Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ҳиссиёт

Ҳиссиёт чунин холати психикие мебошад, ки он муносибати одамро нисбат ба худ, ба одамони дигар ва хаёти ихотакарда ифода менамояд. Ҳиссиёт фаъолияти психикии одам: эхсос, идрок, фикр, хаёл ва хамаи намудхои фаъолияти уро фаро гирифта ба онхо тобиши муайяне медихад.НАКША :

Мафхум дар бораи ҳиссиёт ва хаячон (эмотсия)
Механизми физиологии ҳиссиёт
Намудхои ҳиссиёт
Шаклхои азсаргузаронии ҳиссиёт
Ҳиссиётхои оли.
Ҳиссиёт чунин холати психикие мебошад, ки он муносибати одамро нисбат ба худ, ба одамони дигар ва хаёти ихотакарда ифода менамояд. Ҳиссиёт фаъолияти психикии одам: эхсос, идрок, фикр, хаёл ва хамаи намудхои фаъолияти уро фаро гирифта ба онхо тобиши муайяне медихад.
Манбаи ҳиссиёт махз хакикати объективи мебошад. Одам ба ашё ва ходисахои дунёи хакики хар хел муносибат мекунад.
Он чизе, ки ба каноатманд гардонидани талаботхои органики ва чамъиятии одам бевосита ё бавосита алокаманд аст, дар у ҳиссиёти мусбат (мамнани, хурсанди, мехр) ба вуҷуд меоварад. Он чизе, ки ба каноатманд намудани ин талаботхо халал мерасонад, ҳиссиёти манфи (норозиги, гамгини, андух, нафрат) ба вуҷуд меоварад.
Пайдоиши ҳиссиёти мураккабтарин ҳиссиёти оли ба хастии чамъиятии одам вобаста мебошад. Бо ибораи дигар, ҳиссиёт хусусияти ичтимои дорад.
Мохияти ҳиссиёт дар хаёт ва фаъолияти одам бенихоят калон аст. Ҳиссиёт барои бартараф намудани душворихо дар таълим, мехнат ва фаъолияти эчоди ёри мерасонад.
Механизми асабию физиологии ҳиссиёт чунин манзара дорад: хаячони дар пустлохи нимкураи калони майнаи сар (хангоми идрок намудани ягон объект) ба вуҷудомада, дар шароити муайян дар сохаи зерпустлох пахн шуда, ба системаи вегетавии асаб гузаронида мешавад, ки бо хамин дар организм тагйирёбии мувофик ба вуҷуд меоварад ва зухуроти берунии мувофики ҳиссиётро пайдо мекунонад.
И.П.Павлов пайдоиши ин ё он ҳиссиётро бо кувватдихи ё вайроншавии стереотипхои динамики алокаманд мекунад.
Ҳиссиёт дар хаячон (эмотсия) равшан зохир мешавад. Он на факат хаёту фаъолияти организмро тагъир медихад, балки як катор зухуроти беруни хам дорад. Масалан, дар холати тарс ва истиробии ногахонии асаби, ки сабабаш ягон ходисаи гайричашмдошт аст, ранги одам меканад, хун аз сатхи пуст мегурезад.
Ҳиссиёт инчунин дар харакатхои ба ном ифоданок: мимика (харакатхои ифоданоки руй) ва пантомимика (харакатхои ифоданоки тамоми бадан) зохир мешавад.
Ҳиссиёт дар нутк ва оханги талаффуз низ ифода ёфта метавонад. Ҳиссиёт мусбат ва манфи мешавад. Муносибати одам ба хакикат мусбат ё манфи шуда метавонад: баъзе ходисаю далелхо форам буда, мо онхоро дастгири мекунем, дигарашро макум ва инкор менамоем. Аз хамин сабаб ҳиссиёти одам дорои хусусияти мусбат ва манфи аст. Муносибати мусбати одам ба ягон чиз ба воситаи ҳиссиёти каноатманди, хушбахти, хушвакти, шодии пурчушу хуруш, мухаббат ва гайра зохир мешаванд.
Муносибати манфи дар ҳиссиёти норозиги, азоби рухи, гусса, гам, андух, маъюси, нафрат ва хоказо зохир мегардад.
Баъзан дар як вакт ҳиссиёти мукобилро хам аз сар гузаронидан мумкин аст. Ин барои серхаракати, тагйирёбанда ва мураккабию ягонагии онхо шаходат медихад.
Ҳиссиёти стеники ва астеники. Ду гурухи ҳиссиётро фарк мекунанд: 1) стеники (рухбахш), ки хаёту фаъолияти одамро баланд мебардорад, кувва ва гайрати уро зиёд мекунад; 2)астеники (афтодарухи), ки хаёту фаъолияти одамро суст ва кувваю гайрати уро кам мекунад. Дар ин чо хусусиятхои фардии шахс нихоят баръало ифода меёбад.
Холати рухбаланди ва рухафтодаги дар одамони гуногун дар натичаи аз сар гузаронидани хамон он як ҳиссиёт ба вуҷуд омада метавонад.
Масалан, ҳиссиёти гамгини дар баъзе одамон холати рухафтодаги ба вуҷуд оварад, дар одами дигар авчи пурзури кувваро пайдо кунонида метавонад.
Фаркхои фарди дар ҳиссиёт бо хусусиятхои шахсияти мутассиршаванда муайян карда мешавад. Дар ин чо типии системаи асаби одам, хусусиятхои идрок, хотиру хаёли у ва гайра роли мухим мебозанд.
Фаркхои фарди дар зухуроти ҳиссиёт ба сифатхои иродавии одам хам вобастаанд.

