Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Хотир

Хотир яке аз равандхои мухимтарини маърифатиест, ки дар азхудкунии ходисаю вокеахои атроф, ташаккули шахсият ва идора кардани рафтору кирдорхои у мавкеи мухимро ишғол мекунад.Максад: шинос намудани донишчуён бо мафхум дар бораи хотир, назарияхо оид ба хотир, механизмхои хотир, намудхо ва равандхои хотир, фаркияти фардии хотир.
Мафхумхои асоси: амнезия, ассотсиатсия, хотир, хотири мантики, хотири аёни-образи, хотири харакати, хотири эхсоси, хотири кутохмуддат, хотири дарозмуддат, хотири ихтиёри, хотири гайриихтиёри, азнавхосилкуни, шинохтан, фаромушкуни, реминитсенсия, эйдетизм.
НАКША:

Маълумот дар бораи хотир
Назарияхои хотир
Намудхои хотир
Равандхои хотир
Фаркияти фардии хотир.
Хотир яке аз равандхои мухимтарини маърифатиест, ки дар азхудкунии ходисаю вокеахои атроф, ташаккули шахсият ва идора кардани рафтору кирдорхои у мавкеи мухимро ишгол мекунад.
Хусусияти мухими психикаи инсон он аст, ки у инъикоси таъсироти олами берунаро мунтазам дар рафторхои ояндаи худ истифода мебарад. Тадричан мураккаб гаштани рафтор дар асоси гун шудани тачрибахои шахси ба амал меояд. Ташаккули тачрибаи хаёти низ ба инъикоси образхои дунёи беруна дар пустлохи майнаи сар вобаста аст. Дар алокамандии байнихамдигари ин накшахо мустахкам мегарданд, нигох дошта мешаванд ва дар мавриди зарури аз нав хосил карда мешаванд ё фаромуш мегарданд (яъне ин ё он равандхои хотир амал мекунанд).
Раванди ба хотир гирифтан, дар хотир нигох доштан ва минбаъд аз нав хосил кардани тачрибахои пештара, хотир номида мешавад.
Равандхои асосии хотир инхоанд: бахотиргири, дар хотир нигох доштан, азнавхосилкуни ё шинохтан ва фаромушкуни.
Ин равандхо бо хам алокаманд буда, дар рафти фаъолият амал мекунанд ва ташаккул меёбанд.
Бахотиргири равандест, ки ба зиёд шудани тачрибахои шахси дар рафти хаётгузарони вобаста аст (Китоберо мехонем, наворе тамошо мекунем, маънои онро ба хотир мегирем ва дар хотир нигох медорем).
Дар оянда истифода бурдани ончие, ки ба хотир гирифта шуда буд, азнавхосилкуни номида мешавад.
Фаромушкуни зинаи пасттарини хотир буда, дар натичаи такрор накардан ё дар рафти хаётгузарони истифода набурдани тачрибае ба вуҷуд меояд.
Дар хотир нигох доштани маводе аз истифодаи бештари он дар фаъолият вобаста аст. Аз ин чо хотир раванди мухимтарини маърифати буда, мавкеи он дар фаъолият ва ташаккули шахсият багоят калон аст.
«Агар хотир намебуд, инсон хамеша дар холати навзоди мемонд»
(И.М.Сеченов)
Хотир яке аз кисматхои тадкикшудаи психология ба шумор рафта, дар бораи конуниятхои чоришави ва механизмхои он назарияхои гуногун вуҷуд доранд. Олимоне, ки коркарди ин муаммохоро амали гардонидаанд: И.М.Сеченов, И.П.Павлов, А.Р.Лурия, П.И.Зинченко, А.А.Смирнов, Е.Н.Соколов.
Гарчанде хотир яке аз кисматхои тадкикшудаи психология ба хисоб равад хам, дар муайян намудани конуниятхою механизмхои ташаккулёбии он дар мархилаи хозира низ тадкикотхои зиёде гузаронида шуда истодааст.
Назарияхои асоси дар коркарди муаммои хотир чун раванди маърифати инхоанд:
а) назарияхои психологии хотир;
б) назарияхои физиологии хотир;
в) назарияхои биохимикии хотир.
а) Яке аз назарияхои психологии хотир – назарияи ассотсиативи аст. Тарафдорони ин назария механизми физиологии хосилшавии ассотсиатсияро дар алокахои муваккатии асаби мебинанд. Ассотсиатсия- алокаи муваккатии байни ходисахо ва далелхое, ки дар шуури мо инъикос ёфта буданд.
Таълимоти П.К.Анохин дар бораи хосилшавии алокахои муваккати дар халкаи рефлектори назарияи физиологии хотирро пурратар мегардонад.
Назарияи физики дар хотир низ ба назарияи физиологи тааллук дошта, тарафдорони он мавкеи осорхои дар майнаи сар бавуҷудомадаро дар равандхои хотир кайд мекунанд.

Назарияи биохимиявии хотир
Мувофики гипотеза дар бораи мустахкамшавии осорхои раванди нигох дошта шудани таассурот ду давра дорад. Дар давраи якум (бевосита баъди таъсири ангезанда) дар системаи асаб мутаассиршавии ибтидои ва кутохмуддати электрохимики ба вуҷуд меояд, ки он дар хучайрахои асаб дигаргунихои устувори физиологиро ба вуҷуд намеоварад. Дар давраи дуюм, мутаассиршавии биохимики ба вуҷуд меояд. Ин мутаассири бо хосилкуни ва дигаркунии кислотаи рибонуклеинат (РНК) алоыаманд аст. РНК асоси биохимикии хотири онтогенетики, хотири дар хаёти индивид ташаккулёбанда мебошад. Баъзе тадкикотчиён чунин мешуморанд, ки раванди тагйирёбихои биохимики ба хучайрахои асаб таъсир мекунад. Дар натича онхо кобилият пайдо мекунанд, ки ба таъсири такроран ба вуҷуд овардашудаи ангезандахои шинос чавоб гардонанд.

Хотир ба намудхои зерин чудо мешавад:

Аз руи фаъолнокии психики, ки дар фаъолият бартари дорад
Аз руи хусусияти максаднокии фаъолият

