Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Хаёл

Инъикоси олам аз тарафи одам раванди фаъол ва эчоди мебошад. Ашёву ходисахои дарккардашуда, хиссиётхои аз сар гузаронидашуда на танхо дар магзи сари одам инъикос мешавад, балки боз дар шакли комбинатсияхои нав аз сари нав чо ба чо гардонида мешаванд.Максад: мавкеи хаёлро дар фаъолияти таълими ва мехнатии одам ва дар таълиму тарбияи бачагон нишон додан.
Мафхумхои асоси: хаёл, тасаввурот, интуитсия, таъкид, агглютинатсия, эчодиёт, тасаввури эчоди – (фантазия), орзу, муболига, (гиперболизатсия), эхсос (эмотсия), (схематизатсия), (оддикунони) типикунони.
НАКША:

Маълумот дар бораи хаёл
Вазъияти муаммови ва хаёл
Хаёл ва фантазия
Намудхои хаёл
Характери тахлилию таркибии хаёл
Хусусиятхои фардии хаёл.
1. Маълумот дар бораи хаёл
Инъикоси олам аз тарафи одам раванди фаъол ва эчоди мебошад. Ашёву ходисахои дарккардашуда, хиссиётхои аз сар гузаронидашуда на танхо дар магзи сари одам инъикос мешавад, балки боз дар шакли комбинатсияхои нав аз сари нав чо ба чо гардонида мешаванд.
Раванди психикии сохтани накшхои нав бо рохи коркарди маводи идрокшуда ба тасаввурот, ки дар тачрибаи пештара ба даст оварда шудааст, хаёл номида мешавад. Хаёл танхо ба одам хос мебошад.
Хаёл хамчун шакли ба худ хоси инъикоси вазъият вазифахои зеринро ичро мекунад:
– бокимондаи фикриро берун аз худуди маводхои бевоситаи даркшаванда мебарорад;
– барои пешаки фахмонидани оянда мусоидат мекунад;
– он чие, ки пештар буд, «чоннок менамояд».
Накшаи ашёву ходисахои вокеияти хакикие, ки дар айни хол идрок карда намешаванду пештар идрок шуда буданд, тасаввурот номида мешавад. Сарчашмаи тасаввурот ин хакикати объективи мебошад. Хаёл дар хар намуди фаъолияти одам мушохида карда мешавад, хаёл хосияти пуркиммати психикии одам мебошад. Хаёл дар рафти фаъолияти мехнати ба вуҷуд омадааст ва дар асоси он таракки меёбад.
Хаёл чараёни дарккуниро ба таври назаррас васеъ мекунад ва чукуртар мегардонад. Вай дар дигаргунсозии олами объективи низ роли бузург мебозад. Пеш аз он ки одам ягон чизро амалан тагйир дихад, у аввал онро фикран тагйир медихад.
Фаркияти фаъолияти инсон аз хайвон дар хамин аст.
Фаъолияти хаёл аз равонагии умумии шахс вобаста буда, бо хаёл ташаккулёбии як катор сифатхои ахлоки – психологияи шахс ба монанди эътикоднокии идеяви, хисси карз, ватандусти, инсондусти, маысадноки, катъияти алокаманд аст. Хаёл бо хаёти психикии одам алокаманд мебошад. Дар ташкили накшхои хаёл чахонбинии шахс, равонагии идеявии у ахамияти махсус дорад. Раванди хаёл бо сохахои эмотсионали, иродави ва маърифатии шахс вобаста буда, махсусан хаёл бо тафаккур ба таври зич алокаманд мебошад.

Вазъияти муаммови ва хаёл.
Хаёл мисли тафаккур ба катори равандхои олитарини маърифат дохил мешавад, ки дар он хусусияти фаъолияти инсони баръало ба назар мерасад. Чараёни фаъолияти дилхох зарурияти хаёлро талаб мекунад. Вай хамчун чихати зарурии фаъолияти бадеи, конструктиви, илми, адаби, умуман эчоди баромад мекунад.
Хаёл – ин унсури зарурии фаъолияти эчодии одам мебошад, ки дар сохтани накши маьсули мехнат ифода меёбад. Инчунин сохтани барномаи рафторро дар холатхое, ки вазъияти характери номуайян дошта бошад, таъмин менамояд. Ба монади тафаккур хаёл дар вазъияти муаммоги ду системаи ташкилкардашудаи накшхо (тасаввуротхо) ва мафхумхо мебошанд. Имконияти интихоби накш дар асоси хаёл, имконияти мувофикати нави мафхум бошад, дар асоси тафаккур замина пайдо мекунад.
Мохияти хаёл аз он иборат аст, ки вай имкон медихад карор кабул карда шавад ва дар вазъиятхои муаммоги барои тафаккур зарурбуда рохи халли он ёфта шавад.

3. Хаёл ва тасаввуроти эжоди.
Хаёл то дарачае аз хакикат дур рафтан мебошад. Одам чизеро хаёл мекунад, ки онро холо надидааст, вуҷуд надорад ва дар хакикат мавчуд нест, вале манбаи хаёл дар олами беруни аст. Пайдоиши накшхои тасаввури эчоди – ин натичаи фаъолияти магзи сари одам аст. Хаёл монанди хамаи дигар равандхои психики вазифаи кишри нимкурахои калон ба шумор меравад. Аз нуктаи назари физиологи хаёл раванде мебошад, ки он дар асоси алокаи муваккатии асабии мавчудбуда дар пустлохи майнаи сар алокаи нави асаби пайдо мешавад.
Синни то мактаби, солхои аввали хониш дар мактаб, ки дар ин давра фаъолияти пешбарандаи бачагон бози аст, бо инкишофи шиддатноки раванди хаёл тавсиф дода мешавад. Унсури зарурии бози ин вазъияти хаёлкардашаванда аст. Накши тасаввури эчоди дар ин чо хамчун барномаи фаъолияти бози баромад мекунад.
Хаёли бачагон вобаста ба азхудкунии нутк дар чараёни муошират ташаккул меёбад.
Тасаввури эчоди–шарти мухими инкишофи муътадили шахсияти кудак аст. Он барои озодона ошкор сохтани имкониятхои эчодии бача зарур мебошад. Дар синни то мактаби тасаввуроти эчоди хамчун яке аз шартхои мухимтарини азхудкунии тачрибахои чамъияти баромад мекунад.

Намудхои хаёл
Хаёл бо фаъолноки, таъсирбахши тавсиф дода мешавад. Хаёл фаъол ва нофаъол буда метавонад. Хаёли нофаъол ин хоб аст. Хаёли фаъол ин сохтани накши нави ашё. Дар навбати худ хаёли фаъол ба хаёли азнавсози ва эчоди чудо мешавад. Хаёли азнавсози сохтани накши нав дар асоси маводи мавчуда аст. Ин намуди хаёле мебошад, ки бе такякуни ба шархи тайёр ё тасвири онхо хосил мегардад. Чунин намуди хаёл мехнати зиёд ва душворро талаб мекунад. Орзу низ хаёлест, ки ба оянда ба пеш омада хаёту фаъолияти одам нигаронида шудааст. Орзу амали фикру андешахои чукуру асоснокро талаб менамояд. Орзу одамро рухбаланд мегардонад, барои ба оянда дур нигох кардан имконият медихад, орзуи таъсирбахш одамро ба мубориза даъват менамояд.
Накшхои хаёл аз руи дарачаи равшани ва аз руи муносибати накшхо бо хакикат фарк мекунад. Аз ин чихат хаёли хакики ва афсонавиро чудо мекунанд.

5. Хусусияти тахлилию таркибии хаёл.
Раванди хаёл мисли равандхои идрок, хотир, тафаккур хусусияти тахлилию таркиби дорад. Тахлил ва таркиб дар хаёл дигар самт дорад. Тамоюлхои асосии хаёл табдилдихии тасаввурот (накшхо) аст, ки дар нихояти кор сохтани модели вазъияти пештар ба вуҷуд наомадаи навро таъмин мекунад. Тасаввури эчоди ин инъикоси хакикати вокеи дар мачмуъ ва алокахои нави фавкулодаву гайримукаррари мебошад.
Таркибе, ки дар чараёни хаёл татбикшуда, дар шаклхои гуногун ба амал бароварда мешавад – агглютинатсия ном дорад.
Агглютинатсия – «ширеч кардани» сифатхо, кисмхо, кисмхои пайвастшавандаи гуногун дар хаёти харруза мебошад.
Гиперболизатсия бо зиёдшави ё камшавии ашё, инчунин тагйирёбии кисмхои алохида тавсиф дода мешавад.
Оддикунони (схематизатсия) тасаввуроти алохида чамъ мешаванд, фаркият суфта гардодида шуда, аломатхои монанди бошад аник аст.
Типикунони – чудо кардани чизхои мухим, ки дар накшахо ягон хели аломатхои алохида аст.
Тасаввурот, хаёл дар бачагон дар асоси тараккиёти идрок ташаккул меёбад. Зухуроти аввалини хаёл дар соли сеюми хаёти бачахо мушохида мешавад. Хаёл махсусан дар бачагони синни мактаби бо суръати тез инкишоф меёбад. Корхои таълимиву тарбияви ба инкишофи хаёл таъсири мусби мерасонад. Хаёли бачахои синни мактаби дар асоси донишхои махсус инкишоф меёбад. Тараккиёти хаёли мактаббачагон барои тарбияи зебопарасти (эстетики) замина тайёр мекунад.
Хусусиятхои хоси хаёл инхоанд:
а) васегии хаёл
б) мазмуннокии хаёл
в) кувваи хаёл.

Саволхо барои мустахкамкуни.

Тасаввурот чист?
Сарчашмаи тасаввурот чист?
Хаёл чи гуна раванди психики аст?
Алокаи хаёлро бо дигар равандхои психики шарх дихед.
Алокаи зич доштани хаёл ва тафаккурро нишон дихед.
Вазъияти проблемави гуфта чиро мефахмед?
Тасаввури эчоди чист?
Намудхои хаёл кадомхоанд?
Хаёли эчоди чист?
Хаёли азнавсози чи гуна хаёл аст?
Орзуро хамчун намуди хаёл тавсиф дихед.
Инкишофи хаёл ба чи вобаста аст?
Амалхои фикри кадомхоанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.