Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Вазифаи асосии машварати психологи дар соҳаи маориф

Дар охири асри ХIХ психологияи педагогй бо педагогикаи мактабй зери фишори талаботҳои ҷамъиятй ривоҷ ёфтан гирифт. Психологи Амрикои Стэнли Холл соли 1981 маҷалаи «Машварати педагогй»-ро аз нашр баровард, ки ба масъалаҳои педагогй ва психологияи бачагон бахшида шуда буд.Нақша:

Талабот ба шахсияти психологи соҳаи маориф.
Сифат ва малакаҳои касбии психолог.
Психограммаи касбии психолог.
Дар охири асри ҶIҶ психологияи педагогй бо педагогикаи мактабй зери фишори талаботҳои ҷамъиятй ривоҷ ёфтан гирифт. Психологи Амрикои Стэнли Холл соли 1981 маҷалаи «Машварати педагогй»-ро аз нашр баровард, ки ба масъалаҳои педагогй ва психологияи бачагон бахшида шуда буд. Дар охири асри ҶIҶ ва масъалаҳои ва масъалаҳои хизмати психологии мактаби Алферед Бине машѓул буд. Ба тадқиқотҳои ин соҳа вай соли 1874 сар кард, дар соли 1897 бошад бахшида ба масъалаҳои психологй дар мактаби ибтидои баромад. Дар соли 1905 Вазорати Маорифи Фаронса ба А. Бине бо изҳороти гузаронидани тадқиқоти психологии кўдаконе, ки ба рўи нақшаи умумии таълим Хонда намешаванд муроҷиат кард. Бине таҷрибаҳои педагогиро таъсис намуд, ки дар он методикаи омўзиши инкишофи фикрии кўдакро бо номи «мактаб барои ченкунии интелект»-тести машҳури Бине, ки кўдаконро ба қафомонии инкишофи фикрй тадқиқ мекунад, кор карда баромад.
Бештар ананаҳои психологияи мактаби дар Англя, ШМА, Фаронса, Шведсария вуҷуд доштанд. Дар тўли 10-15 сол хизматҳои психологй-педагогй дар бисёр давлатҳо пайдо шуданд. Дар мактабҳои Амрико психологон дар кори худ тестҳоро васеъ истифода мебурдаги шуданд, аз ҳама бештар тестҳо барои муайян кардани коффисенти маҳорати фикрй хизмати Гайденс пайдо шуд ва тараққи ёфт. Аз соли 1945 то1960 ба таҷрибаи мутахассисон машваратчиёни хизмати Гайнденс устуворона ба тарақи тестҳо дохил гаштаанд. Истифодабарии хизмати Гайнденс аз методи тестҳо ҳамчун олоти фаъолият дар мактабҳои Амрикои гардид.
Дар солҳои 1950-60-ум зиёд гаштани психологҳои мактабй ба назар расид. Вазифаҳои асосии хизматҳои психологй:
1.Ёри ба муаллимон дар индивидуалнокии мундариҷа ва усулҳои таълим.
2. Ёри ба бачагон дар интихоби роҳҳо мувофиқ омадани таълим дар мактаб.
Талабот ба шахсияти психологи соҳаи маориф
Бо омадани психолог ба соҳаи маориф умедҳои муайяни иҷтимой алоқаманданд. Шаклпарастй, номуташаккилй, фарқ накардану ба эътибор нагирифтани фардияти хонандагон, ҳавасмандкунии зоҳирии фаъолият ва рафтори кўдакон- фақат баъзе иллатҳои педагогикаи «бекўдакй» ва психологияи функсионалианд, ки симои мактабро барои бошандагони он чандон камҷалбкунанда намудаанд. Психология ва психолог ба боѓчаи кўдакон ва ё мактаб омадаанд, то, ки онҳоро боз ҳам инсонпарварона кунанду ба тараққиёти шахсияти шахсияти ҳар як кўдак, омўзгор ва роҳбар мусоидат намоянд. Аз ин рў, комилан дуруст аст, ки агар дар талаботҳои ба шахсияти психолог пешниҳодшуда чунин тавсия диҳандаҳоро ҷудо намоем.