Шаклхои азсаргузаронии ҳиссиёт инхоанд:

1) Холати рухи. Холати рухи ин ҳиссиёти сустифодаёфта холати ба худ хоси эхсосие мебошад, ки муддате тамоми шахсро фаро мегирад ва ба фаъолияту рафтораш таъсир мерасонад. Холати рухи аксаран дарозмуддат мешавад, мумкин аст, ки рузхо, хафтахо, моххо давом кунад ва баъзан як давраи хаёти одамро хам дарбар гирад. Холати рухи монанди хар гуна ҳиссиёт дар шакли таассуроти мусбат ё манфи, масалан, дар шакли хурсанди ё андух, зудранчи ё ороми ифода меёбад.

2) Аффект. Аффект – ин ҳиссиёти пурчушу хуруш ва кутохмуддат амсоли газаб, маъюси, тарс ва гайра мебошад. Аффект ҳиссиёти нихоят серхаракат ва пуркувват буда, дар аснои ба вуҷуд омаданаш инсон хатто назорати иродавии рафтори худро гум мекунад. Холатхои аффект аксар вакт дар одамони калонсоле, ки сустирода мебошанд ва худро идора карда наметавонанд, зохир мешавад, равандхои боздори дар бачахо хеле суст зохир мешаванд.

3) Хирс. Хирс ҳиссиёти дарозмуддат, устувор ва пуркувват мебошад. Хирс хамеша ашёви аст, яъне бо мавчудияти саъю кушиш нисбат ба амал ва объектхои муайян тавсиф дода мешавад. Хирс ба ҳиссиёте тааллук дорад, ки он сабаби фаъолии одам мегардад.
Хирс аз руи мазмун ва равияи худ мусбат ва манфи шуда метавонад. Саъю кушиши бемайлони донистагириро хирси мусбат номидан мумкин аст.

4) Холатхои ҳиссиёти пуршиддат. Стресс. Холатхои эхсосоти пуршиддат дар вазъияти фавкулода, душвор ба вуҷуд меояд ва бо шиддати калони дохили аз сар гузаронида мешаванд. Онхо таассуротхое мебошанд, ки хангоми хатар, серкории аз хад зиёди чисмонию акли, зарурати фавран кабул кардани карори масъулиятнок ва хоказо пайдо мешаванд. Ба чунин вазъият дар намудхои гуногуни фаъолияти амали, назарияви, таълими, бози, варзиши, дар амалияи муносибатхои байни хамдигарии одамон, дар шароитхои гуногуни зиддиятнокии маънави дучор шудан мумкин аст.
Холатьои ҳиссиёти пуршиддатро аз руи хусусият ва кувваашон фарк мекунанд.
Хангоми ҳиссиёти пуршиддати зур дар баробари дигаргунихои нишон додашуда, рафтори умумии одам хам тагйир меёбад: амалиёти умумии хаячон пайдо мешавад, ки он дар ин ё он дарачаи вайроншавии рафтор (харакатхо ва имохои бетартибу ба хамдигар номувофик, нутки канда-канда ва беалока) ифода меёбад.
Дигаргунихои психологии хангоми ҳиссиёти пуршиддат ба вуҷудоянда бо вайроншавии вазифахое алокаманданд, ки онхо асоси назорати бошууронаи халли ин ё он муаммохо мебошанд.
Ҳиссиёт, чи тавре ки нишон дода будем, бо талаботи одам ва имконияти конеъ кунонидани онхо алокаманд аст. Вобаста ба хусусияти талабот ҳиссиёти паст ва олиро фарк мекунанд. Хусусиятхое, ки бо конеъ кунондан ё накунонидани ин ё он талаботи физиологи, масалан, таассуротхои бо гуруснаги, ташнаги, сери, дилбехузуршави алокаманд буда, ба ҳиссиётхои паст тааллук доранд. Ҳиссиёти паст ахамияти калони биологи дошта, дар бораи касали ё саломати, конеъ гардонидан ё нагардонидани талаботи оддитарини чисм (организм) ба пустлохи майнаи сар хабар мерасонад.
Ҳиссиёти оли дар асоси каноат кунонидан ё каноат накунонидани талаботхои рухи ба вуҷуд меояд. Ҳиссиёти оли возехи чамъияти дорад ва дар бораи муносибати одам ба тарафхо ва ходисахои гуногун хаёти чамъияти (ҳиссиёти ахлоки, акли ва зебопарасти) шаходат медихад. Мазмуни ҳиссиёти оли ва тамоили онхоро чахонбинии одам, коидахои рафтори ахлоки ва баходихии зебопарасти муайян мекунанд.
Ҳиссиёти ватандусти, башардусти, вазифашиноси, коллективизм ва гайраро ҳиссиёти ахлоки ташкил медихад.
Аз тарафи инсон фахмидани манфиати чамъияти ва вазифахояш нисбат ба халк асоси ҳиссиёти вазифашиноси мебошад.
Ҳиссиёти вазифашиноси дар хаёти харруза хам зохир шуда метавонад. Ҳиссиёти акли низ ба ҳиссиёти оли тааллук дошта, муносибати одамро ба фикр, ба чараёну натичаи фаъолияти акли ифода менамояд. Ҳиссиёти акли, ҳиссиёти хайрат, шубха, бовари, каноатманди мебошад. Ҳиссиёти акли дар рафти фаъолияти маърифати ба вуҷуд меояд ва хамеша бо он хамрох буда, ба он тобиши муайяни эхсоси (эмотсионали) медихад.
Ҳиссиёти каноатманди ё гайриканоатманди дар рафти фаъолияти фикрии худи одам пайдо мешавад. Масъалан, нагз ва мохирона хал кардашуда дар одам ҳиссиёти каноатмандии калон ва хушнудиро ба вуҷуд меоварад.
Фикри аз тарафи мо баён кардашудае, ки ба хамсухбатамон фахмо нест, сабаби дар у пайдо шудани ҳиссиёти гайриканоатманди мешавад.
Ҳиссиёти зебопарасти, ки шаклхои гуногун ва хархелаи зухурот дорад, дар хаёти одам ба мавкеи калон сохиб аст. Муносибати зебопарасти ба хакикат хамчун ҳиссиёти олимакоми, ачоиби, зебоги, хамчун ҳиссиёти кахрамони, драматики, хандаовар ва гайра аз сар гузаронида мешавад. Асархои санъат: мусики, расм, хайкалтароши, насру назми бадеи, инчунин асархои архитектура хангоми мушохидаи ходисахои табиат таассуротхои зебопарастии диққатчалбкунандаро аз сар мегазаронем.
Мухаббат низ яке аз шаклхои ҳиссиёти оли аст.

