Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Қобилият

Қобилият ин чунин хусусиятхои фардию – психологии одам мебошад, ки онхо талаботхои фаъолияти муайянро каноат мекунанд ва шарти бомуваффакият ичро намудани он мегарданд.Максад: шарх додани сохти қобилиятхои одам ва шинос намудани донишчуён бо усулхои ташхиси қобилиятхо ва муаммои ошкор сохтани бачагони қобилиятнок.
Мафхумхои асоси: қобилият, аломату нишонахои анатомию физиологи, истеъдод, типи умумии фаъолияти олии асаб, мехнатдусти, шавку хавас, майл, лаёкати касб, касбмуайянкунии талабагон.
НАКША:

Мафхум дар бораи қобилият
Тавсифи микдори ва сифатии қобилият
Муаммои ташхиси қобилиятхои одам дар психология
Сохти қобилиятхо
Ташаккулёбии қобилият
Мафхум дар бораи қобилият
Қобилият ин чунин хусусиятхои фардию – психологии одам мебошад, ки онхо талаботхои фаъолияти муайянро каноат мекунанд ва шарти бомуваффакият ичро намудани он мегарданд.
Аз қобилият суръат, чукури, осони ва устувории чараёни азхудкунии донишхо, махоратхо ва малакахо вобаста аст. Қобилиятхо хусусиятхои фардию – психологии нисбатан мураккабтар аст.
Хар як фаъолият аз одам доштани якчанд қобилиятро талаб мекунад. Масалан, қобилияти бадеи, мушохидакор будан, хотири накши ва тасаввури эчоди доштан, фикрро анику ифоданок баён карда тавонистанро талаб мекунад. Қобилият дар фаъолият зохир мегардад.

Тавсифи микдори ва сифатии қобилият
Қобилиятхо сифати ва микдори шуда метавонанд. Барои омузгор дар андозаи муайян зарур аст, ки ба чи қобилият доштани хонандаро маълум намояд. Мувофикан кадоме аз хусусиятхои фарди-психологии шахсияти у дар чараёни фаъолият хамчун шарти зарурии пешрафти у чалб карда мешаванд (характеристикаи сифатии қобилият) ва ба кадом андоза хонанда барои ичрои талаботхое, ки фаъолият мегузорад, қобилият дорад. Чи кадар тезтар, осонтар ва асоснок вай малака ва махорати донишхоро нисбати дигарон аз худ менамояд (характеристикаи микдории қобилият).
Аз тарафи дигар хусусиятхои сифатии қобилият хамчун мачмуи мураккаби хосияти психологии одам баромад мекунад, ки муваффакияти фаъолиятро таъмин менамояду барои ба максад расидан имконият медихад.

Муаммои ташхиси қобилиятхои
одам дар психология
Муаммои ташхиси қобилиятхои одам дар психология таърихи дуру дароз дорад. Хануз дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 як катор психологхои бурчуази (Кеттел, Термен, Спирмен ва дигарон) дарачаи қобилиятхои таълимгирандагонро муайян намуданд. Вале муаммои тавсифи микдории қобилият аз лахзаи пайдоиши худ дар шароити чамъияти бурччази хосияти дутарафа гирифт.
Таьлили чукури муаммои қобилият аз чониби Б.М.Теплов кор карда шуд. Мувофики консепсияи инкишофдодаи у ва хамкасбонаш факат хусусиятхои анатомию физиологи ва функсионалии одам, ки барои инкишофи қобилиятхо заминахои муайянро ба вуҷуд меоранд ва он аломатхои қобилият (задатки) номида шуда, модарзоди буда метавонад.
Аломатхои қобилият бехад сермаъно аст, онхо танхо заминаи инкишофи қобилиятхоанд. Онхо ба инкишофи ва хамчун лахзаи аввала дохил мешаванд. Аломатхои қобилият сабаби роххои гуногуни ташаккули қобилиятхо:
-ба дарачаи комёби, тезигии инкишоф таъсиррасони.

4. Сохти қобилият
Одатан намуди қобилиятро аз руи равонагии он фарк мекунанд.
Аз ин чихат қобилияти умуми ва қобилияти махсусро чудо мекунанд. Хар як қобилият сохти худро дорад, дар он хусусияти пешбаранда ва ёрирасон чудо мекунанд. Хамин тавр, масалан, хусусияти пешбаранда дар қобилиятхои адаби, математики, педагоги ва бадеи зеринхо мебошанд:
Дар қобилияти адаби:
– хусусияти хаёли эчоди ва тафаккур;
– образхои равшан ва аёнии хотир, аён
– инкишофи хиссиёти зебопарасти;
– хиссиёти забон.
Дар қобилияти математики:
– махорати умумигардони;
– нафисии равандхои фикри;
– сабук гузаштан ва рафти рост ба рафти акси факр.
Дар қобилияти педагоги:
– такти педагоги;
– мушохидакори;
– мухаббат ва бачахо;
– талабот дар гузаронидани донишхо. Дар қобилияти бадеи:
– хусусияти хаёли эчоди ва тафаккур;
– хосияти хотири бинои, ки барои сохтан ва нигохдории эхсоси
нисбати даркшаванда зохир мешаванд;
– сифатхои иродавии шахс, ки табдили фукрро дар амалия
таъмин менамояд.

Муташаккилёбии қобилият
Қобилият дар асоси ин ё он хусусиятхои равандхои психики ташаккул меёбад, вале лахзахои эхсоси-иродави ва муносибатро низ дар бар мегирад.
Қобилияти одам дар рафти фаъолияти дуруст ташакилкардашуда ташакул меёбад ва таракки мекунад. Дарачаи баланди қобилият ин истеъдод мебошад.
Истеъдод – пайвастагии мусоидатарини қобилиятхост, ки барои бо муваффакият ва эчодкорона ичро намудани фаъолияти муайян имконият медихад.
Тараккиёти истеъдод омузиши бардавому устувор ва мехнати зиёдро талаб мекунад.
Шавку хавас ва майл нисбат ба фаъолият одатан дар ягонаги бо қобилият таракки мекунад. Масалан, майл ва шавку хаваси талаба нисбат ба математика уро мажбур мекунад, ки бо хамин фан бештар машгул шавад ва ин барои тараккиёти қобилияти математики сабаб мегардад.
Барои дар фаъолият ба муваффакият ноил гаштан гайр аз қобилият, шавку хавасу майл доштан, боз як катор хислатхои характер пеш аз хама мехнатдусти, мутташакали, муттамарказият, максадноки, суботкори, устувори, катъият ва гайрахо низ лозим аст.
Вазифаи асосии системаи тарбия – хаматарафа таракки додани қобилияти бачагон мебошад.

Саволхо барои мустахкамкуни

Хусусиятхои фарди – психологияи шахс кадомхоанд?
Қобилият чист?
Чараёни азхудкунии донишхо аз чи вобаста аст?
Тавсифи сифати ва микдории қобилиятро шарх дихед.
Зери аломатхои қобилият чиро дар назар доред?
Сохти қобилиятро тавсиф дихед.
Қобилияти математики чист?
Қобилияти педагоги чи гуна аст?
Намудхои қобилиятро номбар кунед.
Қобилияти умуми ва махсус чист?
Ташаккули қобилият ба чи асос мешавад?
Мехнатдусти ва муташаккили чи маъно дорад?
Максадноки чист?
Хислатхои иродавии характер кадомхоанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.