Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Оила – муҳимтарин институти иҷтимоӣ

Оила намунаи оддӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ мебошад. Он, як навъ, иттиҳоди одамон аст, ки ба никоҳ ва хешовандии хунӣ дар ҳаёти муштарак ва ҷавобгарии тарафайни онҳо асос меёбад.Оила намунаи оддӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ мебошад. Он, як навъ, иттиҳоди одамон аст, ки ба никоҳ ва хешовандии хунӣ дар ҳаёти муштарак ва ҷавобгарии тарафайни онҳо асос меёбад.
Ҳанӯз дар ибтидо асоси оиларо никоҳ ташкил медод. Никоҳ шакли таърихии муносибатҳои тағйирёбандаи иҷтимоии байни зану мард буда, ҳаёти ҷинсӣ, ҳуқуқу вазифаҳои заношӯиро таъйин ва танзим менамояд.
Оила чун институти иҷтимоӣ якчанд зинаҳоро аз сар мегузаронад. Одатан чунин зинаҳо муайян гаштаанд: а) ба никоҳ даромадан – ташкили оила; б) ибтидои фарзанддоршавӣ – тавлиди кӯдаки аввал; в) хотимаи тавлид – соҳиби фарзанди охирин гаштан; г) «лонаи холӣ», яъне ба никоҳ даромадан ва оилаи алоҳида ташкил намудани фарзандон; ғ) қатъи мавҷудияти оила – фавти зан ё шавҳар.
Оила вазифаҳои гуногун ва муҳими иҷтимоиро иҷро мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо тарбиявӣ, маишию рӯзгордорӣ, иқтисодӣ, назорати иҷтимоӣ, муоширати маънавӣ, мақоми иҷтимоӣ, ташкили истироҳат, равонӣ ва ғайра мебошанд.

Саволҳо барои санҷиши дониш

Институти иҷтимоӣ чист?
Кадом институтҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд?
Таърифи институти иҷтимоиро медонед?
Асосгузорони равияи мактаби институтсионалӣ киҳоанд?
Иҷтимоигароӣ чист?
Дисфунксияи институти иҷтимоӣ чӣ маънӣ дорад?
Оила кадом вазифаҳои иҷтимоиро иҷро мекунад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.