Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Муошират хамчун шакли махсуси фаъолияти одам

Максад: ба донишчуён дар бораи муошират, чихатхои он, функсияхо ва механизмхои асосии таъсироти психологи маълумот додан.
Мафхумхои асоси: муошират, коммуникатсия, идроки ичтимои, коммуникатор (ахбордиханда), ретсипиент (ахборкабулкунанда), ролхои ичтимои, интизории роли, низоъхои байнихами, монеахои маънои, машкхои муоширот.Максад: ба донишчуён дар бораи муошират, чихатхои он, функсияхо ва механизмхои асосии таъсироти психологи маълумот додан.
Мафхумхои асоси: муошират, коммуникатсия, идроки ичтимои, коммуникатор (ахбордиханда), ретсипиент (ахборкабулкунанда), ролхои ичтимои, интизории роли, низоъхои байнихами, монеахои маънои, машкхои муоширот.
НАКША:

Муаммохои муошират дар психология
Муошират хамчун мубодилаи ахбор
Муошират хамчун якчоя амалкунии одамон
Муошират хамчун идроки якдигарии одамон
Механизмхои таъсироти психологи
Муаммохои муошират дар психология дар 2 равия омухта мешавад.
1. Муошират хамчун шарту шароити баландшавии самараи фаъолият ва ташкили фаъолияти якчоя.
2. Муошират хамчун шакли махсуси фаъолият нишон дода шуда, фаъолият хамчун як чузъи муошират хисоб мешавад.
Муошират – раванди бисёрчихатаи муносибати байни одамон аст, ки дар асоси талаботи фаъолияти якчоя ба амал меояд.
Аз ин чо, муошират як чузъи фаъолият аст.
Муошират ва фаъолият ягонагии устувор доранд.
Муошират хамчун мубодилаи ахбор.
Муошират хамчун мубодилаи ахбор аз чихати илми коммуникатсия ном гирифтааст, ки ба воситаи забон ба амал меояд. Дар рафти муомилот (коммуникатсия) равандхои мураккаб (рамзбанди, рамзкушои) амал мекунад. Ахбор дода мешавад, каси кабулкунанда онро ба таври худ тахлил карда мефахмад (декодирование).
Шахси ахбордиханда коммуникатор, кабулкунандаи ахбор ретсипиент номида мешавад.
2 шакли коммуникатсия мавчуд аст: вербали ва гайривербали.
Коммуникатсияи вербали-нутк, яъне рафти муошират бо воситаи забон аст.
Намудхои нутк инхоанд: нутки беруни ва нутки дохили.
Нутки беруни ба нутки дахони ва хатти чудо мешавад.
Нутки дахонц ба нутки диалоги ва монологи чудо мешавад.
Ба воситаи гайривербалии нутк имову ишора, оханги талаффуз, фосила, киёфа (мимика) дохил мешаванд.
Муошират хамчун амали якчояи одамон.
Муошират талаботи фаъолияти якчояи одамонро инъикос мекунад.
Фаъолияти якчояи одамон дар шароити назорати ичтимои (социальный контроль), ки дар асоси меъёрхои ичтимои амали мегардад, мегузарад.
Назорати ичтимои дар рафти бо хам амалкунии одамон дар асоси мундаричахои роли ба амал меоянд.
Дар психология намунаи рафтореро, ки ахли чамъият аз шахси алохида (муаллим, падар, фарзанд…) вобаста ба мавкеи ичтимоии у интизоранд, роли ичтимои меноманд.
Бархурди мавкехои роли зиддиятхои роли номида мешаванд.
Бо хам амалкунии одамонро, ки мавкехои (ролхои) гуногунро ичро мекунанд, интизорихои роли (релевые ожидания) ба тартиб меорад.
Шарти зарури дар самаранокии муошират мувофикати рафтори одамони бо хам амалкунанда бо он тарзи рафторест, ки аз онхо мунтазиранд. Ин мувофикати рафторро бо интизории роли одоб меноманд.
Беодоби вакте, ки интизории роли бо тарзи хакики рафтор мувофик намеояд.
Алокаи дутарафаи байни муошираткунандагон робита номида мешавад.
Дар рафти муошират низоъхои байни муошираткунандагон низ ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.
Сабабхои низоъ:

Мувофик наомадани шавку хавас;
Монеахои маънои дар муошират.
Муошират ҳамчун идроки якдигарии одамон.
Муошират чун идроки якдигарии одамон низ амал мекунад, ки ҷиҳати персептивии муоширатро нишон медиҳад.
Механизмҳои идроки якдигарии одамон инҳоанд:

идентификатсия
рефлексия
стериотипизатсия.
ҳамин тавр, муошират раванди соддаи додани ахбор нест.
Ахборе, ки дода шуд, идрок шуда, натиҷаи он пешбинӣ карда мешавад.

Механизмҳои таъсироти психологӣ.

Муносибати байниҳамдигари ба ҳар яке аз субъектҳои муошираткунанда таъсири муайяне мегузорад, ки онҳо дар шаклҳои зерин зоҳир мешаванд:

сирояткунӣ
тақлидкунӣ
uоя
талқинкунӣ.
Малакахои муоширати самаранок дар одамон табии (стихийно) ё чун маьсули омузиш пайдо мешавад.
Махсус омухтани малакахои муошират барои омузгор зарур аст.
Яке аз роххои омузиши малакахои муошират машки муошират (тренинг,общения) ё машки ичтимои-психологи аст (социально-психологический тренинг).
Чихатхои назарияви ва амалии машкхои муоширатро чудо мекунанд.
Машкхои психологи-ичтимои вазифахои зеринро ичро мекунад:
1) омузиши конуниятхои умумии муошират, аз чумла муоширати омузгор
2) аз худ кардани тарзи муносибати омузгори (педагогическая коммуникация), яъне ташаккули малака ва махорати муоширати омузгори.
Машкхо шакли амалии машкхои психологи-ичтимоиро ташкил медиханд.
Машкхои психологи-ичтимои шаклхои гуногун доранд.
Яке аз онхо бозии омузиши аст (деловые игры).
Хамин тарик, машки муошират яке аз шаклхои муфиди фаъолияти омузгори ба хисоб меравад ва дар тайёр кардани мутахассисони сохаи маориф сахми арзанда гузошта метавонад.

Саволхо барои мустахкамкуни.

Муошират чист?
Коммуникатсия чист?
Чихатхои муоширатро номбар кунед.
Нутк чист?
Намудхои нуткро тавсиф дихед.
Муоширатро хамчун мубодилаи ахбор шарх дихед.
Воситаи вербали ва гайривербалии нутк кадомхоанд?
Муоширатро чун якчояамалкунии одамон шарх дихед.
Мафхумхои «меъёри ичтимои», «назорати ичтимои», «роли ичтимои»-ро маънидод кунед.
Интизории роли чист?
Одоб чист?
Муоширатро чун идроки якдигарии одамон шарх дихед.
Механизмхои таъсироти психологиро номбар кунед.
Машки муошират (тренинг общения) чист?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.