Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Сценарии

Сценарии InfoPage.TJ

Сенария оиди чашни Навруз

Сценарии
Эй навбаҳори гулфишон, шод омадӣ, шод омадӣ, Бар покмарзи тоҷикон, шод омадӣ, шод омадӣ. Дар шеърҳои Рӯдакӣ бошад ҳувайдо ҳусни ту, Илҳомбахши шоирон, шод омадӣ, шод омадӣ. Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, меҳмонони олиқадр. Дуруд бар ҳамаи оламиёну одамиён, ба ҳамаи шумоён хайру мақдам гуфта, ба даргоҳи Худованди ҷонофарин ҳазор бор шукр мекунем, ки ба ин рӯзҳои хотирмону пурфайз сиҳату саломат расидем. Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ! Инак ба диёри нозанини мо боз баҳори оламафрӯз қадам мегузорад, боз чаҳ-чаҳи булбул ва шилдироси ҷӯйбор ба гӯш навои дилнишине мерасонад. Ба ин муносибат мо барномае мураттаб сохтем, ки он аз тантанаҳои айёми бедоршавии табиат - баҳори зиндагӣ, баҳори дилкушо ба шумо шодмонӣ мебахшад. Инак, барномаи тайёрнамудаи мо дар пешкаши Шумо. Марҳабо ба ҷашн

Сенария оиди Точикистон – бо ту дорам ифтихор

Сценарии
Сенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи (мактаби) №__  ба номи ____ дар мавзӯи "Тоҷикистон - бо ту дорам ифтихор" Ҷойи гузаронидан: ____ Вақти гузаронидан: ____ Санаи гузаронидан: ____ Барандаи 1: Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод, Мавҷзан дар зери гардун, қосиди оянда бод. Парфишон гашта ливоят, дар фазои беканор, Шӯҳрати ту бахти моро боз афзоянда бод! Баранадаи 2: Тоҷикистон, Тоҷикистон, мекунам шукри каму бисёри ту, Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту. Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст! Барандаи 1: Ассалому алайкум, меҳмонони арҷманд, омӯзгорони гиромиқадр! Ҳамаи мо дар арафаи ҷашни __-умин солгарди Истимқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро б

Сенарияи гузаронидани чашни рузи артиши милли

Сценарии
Барандаи 1: 1. Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом, Ҳар кӣ моро дӯст дорад дӯстдоронро салом. Ҳар кадоме пеш гуяд, эй сарбозон зинда бош, Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом. Салому дуруди моро бипазиред, омузгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар саҳна бесабаб нест. Мо имруз ҷамъ омадем, то рӯзи саиду фархунда - __ солагии «Рӯзи артиши миллӣ» - ро ҷашн гирем. Парчами миллӣ бароварда шавад. Барандаи 2: 2. Эй дустони меҳрубон меҳроварон хуш омадед, Иззатшиносу қадрдон соҳибдилон хуш омадед. Шодем аз дидори дӯст аз лутфу аз гуфтори дӯст, Дар маҳфили гулбоғи дӯст ай гулрухон хуш омадед. 23-юми феврал тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзхои ид ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн

Сенарияи гузаронидани соати тарбияви оиди рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон

Сценарии
Барандаи 1: Ай офтоби тобон бишнав саломи моро, Ай тутии шакарлаб эй мурғакони хушгап. Ай сокили дурахшон бишнав саломи моро, Эй халқи Тоҷикистон бишнав саломи моро. Барандаи 2: Зи хок то ба кайҳон бишнав саломи моро, Ай соҳиби маҳфил ай ҷони мову ай дил. Ай заргари Зарафшон ай куҳкани Бадахшон, Бишнав саломи моро. Саломи пур аз меҳру сурур нисори шумо бод меҳмонони олиқадр, омузгорони азизу меҳрубон, толибилмони муҳтарам ва кулли азизони дилу дида. Барандаи 1: Иҷозат диҳед дарси тарбиявиямонро бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоем. Барандаи 2: Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷахон, Бартар аз дидори рӯи дустон. Ҳеч шодӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дустони пурҳунар. Барандаи 1: Чӣ тавре, ки дар боло қайд кардем дарси тарбиявии мо бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷик