Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Мазмун ва шакли кори психолог дар идораи маориф

Мақоми касбӣ, мақсадгузорӣ ва умуман мазмуни фаъолияти касбии психолог пеш аз ҳама бо мавқеи ӯ муайян карда мсшаванд Ҳамон вазъият мусоиду созгор аст, вақте ки мутахассис бо корҳои худ машғул аст ва ҳамчун психологи амалӣ аҳёнан дар таълими фанҳои таълимии махсус (психология, асосҳои интихоби касб) иштирок мснамояд.Нақша:

Мақоми касбӣ.
Предмети ташхиси психологӣ.
Истифодаи васеъи имкониятхри психологӣ – педагогӣ.
Мақоми касбӣ, мақсадгузорӣ ва умуман мазмуни фаъолияти касбии психолог пеш аз ҳама бо мавқеи ӯ муайян карда мсшаванд Ҳамон вазъият мусоиду созгор аст, вақте ки мутахассис бо корҳои худ машғул аст ва ҳамчун психологи амалӣ аҳёнан дар таълими фанҳои таълимии махсус (психология, асосҳои интихоби касб) иштирок мснамояд. тамоми қувва ва вақти кори худро ба масъалаҳои психологӣ мебахшад. Ӯ ҳамчун психолог метавонад ба протсесси педагоги аз тарафе истода мушоҳида намояд. Хонандагон ва волидайн ба психолог аз ҳама зиёдтар боварӣ зоҳир менамоянд. Дар ин ҳолат аз тарафи омӯзгорон эҳтиёткории муайяне мушоҳида мешавад. Агар психолог таҷрибаи педагогӣ надошта бошад, ба таври кофӣ масъалаю ташвишҳои мактабро надонад, он гоҳ инҳо ба рафти мутобиқшавии ӯ душвориҳо меоваранд. Ӯ бояд дар ин ҳолатҳо бо муаллимон зичтар робита пайдо намояд ва бо дили кушод ба ҷониби кӯдак раҳсипор гардад.
Ҳангоми бозгашти омӯзгори собиқе, ки хатмкунандаи факултаи махсус аст, ба коллективаш ба сифати нав, нақши нави касбӣ, одатан рафти мутобиқшавӣ аз рӯи одатҳои пеш ташаккулёфтаи муносибат кардан дар аксари ҳол боз дошта мешавад. Дигаргуниҳои зиёд дар мақсадгузориҳои шахс ва мавқеи мутахассис баъзан бо одатҳои пешина ба ихтилоф меоянд. Психолог дар амал мақсадгузориҳои нави худро исбот карданӣ мешавад – қисми сарбории таълимиро мегирад, намефаҳмад, ки ҳолати номуайяни нақш дар ташаккул ёфтани ӯ дар мавқеи нав халал мерасонад. Якҷоякунии вазифаҳо кори ниҳоят душвор буда, баъзан барои мутахассиси нав зӯрнорас аст. Аз ин рӯ, чунин психолог, ҳарчанд дар таҳлили протсесси педагогй бевосита иштирок карда тавонад ҳам, вале ин корро танҳо аҳёнан, дар ҳолати зарурӣ мекунад. Психолог пеш аз ҳама аз ҳамкасбон ва роҳбарият вобаста аст ва асосан ба мавқеи нав ниҳоят бо сустӣ дохил мешавад.
Мавқеи мутахассиси навн ба кор оғозкарда боз ҳам бефоидатар мегардад, вақтс ки ӯро ба вазифаи роҳбарикунанда ё педагогӣ таъин мекунанд ва боз ним сарбории психологиро медиҳанд. Ӯ дар ин ҳолат бояд ҳаҷми пурраи кори асосиро иҷро кунад. Дар фаъолияти ӯ мақсадгузориҳои педагогӣ ва одатҳои пеш ташаккулёфтаи рафтр бартарӣ пайдо мекунанд, ки онҳоро дар вақти омӯзиш бартарф кардан мехост. Норасоии вақт ба кори психологӣ имконияти такмил додани салоҳиятҳои касбии психологро намедиҳад. Кори ӯ дар амалия танҳо бо аҳёнан маслиҳат додан, тарғиб намудан ва омоданамоӣ ба чорабиниҳои маъмурӣ маҳдуд мешаваду халос.
Қисми дигари психологҳо дар шӯъбаҳои маориф ба сифати психологи ноҳия, психолог-методист кор мекунанд. Онҳо аз маъмурият ва коллективи педагогӣ новобастаанд ва дар баробари мавқеи психолог мавқеи коркуни роҳбарикунандаро низ мегиранд. Ин коллективҳои педагогиро ба эҳтиёткорӣ водор менамояд, то ки муаммоҳои пайдошуда аз мактаб ба берун набароянд. Одатан, ин психологҳо фаъолияти худро аз тадқиқотҳои калон, аз маслиҳат додан ба гурӯҳҳои гуногун сар мекунанд ва ба шаклҳои нисбатан мақбули кор амалӣ намудани омодагии психологӣ-педагогии омӯзгорону волидайн, расонидани ёрии методӣ ва назорат намудани фаъолияти психологҳои мактабии ноҳия мегузаранд.
Ҳамин тариқ, мавқеи психологро пеш аз ҳама эътибори ӯ ба ин ё он навъи муносибат бо коллективи мактаб ва равияҳои асосии фаъолияти ӯ муайян мекунад.
