Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Для школьников

Для школьников от InfoPage.TJ

Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Для школьников
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст. (далее…)

100 мӯҷизаи биологӣ

Для школьников
Паррандаҳое, мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна ва ғ.) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад. Дар Африқо дарахте мавҷуд аст, ки аз худ рӯшноӣ медиҳад, зеро дар таркиби ин дарахт миқдори зиёди фосфор мавҷуд аст. Аҷибаш дар (далее…)

Шарафи одамӣ аз илм аст

Для школьников
Инсон мисли ҳар як мавҷуди дигари худовандӣ пас аз арзи вуҷуд намудан давраи камолотро сипарӣ мекунад, камолоти ҷисмонӣ ва камолоти маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки ба инсон ҳадья шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми мазоҳиру падидаҳои печдарпечу мухталифу пуртаззодаш доинста мегирад. Инсон ҳамчун хулосаи ҳастӣ аз замоне, ки худро мешиносад ба шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мекунад. Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахшиши моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати васоити нақлиёт, хуласи калом ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи

Чароғи хона мегуянд модар, занро…

Для школьников
  Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,   Норасида бодае дар ҷом мемондем мо. Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест. Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Дар оғўшат тамоми оламро фаромўш мекунанд. Худро мисли кўдаки навз

Одамиро ақл ҷони дигар аст

Для школьников
Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, ку он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Ку он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар Афғонистон, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ? Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дўстиву баро-дарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон. Чун худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ў бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр

Мероси ниёгонро пос дорем

Для школьников
Мо насли ҳозира бояд мероси ниёгони худро эҳтиром намоем, то насли оянда моро эҳтиром намоянд. То оне, ки насли оянда моро ба дигарон ҳамчун «Садриддин Айнӣ»-ву «М. Турсунзода» муаррифӣ нанамоянд. То оне ки онҳо соҳиби фарҳангу маданияти баланд гарданд. Ба ояндагони худ эҳтиром намудани гузаштагони худро омўзонем, то онҳо аз насли гузаштаи худ ифтихор дошта бошанд. Биёед ба онҳо аз худ чизеро ба онҳо боқӣ монем. Чизеро, ки онҳо аз мо ба хубӣ ёд кунанд. Чизеро, ки мо аз гузаштагони худ ба мерос гирифта будем. Мо бояд ба ояндагони худ ҳамонеро мерос монем, ки гузаштагони мо онро бароямон мерос гузошта буданд. Дар ҳолати акс он чиз аз эҳтимол дур нест, ки ояндагони мо низ бар сари мо санги фалахмон мезананд, чи хеле ки ин санги фалахмонро мо насиби гузаштагони худ кардем. Куҷо шуд он ш

Ифтихори миллй

Для школьников
   Тоҷикистон, Тоҷикистон,    Мекунам шукри каму бисёри ту.    Мекунам шукрона аз озарму озори ту,    Аз ту ман сарват намехоҳам.    Ватан ҳастӣ, бас аст,    Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст. Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз давлату давлтдорӣ дорем. Тоҷикистон! Ҳар пораи сангат, ки порае аз туст, бароям азиз аст. Рўди равонат ба ман роз

Бунёди сохтмонҳои азим – бунёди рушди кишвар аст

Для школьников
Роҳҳо ба пеш мераванд, ба дуриҳои дур мераванд. Онҳо интиҳо надоранд. Гоҳо ба худ мисли мўйи сўхта мепечанд, гоҳе нишеб мешаванд, гоҳе рост мераванад. Роҳҳо ба пеш мераванд, шахсро ба сўйи хонаи умед раҳнамун месозанд, дилҳоро ба ҳам мепайванд, зеро гуфтаанд: «Роҳҳо пайванди дилҳо».Роҳҳо дар худ розҳои садсолаҳоро ниҳон медоранд. Бо шунидани он шахс ангушти ҳайрат мегазад, ба худ суол мекунад: «Наход роҳе, ки ба худ сабру таҳаммул пеша кардааст, чунин имтиҳони вазнини ҳаётро аз сар гузаронида бошад? Наход он шоҳиди чунин ҳодисоти бузург, наҷибу нотакрор гашта бошад? Пас барои чӣ он хомўш аст? Магар он намехоҳад ин розҳо ошкор гарданд? Пас чи сире нуҳуфта дар Роҳи бузурги абрешим? Тохту тозҳо, сўхтанҳову пухтанҳо, пайвандиҳову ободкориҳо. Бо худ чи ниҳон дорад шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бўс

Аз таърих сабақ бояд омӯхт

Для школьников
Таърих худ устоди бузурги ҳаёт буда, таълимдиҳандаи инсон ба шумор меравад. Гузашти вақт, ки дар саҳифаҳои таърих бо талхиву шириниаш сабт мегардад, таҷрибаи муайяни зиндагиро ба вуҷуд меорад. Аз гузашта сабақ меомўзанд, сабақи гирифтаи худро баҳри таълим ва тарбияи насли наврас истифода мебаранд, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд. Он чиз беҳуда нест, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ҳатман шахсони калонсол даъват карда мешавад, он чиз беҳуда нест, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ҳатман бо шахсони калонсону рўзгордида маслиҳат карда мешавад, дуои неки онҳо гирифта мешавад.     Ҳар рўзе, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад, як таҷрибаи бои зиндагист. Таҷрибаи бои зиндагист, ки аз он сабақ гирифта мешавад. Беҳуда нагуфтанд, моргазида аз ресмони а

Ҳифзи муҳити зист

Для школьников
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки муносибати инсон бо табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад. Ҳифзи муҳити зисти одамон кори тамоми инсоният аст. Ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи он масъалаи дастаҷамъӣ мебошад. Ҳалли ин масъала амалӣ сохтани чорбиниҳои давлатиро, ки ба муҳофизати экосистема равона карда шудаанд, дар бар мегирад. Ман истироҳатро дар табиат дӯст медорам. Бисёртар қадамзаниро дар ҷангал ё ин ки дар дарёҳо шино карданро. Аммо вақтҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки баҳрҳо ва дарёҳо, ҷангалҳо ва буттазорҳо хело ифлос шудаанд, хусусан барои наслҳои оянда. Баҳсҳои зиёд ҳаст, дар бораи ҳифзи табиат. Дар мактаб мавзӯи “Ҳифзи муҳити зист” гузаронида шуд. Ин дарсҳо баррасии вазъ дар ҷаҳон, дар бораи чӣ тавр ба осонӣ барқарор кардани табиат буд, аммо он хеле душвор аст. Ба одамон лоз