Психолог бояд дорои қобилиятҳои баланди (умумй) ақлй буда, борикбин, бомулоҳиза, озодаандеш, таҳлилгари дақиқ ва озмоишгар бошад.
Психолог бо одамон кор карданро дўст медорад, бо эътирофи иҷтимой шод мешавад, нисбати одамон олиҳиммат аст, ба осонй гурўҳҳои фаъолро ташаккул медиҳад, номи одамонро хуб ба хотирн мегирад, меҳрубон, боодоб ва хушмуомила мебошад.
Ў амали якҷояро дўст медорад, манфиатҳои шахсро ба манфиат-ҳои гурўҳ тобеъ менамояд, фарди поквиҷдон, зўр, боғайрат буда, дорои ҳисси адои вазифа ва масъулият аст. Ў шахси ҷасур аст ва масъалаҳои амалиро тез ҳал менамояд.
Психолог фарди аз ҷиҳати эмотсионалй устувор, ором, бо-таҳаммул буда, ба таври воқей вазъиятро месанҷанд ва нисбати ҳолати стресс устувор аст.
Кадом зуҳуротҳои шахсй бо кори психолог мувофиқ намеоянд? Ин пеш аз ҳама бетаҷрибагию хомии шахс, қувваи пасти «эго», зеҳни аст, набудани ҳамҳиссию ҳамдигарй, новобастагии фикру андеша, ҳал карда натавонистани муаммоҳои худ, боздории аз ҳад зиёд муташаккилии паст, бад муқобилият-нишондихй ба стресс, талабот ба ѓамхорй, изтиробнокии баланд ва ҳисси камгунаҳкорй.
Албатта, ин талаботҳо мутлақ гардонида шудаанд ва пайдо намудани одамоне душвор аст, ки дар онҳо ин ҳама мувофиқат намояд. Аз ин рў, ин талаботҳо бояд ҳамчун намуда дида баромада шаванду ҳамчун нишондиҳандаи хизмат кунанд.
Имрўз ба мактаб ду намуди психологҳо омадаанд: ақли ва равияи иҷтимои дошта. Ба намуди якум таҳлилгарҳои бомулоҳиза, одамони мустақил ва мумтоз дохил мешаванд. Дар онҳо малакаҳои назариявй бартарй доранд. Чун қоида, онҳо хатмкунандаҳои донишгоҳҳо мебошанд, ки ояндаи худашонро на бо мактаб, балки бо фаъолияти илмй алоқаманд намудаанд.
Гурўҳи дигари психологҳо ба намуди равияи иҷтимой дошта дохил мешаванд Онҳо одамоне мебошанд, ки дорои чунин хислатҳои характеранд: кўшиши ёд додану тарбия намудан, аз назари психологи омода будан ба муносибат намудан бо одамон ва ѓайра. Ба онҳо талабот ба муошират хос аст, ҳангоми ҳалли масъалаҳо ба ҳиссиёту эмотсияҳо такя мекунанд ва дорои қобилиятҳои хуби шифоҳи мебошанд. Ин намуди психологҳо бештар дар байни омўзгороне вамехўранд, ки ба факултаи психологҳои амлй омадаанд. Мақсаду мароми такмили ихтисоси онҳоро дар аксари ҳолатҳо маромҳои иҷтимой ташкил медиҳанд.
Психограммаи касбии психолог (ниг. Укке Ю.В. Диагностика сознателҳного вқбора профессии у японских школҳников // Вопросқ психологии, 1990, №5-с.150-157) оварда мешавад.