Хусусиятхои ҳиссиёт

Равияи ҳиссиёт пеш аз хама дар асоси хусусиятхои шахс, чахонбини, акида ва эътикодхои у муайян карда мешавад. Одами эътикодаш доими набуда, зиддияти ботини дорад ва бо у парешонии эмотсионали хосаи ҳиссиёт дар асоси маромхои гуногуни тасодуфи пайдо мешавад ва ноустувории хаёти ботинии одам, доими набудани принсипу эътикодашро инъикос менамояд.
Ҳиссиёти одам хам амик ва хам сатхи шуда метавонад. Ҳиссиёти амик бо тамоми рухияи шахс, чихатхои асосии хаёти ботинии у (фикр, хохиш, саъю кушиш) алокаманд аст. Бо ибораи дигар, одамро факат хамон чиз сахт мутаассир мекунад, ки максади хаёт ва мохияти шавку хаваси уро ифода намояд.
Устувории ҳиссиёт бо чукурии ҳиссиёт дар ягонаги зохир мешавад. Ҳиссиёти чукур устувору мустахкам хам мебошад, холатхои дуюмдарача ва камахмият ба он таъсир намерасонанд. Ҳиссиёти руяки гарчанде зур шуда тавонад хам, муваккати ва гузаранда мебошад.
Ноустувории ҳиссиёт дар шаклхои гуногун зохир мегардад.
Хамин тавр, ҳиссиёт холати эхсоси шахс аст, ки бо равандхои маърифати алокаи зич дошта, дар ташаккули шахсият ва мавкеи у дар ҷомеа сахми бузурге дорад.

Саволхо барои мустахкамкуни.

Ҳиссиёт чист?
Тарзи азсаргузаронии ҳиссиётро номбар кунед ва онхоро шарх дихед.
Мавкеи ҳиссиётро дар хаёту фаъолияти инсон нишон дихед.
Механизми физиологии ҳиссиётро шарх дихед.
Хусусиятхои ичтимои доштани ҳиссиётро нишон дихед.
Гузаронидани ҳиссиётро шарх дихед.
Намудхои ҳиссиётро номбар кунед.
Шаклхои азсаргузаронии ҳиссиёт кадомхоанд?
Хусусияти фардии ҳиссиётро шарх дихед.
Бардавоми ҳиссиёт ва кувваи онро муайян кунед.
Ҳиссиёти инсонро чихо ба вуҷуд меоранд?
Роххои ташаккули ҳиссиёти мусбатро нишон дихед.
Фарки байни ҳиссиёту эхсос (хаячон) ва алокамандии онхоро нишон дихед.
Фаркхои фардии чоришавии ҳиссиётро нишон дихед.
Роххои ташаккулдихии ҳиссиётро нишон дихед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.