Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Шахсият, гурух ва ҷомеа

Мохият ва мазмуни назарияхои гуногунро дар фахмиши фаъолнокии шахс кушода додан. Роххои ташаккулёбии шахсро нишон дода, сохту таркиби муносибатхои байнишахсиро дар гуруху ҷомеа муайян кардан.Максад: Мохият ва мазмуни назарияхои гуногунро дар фахмиши фаъолнокии шахс кушода додан. Роххои ташаккулёбии шахсро нишон дода, сохту таркиби муносибатхои байнишахсиро дар гуруху ҷомеа муайян кардан.
Мафхумхои асоси: Шахс, фард (индивид), инфироди, фаъолноки ва равонагии шахс, талабот, вачх (мотив), шавку рагбат, чахонбини, гоя, дастур (установка), худшуурноки, худбаходихи, гурух, ҷомеа, интихоби байнихамдигари, сотсиометрия, референтометрия, сарвар.

НАКША:

Муаммои шахс ва фаъолнокии у.
Вачххои даркшуда ва даркнашуда.
Худшиноси ва худбаходихии шахс.
Мафхум дар бораи гурух ва ҷомеахо.
Ҷомеа хамчун шакли олии инкишофи гуруххо.
Дифференсиатсияи гурухи. Сотсиометрия ва референтометрия.
Муносибатхои байнишахси дар гуруххои пароканда (диффузи) ва ассотсиатсияхо.
Сохти муносибати байнишахси дар ҷомеа.
Муаммои шахс ва фаъолнокии у.
Хар як насли инсон (новобаста аз хусусиятхои психологиаш) фард номида мешавад.
Шахс – силсилаи сифатхои ичтимои мебошад, ки фард (индивид) дар рафти ичрои фаъолият ва муносибатхои байнишахси дар чамъият ба даст меорад, номида мешавад. Б.Г.Ананьев, А.Н. Леонтьев, Б.Х.Ломов, С.Л. Рубенштейн дар тадкикотхои худ нишон доданд, ки хар як шахс фард буда метавонад, аммо на хама фард шахс аст.
Шахс фард аст. Фард танхо дар рафти муносибатхои байни хамдигари, муошират ва ичрои фаъолияти якчоя силсилаи хусусиятхоеро сазовор мегардад, ки дар натича ба шахс табдил меёбад.
Хусусиятхои инфироди (индивидуальность) – чамъи хусусиятхои психологии одам, ки танхо ба у хос буда, фаркияти уро аз одамони дигар нишон медиханд.
Хусусиятхои инфиродии шахс низ дар ҷомеа, дар рафти муносибатхои байнихамдигари ва ичрои фаъолият зохир мегарданд ва дар шарту шароитхои муайян тагйир меёбанд.
Муаммохои омилхои табии (биологи) ва ичтимои (социали) яке аз масъалахои халталаби психологи ба шумор меравад.
Доир ба ин масъала акидае баён карда шуд, ки шахсияти одамонро ба таркиби «эндопсихики» ва «экзопсихики» чудо кардан мумкин аст.
«Экзопсихика» омилхои ичтимоиро дар бар мегирад. Дар ин асос доир ба масъалаи омили асоси инкишофи 2 равия ба вуҷуд омад:
а) равияи биологизатори
б) равияи ичтимои
Тарафдорони равияи биологизатори омили асосии инкишофро дар омилхои табии ирси, мероси, анатоми-физологи мебинанд.
Тарафдорони равияи ичтимои омилхои табииро катъиян рад карда, дар инкишофи шахс танхо мавкеи мухитро зарури мехисобанд.
Хатогии тарафдорони харду равия аз он иборат аст, ки онхо акидаи хамдигарро катъиян рад мекунанд. Психологхои хозира асоси инкишофро дар ягонагии омилхои табии ва ичтимои мебинанд.
Фаъолнокии шахс низ асоси инкишофи у ба хисоб меравад.
Фаъолноки – мавкеи фаъолонаи хаётиест, ки дар катъият , матонат ва суботкори барои расидан ба максади худ зохир мегардад.
Дар замони хозира акидае кобили кабул шуморида шудааст, ки талаботхо сарчашмаи фаъолнокии шахсро ташаккул медихад.
Талабот холати организми зинда аст, ки вобастагии мавчудияти уро аз шарту шароитхои муайян нишон дода, уро фаъол мегардонад.