Принсипи умумй ва қоидаҳои кори психолог

Фаъолияти касбии психологй амалй бо масъулияти махсус дар назди мизоҷон ва озмудашавандагон тавсиф дода мешавад.
Психолог ҳангоми кор бо мизоҷ принсипидурусткорй, бовиҷдонй ва самимиятро ба роҳбари мегирад.
Кори психологи амалй ба ноил шудан ба мақсадои инсониятпарварона равона шудааст, ки бартараф намудани ҳар гунна монеъаҳоро дар роҳи тараққиёти озодй ақлй ва шахсияти ҳар як одам дар назар дорад.
Психолог кори худро дар асоси эҳтироми бечунучарои қадру манзалат ва дахлнопазирии шахсият ташкил медиҳад, ҳуқуқҳои асосии инсониро риоя намуда, фаъолона онҳоро ҳимоя мекунад.
Психолог бояд дар интихоби методҳои ташхискунандаю ислоҳкунй ва инчунин дар хулосабарорию тавсиядиҳиҳояш ниҳоят эҳтиёткор бошад.
Психолог вазифадор аст ҳамон ёриҳое расонад, ки доир ба онҳо маълумоти кофи дорад ва мутахассис ба он аст.
Психолог ҳуқуқи додани метоҳои ташхиси психологй, ислоҳкунии психолог ва психотерапевтиро барои истифода ба шахсони бесалоҳият надорад.
Психолог ҳуқуқи гуфтани натиҷаҳои омўзиши фардии психологиро ба шахси сеюм танҳо баъди розигии мизоҷ дорад.
Хадамоти психологй ба донишҷў
Тараққиёти соҳаи гуногуни ҳаёти иҷтимоии мамлакатро бе нерӯи эҷодӣ ва маънави тасаввур кардан ғайри имкон аст. Тараққиёти фаъоли, ташаббускори ва қобилиятҳои шахс бояд ба мактаби миёна дар мактаби олӣ даво меёбад. Хадамоти психологӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯ ба дилхоҳ масъалаҳои ҳалталабаш ҷавоб ёбад. Донишҷӯ чунин масъалаҳои муҳими таълим ва шахсии худ метавонад ба психолог муроҷиат намояд:

роҳҳои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии дониш, маҳорат ва малака аз фанҳои гуногуни таълимӣ;
роҳҳои самаранок ва давомдор ба хотир гирифтани материали таълимӣ: ислоҳи ҷараёни бахотиргирӣ;
воситаҳои ташаккули нутқи донишҷӯ, яъне фаъолияти нутқии ӯ.
ташхиси шахсияти донишҷӯ ва дар асоси натиҷаҳои омӯзиш ба роҳ мондани раванди худислоҳкуни, худтарбиякунӣ ва худидоракунӣ; ва ғайраҳо метавонад донишҷӯ муроҷиат кунад.
Хадамоти психологӣ ба донишҷӯён дар панҷ шакл мегузарад:

баланд бардоштани дараҷаи маърифатии психологии донишҷӯ, яъне мусаллаҳ намудани онҳо бо донишҳои муҳими психологӣ.
профлактика (пешгирӣ) психологӣ, яъне ёд додани донишҷӯ бо роҳи воситаҳои мақбули пешгирӣ намудани зуҳуроти номақбули психологӣ.
ташкили машварати психологӣ дар шакли инфироди ва гурӯҳӣ.
ташкили машварати психологӣ дар шакли инфиродӣ ва гурӯҳӣ.
таълими ислоҳи психологӣ бо нияти бартараф намудани тамоилҳои номатлубе, ки дар тараққиёти психики ва шахсияти донишҷӯ ба амал меояд.
Саволҳо барои мустахкамкунии мавзўъ:
1. Таърихи психологияи педагогй.
2. Ташкили хизмати психологияи таълим.
3. Вазифаҳои психологияи соҳаи маорифро шарҳ диҳед?.
4. Психограммаи касби гуфта чиро мегўянд?
5. Қоидаҳои кори психолог дар соҳаи маорифро шарҳ диҳед?
6. Талабот ба шахсияти психологи соҳаи маорифро гўед?
7. Психологҳои равияи иҷтимой доштаро шарҳ диҳед?
8. Вазифаҳои асосии хизматҳои психологй.
9. Хадамоти психологӣ ба донишҷӯён дар чанд шакл мегузарад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.