Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Марҳилаи ниҳоии тадқиқоти иҷтимоӣ ин коркард, таҳлил ва тавсифи ахбори бадастомада, хулосабарорӣ ва пешниҳоди тавсияҳои илм мебошад.Марҳилаи ниҳоии тадқиқоти иҷтимоӣ ин коркард, таҳлил ва тавсифи ахбори бадастомада, хулосабарорӣ ва пешниҳоди тавсияҳои илм мебошад. Коркарди маводи таҷрибаи ҷамъшуда унсурҳои зеринро дарбар мегирад: а) таҳрир ва рамзигардонии ахбор; б) тағйир додани гузориши баъзе саволҳо бо мақсади гирифтани ҷавоби аниқ; в) таҳлили омор.
Вобаста ба усули ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ усулҳои гуногуни коркард ва таҳлили онҳоро истифода мебаранд. Масалан, агар тадқиқотчӣ маълумотро асосан аз ҳуҷҷатҳои расмӣ ба даст оварда бошад, дар ин ҷо ду усул истифода мешавад: ғайрирасмӣ (анъанавӣ) ва расмӣ (контент-таҳлил).
Таҳлили анъанавӣ тибқи мақсади тадқиқот асосан ба идрок, фаҳмиш ва шарҳи мазмуни ҳуҷҷатҳо такя менамояд.
Таҳлили расмӣ (контент-таҳлил, яъне таҳлили мазмун) бо ёрии ақлу ҳадс, фаросат аз байни маводу ҳуҷҷатҳои бисёр ҷудо карда гирифтани ахбори зарур мебошад. Ин усули таҳлил, пеш аз ҳама, ба омӯзиши паҳлӯи омории матн нигаронида шудааст.
Таҳлили анъанавӣ ба стандартикунонии тарзи ҷустуҷӯ, муайян намудани воҳиди ҳисоб дар матн, ки дар он калимаҳои алоҳида (мафҳумҳо, номҳои ҷуғрофӣ, ному насаби сиёсатмадорон ва ғайра), муҳокимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо, сархатҳо, намунаҳо аз матн ва маводи чопшудаи гуногун вуҷуд доранд, нигаронида шудааст. Воҳиди ченак вобаста ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштаи тадқиқотчӣ муайян карда мешавад.
Ҳангоми коркард ва таҳлили ахборе, ки тавассути пурсиш ба даст меояд, усулҳои таснифи мавод аз рӯи аҳамиятнокӣ (ранжирование), пайдарҳамӣ (шкалирование), мувофиқатсозӣ (коррелятсия) ва ғайра ба таври васеъ истифода мешавад.
Баъди ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ онро ба танзим медароранд. Агар мавод ҳаҷман кам бошад, онро ба тариқи дастӣ, агар бисёр, онро тавассути технологияҳои махсус ба тариқи мошин танзиму таҳқиқ менамоянд. Баъди омӯзиш онро ҷамъбаст ва хулоса мекунанд. Ниҳоят, дар заминаи он ҳисоботи илмӣ ё мақолаи илмӣ менависанд, ки дар он андеша, тавсияву пешниҳодҳои мушаххас бо санаду ҳуҷҷат ва рақамҳои аниқ асоснок карда мешаванд.

Саволҳо барои санҷиши дониш
Тадқиқоти таҷрибавии иҷтимоӣ чанд марҳиларо дарбар мегирад?
Усулҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ кадомҳоанд?
Усули пурсиш чист?
Истифодаи усулҳо оё аз объекти тадқиқот вобаста аст?
Баъди ҷамъоварии ахбор кадом корҳо пеш меоянд?
Агар ахборро аз ҳуҷҷати расмӣ гирифта бошанд, онро бо кадом роҳ таҳлил менамоянд?
Тадқиқоти таҷрибавии иҷтимоӣ бо чӣ анҷом меёбад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.