Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Омори нарх

Нарх – яке аз категорияҳои асосии иқтисод ба ҳисоб меравад, ки ифодаи пули арзиши мол мебошад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нархҳои бозоргонӣ мувофиқи талабот ва пешниҳод амал мекунад.1.Нарх – яке аз категорияҳои асосии иқтисод ба ҳисоб меравад, ки ифодаи пули арзиши мол мебошад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нархҳои бозоргонӣ мувофиқи талабот ва пешниҳод амал мекунад. Дар ин ҳолат нарх шахсонеро ҳавасманд мегардонад, ки имкониятҳои мавҷудаи худро бо таври ратсионалӣ барои гирифтани натиҷаҳои охирин истифода мебаранд, инчунин техника ва технологияи пешқадамро ҷорӣ менамоянд равона карда шудааст.
Вазифаҳои асосии омори нарх зеринанд:
– маълумот оиди ҳолати бозор;
– омӯхтани сохти нарх ва раванди нархгӯзорӣ;
– таҳлили таносуби нарх бо намудҳои алоҳидаи молҳо;
– динамикаи нарх.
Барои иҷро намудани ин вазифаҳо омори нарх сатҳи миёнаи нархро ҳисоб менамояд, қаторҳои динамикаи нархро барпо менамоянд. Индекси нархро аз рӯи гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо, аз рӯи гурӯҳи молҳо ва умуман аз рӯи ҳамаи гардиши мол ҳисоб менамояд.
Намудҳои зерини нарх мавҷуд мебошанд:
– нархи чакана, нархи яклухта, нархи озод, нарзи мавсимӣ, нархи бозоргонӣ, нархи давлатӣ.
Нархи чакана – ин нархе, ки молҳо аз тарафи нуқтаҳои савдои чакана ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд яъне аҳолиро бо мол таъмин менамояд.
Нархи яклухта – ин нархе, ки молҳо ба корхонаҳои савдо фурӯхта мешаванд яъне савдои чаканаро бо мол таъмин менамояд.
Нархи озод – ин нархе, ки аз тарафи фурӯшанда гузошта мешавад.
Нархи мавсимӣ – ин нарх вобаста ба мавсими сол ба ҳар як намуди мол вобаста мебошад.
Нархи бозоргонӣ – ин нархе, ки байни харидору фурӯшанда ба амал меояд.
Нархи давлатӣ – ин нархе, ки аз тарафи давлат гузошта мешавад.
Нархи молҳо дар давраи сол тағир ёфта меистанд, ки зарурият ба ҳисоб намудани нархҳои миёнасолона, семоҳа ва миёнамоҳона ба амал меоянд. Нархҳои миёна дар вобастагӣ аз қимматҳои додашуда бо тарзҳои гуногун ҳисоб карда мешаванд. Яке аз паҳнгардидатарини огҳо ин миёнаи арифметикӣ оддӣ, ки аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Х1 + Х2 + Х3 …….Хп
Ха ӯ ——————————-;
п

Мисол:
Нархи 50 кг орди олӣ бозори шаҳр дар квартали 1 – ум тартиб дод:
Март – 130 сомон
Апрел – 120 сомон
Май – 110 сомон

Муайянкарда шавад миёнамоҳонаи нархи 50 кг орди олӣ?
130 + 120 + 110
Ха ӯ ——————————- ӯ 120
3

Дар дигар ҳолатҳо нархҳо кам тағир меёбанд, ки аз рӯи миёнаи арифметики мушоҳидавӣ ҳисоб карда мешаванд:
Х1 * f1 + Х2 * + Х3 * f2………..Хп *f п
Хаf ӯ ————————————————————-
F1 + f2 + f3 …….fп

Мисол:
Маълумотҳо оиди фурӯши нок дар бозори шаҳр дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Моҳҳо
Нархи 1кг. нок, сомон

Фурӯши нок
кг.

Октябр

2,5

150

Ноябр

2,5

750

декабр

3,5

950

Нархи миёнаи фурӯши 1кг нок муайян кардашавад?

2.5 * 150 + 2.5 * 750 * 3.5 * 950
Хаf ӯ —————————————————- ӯ 3
150+ 750 +950
Яъне нархи миёнаи нок дар семоҳа 3 сомон мебошад.

ё, ки аз рӯи формулаи миёнаи хронологӣ ҳисоб карда мешавад:
Х1 Хп
———– + Х2 + Х3 + Х4 …———–
2 2
Ххр ӯ ——————————————————:
П – 1

Мисол:

Гардиши чаканаи мол дар кварталҳои зерин ташкил дод:
1март – 155000
1 апрел – 165000
1май – 176000
1 июн – 196000

155000 196000
———– + 165000 + 176000 + ———–
2 2
Ххр ӯ —————————————————————— ӯ 172166.6
4 -1

Индекси нарх ин нишондиҳандаи асосӣ, ки оиди тағирёбии нарх аз рӯи гурӯҳи молҳо ё, ки азрӯи ҳамаи молҳо умуман маълумот медиҳанд. Индекси нарх барои муайян намудани фоидаи аҳолӣ аз паст намудани нарх, барои муайян намудани қобилияти харидории арзиши моллӣ, сурати афзоиши беқурбшавӣ ва инчунин барои ҳисоб намудани динамикаи нарх ҳисоб карда мешавад.
Барои омӯхтани динамикаи нарх методи индекси истифода бурда мешавад. Бо воситаи методи агрегати ҳисоб карда мешавад: индекси агрегатии нарх, индекси агрегатии миқдор ва гардиши мол.

Индекси агрегатии нарх аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
p 1* q 1
jР ӯ ————–;
p 0 * q1

Индекси агрегатии миқдорӣ (физикӣ) аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

q 1* p 0
jq ӯ ————–;
q0 * p 0

Индекси агрегатии гардиши мол аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

p 1* q 1
j pqӯ ————–;
p 0 * q0 *

Мисол:
Аз рӯи нишондиҳандаҳои додашуда муайян намоед:
1. Индексҳои агрегатӣ.
А) гардиши мол,
Б) ҳаҷми физика,
В) нарх

Ҷамъи сарфа ё хароҷоти зиёдати аз тағирёбии нарх.
Номгӯи молҳо

Давраи базиси

Давраи ҳисоботи

Миқдори молҳо, кг.

Нархи молҳо сомони

Миқдори молҳо, кг

Нархои воҳиди молҳо. сомони

Гӯшт

2850

16,5

21000

16,8

Биринҷ

2760

3,4

2850

4,4

Пиёз

2970

0,5

2950

0,7


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.