барои қонеъ гардонидани аҳолӣ пешкаш мешаванд. Маҳсулоти тайёр бояд ба талаботҳои техникӣ ва стандартии сифат ҷавобгӯ бошад;
– маҳсулот нимтайёр – ин маҳсулотҳое, ки истеҳсолашон дар сех ба охир расидааасту, аммо бояд, ки дар дигар сехҳои корхона коркард карда шавад;
– истеҳсоли нотамом – ин маҳсулотҳое, ки коркарди онҳо дар ин ё он сехи корхона сар шуда аст, аммо ба охир нарасидааст.
Ба маҳсулотҳои саноатӣ инчунин дохил мешаванд:
А) маҳсулотҳои хоҷагӣ (подсобное) ва воситаҳои ёрирасон (қувваи барқ, боғ, асбобҳо ва ғайра);
Б) корҳое, ки характери саноатӣ доранд ва бо фармоиши мизоҷон иҷро карда мешавад (рагу бор, суфтакунӣ);
В) арзиши таъмирҳои капиталӣ ва модернизаӣияи таҷҳизотҳои худлӣ ва воситаҳои нақлиётӣ.
Маҳсулоти саноатӣ аз рӯи ҳисоботҳои омории корхона дар намуди натуралӣ ва арзиши ифода меёбад.Барои муайян намудани умумии маҳсулот, Ки аз тарафи корхона, иттиҳодияҳоии саноатии истеҳсолӣ истеҳсол шудааст, дар намуди нишорндиҳандаҳои арзишӣ истифода бурда мешаванд: гардиши умумӣ, маҳсулоти фурӯхташаванда.
Гардиши умумӣ (валовқй оборот) –ин арзиши умумии маҳсулот, ки аз тарафи ҳамаи сехҳои корхона пешниҳод карда шудааст, барои аз нав коркарди он ё ки барои фурӯш мебошад. Аз ҳамин сабаб гардиши умумӣ счети такрориро дар бар мегирад. Нишондиҳандаҳои гардиши умумӣ барои ба нақшагирии дохили корхона дар баъзе ҳолатҳо барои ҳисоб намудани маҳсулоти умумӣ истифода бурда мешавад.
Маҳсулоти умумӣ – ин нишондиҳандаҳои арзиши натиҷативии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар ягон давраи муайян мебошад. Маҳсулоти умумӣ дар таркиби худ арзиши ҳамаи маҳсулотҳои тайёр ва нимтайёр( ба ғайр аз арзиши маҳсулотҳои нимтайёри аз нав кор кардашуда) арзиши маҳсулотҳои хоҷагӣ ва сехҳои ёрирасоне, фурӯши маҳсулотҳо ба дигар корхонаҳо ичунин арзиши корҳои иҷрошудаи саноатӣ дошта, ки аз тарафи мизоҷон ва хоҷагиҳои ғайриистеҳсолӣ фармоиш дошта ва сохторҳои корхонаҳои худдӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.