Барандаи 1:
1. Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом,
Ҳар кӣ моро дӯст дорад дӯстдоронро салом.
Ҳар кадоме пеш гуяд, эй сарбозон зинда бош,
Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом.
Салому дуруди моро бипазиред, омузгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар саҳна бесабаб нест. Мо имруз ҷамъ омадем, то рӯзи саиду фархунда – __ солагии «Рӯзи артиши миллӣ» – ро ҷашн гирем.
Парчами миллӣ бароварда шавад.
Барандаи 2:
2. Эй дустони меҳрубон меҳроварон хуш омадед,
Иззатшиносу қадрдон соҳибдилон хуш омадед.
Шодем аз дидори дӯст аз лутфу аз гуфтори дӯст,
Дар маҳфили гулбоғи дӯст ай гулрухон хуш омадед.
23-юми феврал тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзхои ид ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Барандаи 1:
3. Ай ҳамватанон зӣ хоб бедор шавед,
В-аз мастии кибру ноз хушёр шавед.
Барандаи 2:
4. Аз ғафлуту аз нифоқ дурӣ ҷуед,
Дар ҳифзи Ватан ба ҳамдигар ёр шавед.
Барандаи 1:
5. Хонандагон ба саҳна даъват карда шаванд.
Барандаи 2:
6. Суруди миллӣ садо дода шавад.
Барандаи 1:
7. Ватан обу хоку ҳавоям туӣ,
Ватан чун шиору ливоям туӣ.
Чу модар бузургу азизу қарин,
Ватан ҳарфи поки садоям туӣ.
Барандаи 2:
8. Тоҷикистони азизам, гулшани зебои ман,
Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилу маъвои ман.
Сар ба саҷда мегузорам ман ба номат эй Ватан,
Аз барои ҳифзи ҳар як буттаю хорат Ватан.
Барандаи 1:
9. Шеъри ҳифзи Ватан (Суруди садоқат) дар иҷрои хонандагон.
Барандаи 2:
10. Чихеле, кӣ ба мо маълум аст, бузургии ҳар як давлат ба ҳастии армия (сарбози Ватан) яъне артиш хос аст ва артиши миллии худро дорост. Вазифаи ҳар як сарбоз марзҳои худ ва сарҳадашро посбонӣ намудан аст.
Барандаи 1:
11. Шеъри Ватан дар иҷрои _______
Барандаи 2:
12. Ватан олами бегазандам туӣ,
Ватан риштаву тору бандам туӣ.
Ватан кишвари дилписандам туӣ,
Ватан тоҷу тахти баландам туӣ.
Барандаи 1:
13. Хидмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хидмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодорӣ миллат аст.
Барандаи 2:
14. Маълумотҳо дар бораи Артиши миллӣ бо забонхои тоҷики, рӯсӣ ва англисӣ марҳамат.
15. Мабодо дурудам зи ҳарфат ҷудо,
Навову сурудам зи ҳарфат ҷудо.
Ватан аз ту гирад забон ибтидо,
Нигоҳу вуҷудам ба ишқат фидо.
Барандаи 1:
16. Зинда бодо миллати маҳбуби ман,
Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман.
Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ,
Дар само бошӣ, ҳамеша эй Ватан.
Барандаи 2:
17. Рақси якка дар иҷрои _______
Барандаи 1:
18. Далери кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рубоҳ далер афтад шер аст.
Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад, барои он кӣ ҳар кас ҳам сарбоз шуда наметавонад. Ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар карда, вазифадор мекунанд:
1) Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан;
2) Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан;
3) Дар ҷахон сулҳро пойдор намудан.
Барандаи 2:
19. Шеър дар иҷрои _______
Давоме зӣ насли каёнат манам,
Зи бози Рустами тавонат манам.
Зи Сомонтаборӣ нишонат манам,
Ватан, эй Ватан, эй Ватанӣ
Барандаи 1:
20. Ба қонуни ҳақиқат месароям то забон дорам,
Ба зидди душманон мебароям то кӣ ҷон дорам.
Ватан дорад чунин конун, кӣ бой фахрҳо дорад,
Ҳаме гуяд, кӣ қонуни ягона дар ҷахон дорад.
Барандаи 2:
21. Саҳначаи навбатӣ дар иҷрои хонандагон.
Барандаи 1:
22. Шукуҳу шаҳри мо аз ту дигар шуд,
Фили хомуши мо аз ту дигар шуд.
Фишори абри ғусса рафт бар бод,
Ба шоми чеҳраи гулҳо саҳар шуд.
Барандаи 2:
23. Ватан чӣ гуна калимаи гуворост, содда, дилнишин ва равон, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дар он нуҳуфта аст. Болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол ва умеду орзуи инсон аст. Ватан – лаби хандон, дидаи гирён, қуввати ҷон, имону виҷдони инсон аст.
24. Шеъри Ватан дар иҷрои _______ марҳамат.
25. Биёед эй азизон ҷамъ бошем,
Барои якдигар чун шамъ бошем.
Барандаи 1:
26. Ватан обод гардад чун ба роҳаш,
Вафодори ба ному нанг бошем.
Барандаи 2:
27. Парчами миллӣ дароварда шавад.
Суруд дар иҷрои _______
Барандаи 1:
28. Бо ҳамин барномаи имрузаамонро, ки бахшида ба __-солагии «Рӯзи Артиши Миллӣ» буд, ҳусни анҷом мебахшем, бори дигар ҳамаи шумоёнро ба «Рӯзи Артиши Миллӣ» табрику муборакбод мегуем. Бигзор сулҳу субот сарзамини моро ҳукмфармо бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.