Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Ҷомеашиносӣ ҳамчун илм

Ҳар як шахс бо мафҳуми «ҷомеашиносӣ» борҳо дар ҳаёти ҳаррӯза вомехӯрад. Имрӯзҳо тавассути радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо натиҷаи тадқиқоти гуногуни иҷтимоӣ эълом мегарданд.Ҳар як шахс бо мафҳуми «ҷомеашиносӣ» борҳо дар ҳаёти ҳаррӯза вомехӯрад. Имрӯзҳо тавассути радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо натиҷаи тадқиқоти гуногуни иҷтимоӣ эълом мегарданд. Марказҳои омӯзиши афкори умум, хадамоти ҷомеашиносии порлумонҳо, президентҳо, институтҳои тадқиқоти иҷтимоӣ афкори оммаро оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ меомӯзанд. Тавассути тадқиқоти иҷтимоӣ обрӯю мақоми ҳизбҳо, сиёсатмадорону роҳбарон, вазъи бозори меҳнат, талабот, нарху нархгузорӣ, дараҷаи сифати зиндагии мардум омӯхта мешаванд. Оё метавон гуфт, ки бо доираи ин мавзӯъҳо вазифа ва мақсадҳои ҷомеашиносӣ ба охир мерасанд? Албатта, не.
Ҷомеашиноӣ илм, соҳаи махсуси дониш аст. Он илми мустақил дар бораи қонуну қонуниятҳои умумӣ ва махсуси мавҷудияту инкишофи низомҳои иҷтимоии таърихан муайян, дар бораи тарзи амалу шаклҳои зуҳуроти ин қонуну қонуниятҳо дар фаъолияти шахсиятҳо, умумиятҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Мафҳуми «ҷомеашиносӣ» ба маънои маъмули «сотсиология» аз ду таркиб: калимаи лотинии societas – ҷамъият, ҷомеа ва калимаи юнонии logos – таълимот, илм таркиб ёфтааст, ки якҷоя илм дар бораи ҷамъият, ё ҷомеашиносӣ тарҷума мешавад. Ин мафҳумро ба илм файласуфи фаронсавӣ Огюст Конт дохил кардааст.
Ҷомеашиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри XIX дар натиҷаи ба соҳаҳои алоҳида ҷудо шудани фалсафаи анъанавии иҷтимоӣ, махсусгардонӣ ва кооператсияи фанҳои ҷамъиятӣ, инкишофи тадқиқоти таҷрибавию иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст.
Ҷамъият объекти маърифати бисёр илмҳост, аз ҷумла, фалсафа, таърих, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайра ҷомеаро аз нуқтаи назари гуногун меомӯзанд. Маърифати иҷтимоии ҷамъият бошад, аз ин фанҳо фарқ мекунад.
Ҷомеашиносӣ бештар ба фаъолияти иҷтимоии одамон, муносибатҳое, ки дар рафти ҳаёти якҷояи онҳо ба вуҷуд меоянд, робита ва таъсири тарафайни омилҳои объективию субъективӣ, тарафҳои моддию маънавии ҳаётро аз нигоҳи фаъолияти бошууронаи одамон баррасӣ менамояд.
Мафҳуми иҷтимоъ аз мақулаҳои марказии ҷомеашиносӣ буда, он ҳаёти якҷояи одамонро, ки бо ҳамкориву ҳамдастӣ ва муносибатҳои гуногун алоқаманданд, ифода менамояд. Ба ин маънӣ ҳикматҳои мутафаккири бузург Мирзо Бедил ҷолибанд:
Гар офият аст, гар шикаст аст ин ҷо,
Аз соғари аъмоли ту маст аст ин ҷо.
Дастат гирад касе, ки дасташ гирӣ,
Музди ҳама кас даст ба даст аст ин ҷо.
Ба ташаккули ҷомеашиносӣ ҳамчун фан омилҳои зерин замина гаштаанд:
– ташаккули худшиносии олимони ҷомеашинос, дарки объекти махсуси тадқиқоти илмӣ;
– арзи вуҷуд намудани нашрияҳои махсуси давр;
– ташкил шудан ва ба нақшаи таълимии мактабҳои олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо ворид гаштани фанни ҷомеашиносӣ;
– бунёди таълимгоҳҳои махсусгардонида оид ба ҷомеашиносӣ;
– ташкили иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо, дигар сохторҳои милливу байналмилалӣ оид ба ҷомеашиносӣ.
Дар мамлакатҳое, ки ин омилҳо мавҷуд буданд, аз солҳои чиҳилуми қарни Х1Х раванди ташаккули ҷомеашиносӣ ҳамчун фан сурат гирифт.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.