Аз руи муддати дар хотир нигохдори

Харакати
Эхсоси
Образи
Калимаги-мантики

Ихтиёри
Гайриихтиёри

Кутохмуддат
Дарозмуддат
Оперативи

Дар фаъолиятхои шахс яке аз намудхои фаъолнокии психики – фаъолнокии психикии мотори, эмотсионали, сенсори ё акли бартари доштанаш мумкин аст. Вобаста ба бартари доштани яке аз ин фаъолнокии психики, ин ё он намуди хотир амал мекунад.
Хотири харакати – ба хотир гирифтан, дар хотир нигох доштан ва азнавхосилкунии харакатхои гуногун ва системахои онхо мебошад. Шахсоне, вомехуранд, ки ин намуди хотир дар онхо нисбат ба намудхои дигараш бештар мушохида мешаванд. Мохияти ин намуди хотир дар он аст, ки он асоси ташаккулёбии малакахои амалию мехнати, малакахои рохгарди, навиштан мегардад.
Агар хотири харакати намебуд, инсон мебоист доимо амалхоро аз нав омузад.
Хотири эмотсионали – хотирест, ки дар он хиссиётхо мавыеи мухимро ишгол мекунанд. Такрор шудани эмотсия сабаби ба хотир овардан ё ба хотир гирифтану дар хотир нигох доштани ин ё он ходисаю вокеахо мегардад. Аз сар гузаронидану дар хотир нигох доштани хиссиётхо чун сигналхо барои ичрои ин ё он амал ё ичро накардани онхо хизмат мекунад. Хамдарди нисбати дигарон, баробари кахрамони асар ё филм щгмгин шудан ё хушхол будан дар асоси хотири эмотсионали ба амал омада, дар ташаккули хусусиятхои фарди мавкеи мухимро ишгол мекунад.
Хотири накши (образи) – хотирест, ки дар асоси тасаввурот, манзарахои табиат, садо, буй ва мазза ба амал меояд.
Ба хотир овардани манзараи дилфиреби табиат сабаби ба хотир овардани ходисаю вокеае, ки он чо рух дода буд, мегардад. Ё баръакс, манзараи дилфиреби табиат боиси дар хотир мондани ин ё он ходисахо ё вокеаи дунёи вокеи мегардад. Хотири накши намудхои зеринро доранд: хотири образии бинои, шунавои, буи, ломиса ва мазза. Дар вакти паст будани ин ё он намуди хотири образи пурзур шудани намуди дигари он ба назар мерасад. Масалан, пурзур будани хотири шунавои ё ломиса дар шахсони нобино…
Баъзан шахсони хотири эйдетики дошта ба назар мерасанд. Хотири эйдетики – хотири пуркувватест, ки дар асоси он манзараи табиат, ашё ё ходисаи дунёи вокеи, ки пеш дарк карда шуда буд, дар мавриди зарури пурра баркарор карда мешавад. Сахифаи китоби хонда ё ашё , ки пеш дарк карда будему холо наздамон нест, бо хамаи чузъиётхояш пеши назар меояд.
Хотири калимаги – мантики дар асоси фикрхои мо ба вуҷуд меояд. Фикрхо бе забон (калимахо) вуҷуд дошта наметавонад, бинобар он ин намуди хотир калимаги – мантики ном гирифтааст. Хотири калимаги – мантики таньо ба инсон хос буда, дар он мавкеи системаи сигналии II нутк калон аст. Асоси ин намуди хотирро мазмуни мавод, ходиса ё вокеа ташкил медихад. Агар мазмун амал накунад, хотири механики (бе сарфахм рафтан ба маъно азёдкуни) ба чашм мерасад. Дар асоси он дигар намудхои хотир равнак ёфта, хотири калимаги – мантики боиси ташаккули дигар равандхои маърифати ва умуман ташаккули шахсият мегардад. Роли мухимро дар азхудкунии маводи таълими низ махз хамин хотири калимаги – мантики мебозад.
Дар асоси максади фаъолият хотирро ба хотири ихтиёрию гайриихтиёри чудо мекунанд.
Ба хотир гирифтан, дар хотир нигох доштан ва азнавхосилкуни бо максади муайяне хотири ихтиёри номида мешавад. Дар вакти зохир шудани хотири ихтиёри равандхои бахотиргири ва азнавхосилкуни хамчун амалхои махсус ба чашм мерасанд. Вакте ки дар ичрои фаъолият максад гузошта намешавад, гайриихтиёри амал мекунад.
Чи хотири ихтиёри ва чи хотири гайриихтиёри дар рафти фаъолияту ташаккули шахсият мавкеи мухим дошта, харду хамдигарро пурра мегардонанд.
Аз руи муддати дархотирнигохдори хотира – кутохмуддат, дарозмуддат ва оперативи мешавад.
Барои он ки ин ё он мавод дар хотир мустахкам гардад, вай бояд аз тарафи субъект аз худ карда шавад. Ин азхудкуни (ё коркард) вакти муайянеро талаб мекунад.
Хотири кутохмуддат хотирест, ки муддати кутох амал карда, дар лахзахои аввал пас аз идроки кутохмуддат ба вуҷуд меояд.
Хотири дарозмуддат натичаи коркарди муфассали чизи идроккардабуда, он дар натичаи такрор пурра, дурудароз нигох дошта мешавад.
Хамаи намудхои хотир чун дигар равандхои маърифати якдигарро пурра карда, дар алокаманди бо якдигар амал мекунанд. Масалан: бе хотири кутохмуддат хотир дарозмуддат вуҷуд дошта наметавонад, бе хотири харакати ва образц хотири калимаги – мантики мавчуд нест.

