Воскресенье, Февраль 17Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик

Ашъори шоирони форсу тоҷик ва шоирони дигар миллату халқиятҳо

Шеър ва суруд дар васфи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Минбарат аз партаи мактаб, Минбарат аз дарзаи деҳқон. Раҳбарӣ аз ҷуши мардум, Аз кафи дасти хиёбон. Пешвои миллати Зардушт, Пешвои миллати Асад. Пешвои миллати Беҳзод, Пешвои миллати тоҷик. Пешвои миллати Сино, Пешвои миллати Айнӣ. Пешвои миллати Восеъ, Пешвои миллати тоҷик. Аз дари оташ гузаштӣ, чун Сиёвуш, Кардӣ оташро ту хомуш. Аз сари сарҳад гирифтӣ, ҳар муҳоҷирро дар оғуш, Ҷангро кардӣ фаромуш. Пешвои миллати Зардушт, Пешвои миллати Асад. Пешвои миллати Беҳзод, Пешвои миллати тоҷик. Пешвои миллати Сино, Пешвои миллати Айнӣ. Пешвои миллати Восеъ, Пешвои миллати тоҷик. Давлататро карда кафшер, Бастакори нақби Шаршар. Бастакори нақби Анзоб, Бастакори Чормағзак. Бастакори ГЭС-и Роғун, Ҳамчу оҳан. Ҳамчу чӯян, Ҳамчу пӯлод. Давлататро карда кафшер,

Шўри худо. Гузораи «маснавии маънавӣ»-и Мавлоно.

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
       Шўри худо. Гузораи «маснавии маънавӣ»-и Мавлоно.    Мусиқӣ Бишнав аз най чун шикоят мекунад, Аз ҷудоиҳо ҳикоят мекунад. К-аз наистон то маро бибридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Сина хоҳам шарҳа шарҳа аз фироқ, То бигўям шарҳи дарди иштиёқ. Ҳар касе к-ў дур монд аз асли хеш, Боз ҷуяд рўзгори васли хеш.    Мусиқӣ Ман менолам ва мемўям, ман нойи сухангўям, хостгоҳи нолиши ман ҷудоист, ҷудо гаштан аз найситоне, ки дар он рўида будам. Дар он найиситон рангу бўе дар кор набуд, чаҳорсўе набуд, баландиву кутоҳӣ набуд, норасоиву расоӣ набуд, дар он найистон ҳамаи нойҳо баробар ва якандоза буданд, найистон сарои оромиш буд, найистон равшан буд ва мо ҳама бесоя Ва чун маро буриданд, чунон ки аз гулўи бурида хун чакид, ашк аз ду сўям, аз ду сарам, аз ду чашмам р

Шеърз аз Ҷалолиддини Балхӣ

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,К-аз найистон то маро бубридаанд,Дар нафирам марду зан нолидаанд.Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ,То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,Аз даруни ман наҷуст асрори ман.Сирри ман аз нолаи ман дур нест,Лек чашму гӯшро он нур нест. (далее…)

Ба муносибати солгарди Истиқлоли Тоҷикистон

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Эй шӯълаи тобанда фардот дурахшон бод!Насли ману оянда фардот дурахшон бод!Бархез ки то хезад ҷамъияти хобидаЭй миллати дилзинда фардот дурахшон бод!Мо уқдакушоёнем, созандаи фардоемБахшандаву созанда, фардот дурахшон бод! (далее…)

Мирзо Турсунзода

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,Ин қадар беҳуда дилтангам макун.Гашта-гашта дар сафар боз омадам,Боз дар наздат ба парвоз омадам,Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,Ин дили ман манзили ёду ту буд,Ёди руи ҳуснободи ту буд. (далее…)

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Шеърҳои ошиқи аз Лоиқи Шералӣ

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияшШабе бепечутоб ором хуфтаст?Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияшБа номи духтаре шеъре нагуфтаст? (далее…)

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Суруди некӣ

Шеърҳо аз шоирони форсу тоҷик
Дунёи савдо бигзарад,Андӯҳи дилҳо бигзарад,Ҳам навбати мо бигзарад,Аммо ба зери осмонҲамчун замини бекаронНекӣ бимонад ҷовидон. (далее…)