Талабот намудхои зерин дорад:

аз руи пайдоиши худ
а) табии
б) мадани
2) аз руи хосияти характери предметии худ
а) модди
б) мадани
Зиддияте, ки байни талабот ва шарту шароити конеъшавии он ба вуҷуд меояд, кувваи харакатдахандаи шахс ба хисоб меравад.
Талабот дар вачххо зохир мешаванд.
Вачххо – холати шахс аст, ки уро ба ичрои ин ё он фаъолият водор мекунад.
Вачххо 2 хел мешаванд:

Вачхи даркшуда (бошуурона)
Вачхи даркнашуда (бешуурона)
Вачххои бошуурона (даркшуда) шавку хавас, гоя ва чахонбини мебошанд.
Вачххои даркнашуда (бешуурона) дастур, ки мусби ё манфи шуда метавонад.
Худшуурноки (самосознание) – тадкики образи «Ман», худбаходихи, худтарбиякуни (самовоспитание), дарачаи иддао (уровень притязаний) омилхое, ки ба таркиби шахс дохил шуда, дар ташаккули у мавкеи асосиро ишгол мекунанд.

Мафхум дар бораи гурух ва коллектив.

Гурух – иттиходи одамон, ки аз руи хусусияти якхела чамъ шудаанд. (мансубияти синфи, хусусияти фаъолият…)
Намудхои зерини гурухро чудо мекунанд: хурд ва калон, хакики ва шарти, расми ва гайрирасми, инкишофёфта ва инкишоф наёфта.
Гурухи хакики – гурухи доими амалкунанда буда, гурухи шарти барои муддати муайяне ташкил карда мешавад.
Гурухи хурд шахсони хамеша якчоя амалкунандаро муттахид мегардонад.
Гурухи расми дорои хукук ва вазифахои конунаш эътирофкардашударо дошта рохбарашон мегарданд ё интихоб карда мешаванд.
Хусусияти мохияти гуруххо дарачаи инкишофи онхо мебошанд. Дарачаи инкишофи гурух аз руи ташаккули муносибати байнихамдигари муайян карда мешавад. Аз руи дарачаи инкишоф чунин типи гуруххоро чудо кардан мумкин аст: коллектив, гуруххои ичтимои, диффузи, ассотсиатсияхои гайриичтимои, корпоратсияхо.
Коллектив хамчун шакли олии ташаккули гуруххо.
Коллектив ба гурухи хурд мансуб аст. Гурухи хурд – иттиходи одамони бо хам амалкунанда, ки бо хам муносибати доими доранд.
Коллектив – гурухест, ки дар он муносибати байнихамдигари аз руи мундаричаи сарватхои чамъияти ва фаъолияти якчоя ба амал оварда мешавад.
Одамоне, ки ба ин ё он гурух аз руи сифатхои кори ё шахсиашон мансубанд, дар он гурух мавкеи муайяне доранд, яъне дар он маврид дифференсиатсияи гурухи амал мекунад. Дифференсиатсияи гурухи бо усули сотсиометрия ва референтометрия муайян карда мешавад.
Хар як гурух сарвари худро дорад. Сарвархо расми (интихоб ё таъиншуда) ва гайрирасми шуда метавонанд.
Саволхо барои мустахкамкуни.

Фард кист?
Шахс кист?
Фарки фарду шахсро нишон дихед.
«Хусусиятхои инфироди» чистанд?
Омилхои асосии инкишофи одамро нишон дихед.
Омилхои табииро дар инкишоф шарх дехед.
Омихои ичтимоиро дар инкишоф муайян намоед.
Сарчашмаи фаъолнокии одам чист?
Фаъолноки чист?
Талабот чист?
Намудхои талаботро маънидод кунед.
Кувваи харакатдихандаи шахс чист?
Вачх чист?
Намудхои вачхро номбар кунед ва онхоро шарх дихед.
Таркиби шахсро муайян кунед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.