Равандхои хотир.
Равандхои асосии хотир инхоанд: бахотиргири, дар хотир нигохдори, азнавхосилкуни ё шинохтан, фаромушкуни.
Бахотиргири. Фаъолияти хотир аз бахотиргири, яъне аз мустахкам кардани накшхо ва таасуротхое сар мешавад, ки онхо дар натичаи таъсири ашёхо ва ходисахои хакикат дар раванди эхсос ва идрок дар шуур пайдо мегарданд.
Бахотиргири бе максади пешаки гузошташуда (беихтиёр) ва бо максад (ихтиёри) шуда метавонад.
Бахотиргирии беихтиёр бе максади пешаки гузошташуда руй медихад ва гуё худ аз худ бе кушиши иродави ичро мегардад. Хамаи далелхо ва ходисахои хакикати ихотакарда як хел беихтиёр ба хотир гирифта намешаванд. Мустахкаму бардавом будани бахотиргирии беихтиёр пеш аз хама ба фасохат, харакатноки ва дигар хусусиятхои объект вобаста аст.
Бахотиргирии беихтиёр махсусан дар сурати бо таассуроти эмотсионалии равшану зур ва хиссиётхои калон алокаманд буданаш босамар мегузарад. Хангоми беихтиёр ба хотир гирифтан шавку хавас роли хеле калон мебозад. Ашёву ходисахое, ки бо тачрибаи гузашта алокаманданд, нисбатан осон ва беихтиёр ба хотир гирифта мешаванд.
Бахотиргирии беихтиёр дар хаёти одам ахамияти калон дорад ва кушиши махсуси одамро талаб накарда, тачрибаи хаётии уро васеъ ва бой мегардонад.
Тадкикотхо нишон додаанд, ки бахотиргирии беихтиёр дар рафти кори омузгори дар мавридхое, ки ба маводи нави таълими нагз сарфахм рафтан лозим аст, истифода бурда мешавад.
Бахотиргирии ихтиёри барои ба хотир гирифтани маводи муайян шуурона нигаронида шудааст ва бо ин хусусияташ аз бахотиргирии беихтиёр фарк мекунад. Одам хангоми ихтиёри ба хотир гирифтан кушишхои зарури иродави зохир намуда, барои бехтар ва мустахкам ба хотир гирифтани мавод худро сафарбар мекунад ва ба хамин максад тарз ва усулхои махсуси бахотиргириро истифода мебарад.
Фаъолияти таълимии талаба, ки аз азхудкардани дониш, хосил кардани махорат иборат аст, асосан ба бахотиргирии ихтиёри такя мекунад.
Бахотиргирии ихтиёри хам тарзи механики ва хам тарзи маъноги дорад.
Бахотиргирии механики ин ба алокаи маъногии байни кисмхои мавод такя накарда, пай дар пай аз ёд кардани мавод мебошад.
Бахотиргирии механикии мавод аксар вакт ба азхудкунии руякии дониш меоварад. Гайр аз ин бахотиргирии механики каммаъсул буда, назар ба бахотиргирии механикии мавод аксар вакт ба азхудкунии руякии дониш мантики вакти зиёдтар мегирад.
Бахотиргирии маъноги бевосита бо равандхои тафаккур алокаманд буда, ба фахмиши мазмуни мавод ва алокахои мантикии байни кисмхои он такя мекунад. Дар психология як катор усулхое тавсия карда мешаванд, ки онхо бахотиргирии маъногии маводи омухташавандаро осон мегардонанд.
Аз руи маъно ба гуруххо чудо кардани мавод яке аз усулхои фоиданоки бахотиргирии маъноги мебошад.
Дар бахотиргири мавкеи такрор калон аст. Такрорро аз кушиши аз нав хосил кардани маводи бахотиргирифташаванда сар кардан ба максад мувофик аст. Одам дар рафти азнавхосилкуни мукаррар мекунад, ки аз маводи пештар идроккардашуда чиро дар хотир дораду чиро фаромуш кардааст ва такрори маводро мувофики ин ташкил мекунад. Амалияи таълим ва тадкикотхои психологи нишон медиханд, ки барои устувор ва муддати дароз дар хотир нигох доштани маводхои таълими максад гузоштан ахамияти мухим дорад.
Шарти мухими зуд ва пурра ба хотир гирифтани мавод иваз карда истодани такрор ва азнавхосилкунии маводи таълими хангоми азёдкуни мебошад.
Шинохтан ва азнавхосилкуни. Натичаи бахотиргири хангоми шинохтан ва аз нав хосил кардан зохир мешавад.
Азнавхосилкуни аз шинохтан бо он фарк мекунад, ки накшхои дар хотир нигохдошташуда бе идроки дуюмбораи ин ё он объект кувват дода мешаванд. Дар раванди азнавхосилкуни осори алокахои муваккатии асабие, ки дар рафти бахотиргири пайдо ва мустахкам шуда буданд, дар пустлохи майнаи сар чоннок мегардад.
Азнавхосилкуни беихтиёри ва ихтиёри мешавад. Хангоми азнавхосилкунии беихтиёр накш, фикр, калима ва хиссиёт бе майлу кушиши шуурона ба хотир оварда мешавад.
Азнавхосилкунии ихтиёри, ки дар натичаи мавчуд будани майли фаъолу шуурона пайдо мешавад, баръакси азнавхосилкунии беихтиёри мебошад.
Азнавхосилкунии ихтиёри раванди гайрифаъол нест. Одам вобаста ба вазифа ва хусусияти фаъолият, вобаста ба шавку хавас, хиссиёт, саъю кушиш ва хусусиятхои дигари шахсияш раванди азнавхосилкуниро фаъолона ва интихоби ба чизе равона мекунад ва онро аз нав месозад.
Бахотировари ин азнавхосилкунии фаъолтаринест, ки бо шиддати муайяни системаи асаби одам алокаманд буда, кушишхои маълуми иродавиро талаб мекунад.
Раванди бахотировари хам хамон вакт бо муваффакият мегузарад, ки дар далели фаромушкардашуда алохида не, балки дар алокаманди бо дигар далел, ходиса, вазъият ба амалхои дар хотир нигох дошташуда аз нав хосил карда шавад.
Фаромцшкуни ва мубориза ба мукобили он. Аксарияти он чизхое, ки дар хотир мустахкам карда шудаанд, бо гузашти вакт ба дарачаи муайян фаромуш карда мешаванд.
Фаромушкуни пурра ё кисман, бардавом ё муваккати (кутохмуддат) шуда метавонад.
Хангоми фаромушкунии пурра мавод на танхо аз нав хосил намегардад, балки шинохта хам намешавад.
Фаромушкунии бардавом, пурра ё кисман бо он тавсиф дода мешавад, ки аз нав хосил кардан ва ба хотир овардани чизе муддати дароз ба одам муяссар намешавад. Аммо фаромушкуни аксар вакт муваккати мешавад.
Такрор воситаи асосии мубориза бар зидди фаромушкуни мебошад.
Хотир хусусиятхои фардии худро дорад. Хусусиятхои фардии хотир ба хусусиятхои шахс табдил ёфта, фаъолияти онро ташкил медиханд.
Одамон маводи гуногунро бо тарзи гуногун ва хар хел ба хотир мегиранд. Баъзехо расм, киёфа, ашё, ранг ва садоро бехтар ба хотир мегиранд. Ба ин гуна одамон хотири навъи аёни – образи хос аст. Дигарон фикр, ибора, мафхум, формула ва гайраро бехтар ба хотир мегиранд. Онхо намояндагони хотири навъи калимаги – мантики мебошанд. Гурухи сеюми одамон хам маводи аёни – образи ва хам маводи калимаги – мантикии абстрактиро як хел нагз ба хотир гирифта метавонанд.
Ба гайр аз ин хелхои хотирро вобаста ба дарачаи иштироки анализаторхо дар раванди бахотиргири ва азнавхосилкуни низ фарк мекунанд. Аз хамин нуктаи назар хелхои зерини хотирро нишон додан мумкин аст: бинои, шунавои, харакати ва омехта (бинои, бинои- харакати ва шунавои- харакати).
Фаркхои фардии хотир ба хусусияти фаъолияти одам вобастаанд. Ба ибораи дигар, хелхои хотир ба машк додани анализаторхо, ки ба фаъолияти мушаххаси одам (таълими, касби ва хоказо) дохил карда шудаанд, вобаста мебошанд. Хелхои хотир доими намонда, мувофики тагйирёбии фаъолияти одам низ ба тагъирот дучор мешаванд.

Саволхо барои мустахкамкуни.

Хотир чист?
Асоси физиологии хотирро нишон дихед.
Назарияи психологии хотирро тавсиф дихед.
Акидахои асосии назарияхои физиологии хотир кадохоанд?
Назарияхои биохимики хотирро шарх дихед.
Намудхои хотир аз руи кадом меъёрхо тавсиф карда мешаванд?
Хотири калимаги – мантики, аёни – образи ва эмотсионалиро шарх дихед.
Хотири ихтиёри ва гайриихтиёриро бо мисолхо фахмонед.
Хотири кутохмуддат ва дарозмуддатро шарх дихед ва раванди онхоро нишон дихед.
Раванди хотир кадомхоанд? Дар мисоле чараёни бавуҷудоии онхоро нишон дихед.
Фарки шинохтан ва азнавхосилкуни дар чист?
Хелхои бахотиргириро номбар кунед ва бо мисолхо шарх дихед.
Фаромушкуни чист? Сабабхои бавуҷудоии онро номбар кунед.
Фаркияти фардии хотирро нишон дихед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.