Мазмун ва шаклҳои кори психолог дар идораҳои маориф
Психолог ҳамчун объекти асосии таваҷҷӯҳи худ – кӯдакро муайян намуда, рафти тараққиёти психики ӯро дар асоси тасаввуротҳо дар бораи мазмун ва даврабандии ин протсесс назорат мекунад. Предмети ташхиси психологиро муайян кардани мавқъеи психологии кӯдак (хусусиятҳои тараққиёти функсияҳои психикӣ. сохти шахсияти ӯ, характер, мизоҷ) ташкил медиҳад. Шояд, гузаронидани чунин ташхис дар давраҳои гуногуни тараққиёт дар гурӯҳҳои асосии синну солӣ низ зарур аст. Инчунин «гурӯҳи хавфнок»-ро ҷудо мекунанд, ки ба эътибори махсус ниёз дорад. Ӯ нисбати ин кӯдакон шаклҳои чӣ умумӣ ва чӣ махсуси корро (ташхиси психологии водоркунанда, машварати синну солию фардӣ, машқдиҳии схемаҳои сабабӣ, машқдиҳии муошират ва рафторҳои нақшӣ, ислоҳкунии рафтор тавассути бозӣ, машғулиятҳои гимнастикаи психологӣ ва терапияи психологӣ, сӯҳбатҳои пешгирии психологӣ ва машварат) истифода мебарад.
Бо гурӯҳи махсусе, ки психолог дучор меояд, падару модарон мебошанд. Таҳлили амалияи мактаб нишон медиҳад, ки кор бо падару модарон дигаргунии ҷиддиро мехоҳад. Муваффақияти он аз ҳалли бисёр масъалаҳо вобаста аст.
Масъалаи якум-дигар кардани мақсадгузориҳои омӯзгорон ва падару модарон нисбати нақши оила дар ташаккули шахс: кӯдакро ба оила баргардондан зарур аст, ба оила нақши «академияи хонагӣ» ва ба падару модарон функсияи мураббияҳои асосиро бояд баргардонд.
Масъалаи дуюм ташхиси илмии оила, шароитҳои тарбияи оилавӣ ва талаботҳои падару модарон, ки он мставонад аз анкетаҳои соддаи ташхискунанда сар шаваду бо тартиб додани тасвири пурраи оила ҳамчун институти тарбияи падару модарон ба охир расад.
Масъалаи сеюм дур кардани падару модарон аз хусусиятҳои манфии анъанави дар омоданамоии психологию педагогӣ. Мутаассифона, солҳои охир мо бсштар дар бораи носозгории оила гап мезанем. Имрӯзҳо бояд тарғиби бунёди оилаи хушбахтро кунем.
Масъалаи чорум- истифодаи влссп пмкониятҳои педагогии худи падару модарон. Бо падару модароп кор карда исгода, бояд манфиат ва имкониятҳои оиларо ба инобат гирпфт, афкорп ҷамъиятии падару модарон ва симои коллективи волидайнро ташаккул дод. Падару модарони ҳозира имконияти на танҳо фаҳмидани масъалаю муаммоҳои мактабро доранд, балки нақша ва мақсадҳои дуру наздики онро низ медонанд. Илова ба ин, он.ҳо бояд шаклҳои паҳншудаи кори педагогиро аз худ кунанд. Ниҳоят, ба опҳо боид ҳуқуқ ва вазифаҳояшон фаҳмонида шавад.
Масъалаи панҷум – ташкили ёрии таъҷилии психологй-педагоги ба оила. Вақте ки волидайн ба лексия меоянд ва агар дар он сухан дар бораи кӯдаки миёнаҳол равад, он гоҳ ин ахборот гирифтанашуда мемонад. Агар онҳо ба саволи мушаххаси барояшон муҳим ҷавоб ёбанд ҳам – ин алҳол психология ва педагогикаи амалкунанда аст. Ин масъаларо тавассути машварати оилавӣ, телефони боварй ва шаклҳои сайёри ёрии психологӣ ба оила ҳал кардан мумкин аст.
Масъалаи шашум – ба кор бо падару модарон табиати зиндаву амалӣ бахшидан. Бисёр падару модарон кӯдакони худашонро бад тарбия мекунанд, на барои он ки бесаводанд. Онҳо медонанд, ки бояд ин корро кард, вале намедонанд, ки чй тавр онро бояд иҷро намуд. Ҳатто аз лексияи беҳад хуб ҳам аз худ кардани роҳҳои мақбули тарбияи оилавӣ душвор аст. Аммо шаклҳои ба ном фаъол – малака ва маҳорати амалии муоширати оилавй, инчунин тезбинии психологию педагогии волидайнро инкишоф медиҳанд.
Дар модели хадамоти психологӣ мавқеи муҳимро кор бо маъмурияти муассиса ишғол мекунад. Психолог вазифадор аст, ки ба роҳбарон дар дониста гирифтани тарафҳои суст ва зӯри шахсияташон, ташаккули муҳити солими психологӣ дар коллектив, интихоби усули мувофиқи идоракунӣ ва фаъолият, ташхиси коллективи педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, бартараф намудани ихтилофҳои истеҳсолӣ ва байнишахсӣ ёри мерасонад. Дар баробари ҷанбаҳои иҷтимоӣ-психологии идоракунӣ, бо ёрии психолог дигар ҷиҳатҳои фаъолияти идоранамоӣ, аз он ҷумла банақшагирӣ, таҳлили раванди педагогӣ, муайян намудани мақсадҳои асосии он ва гайра мувофиқ кунонидаи мумкин аст.
Гурӯҳи дигари табиатан душворе, ки психолог бо он кор мекунад, омӯзгорон мебошанд. Онҳо хадамоти психологиро ҳар хел дарк мекунанд: бо кӯшиш намудан ба ҳамкорӣ, бо кунҷкобӣ, бепарвоӣ, нобоварӣ, шубҳа ва ҳатто бо нафрати ошкоро. Танҳо дараҷаи баланди босалоҳиятӣ, ҳақиқатнигории психолог, равияи амалӣ ва натиҷабахшии кори ӯ барои ба даст овардани боварӣ дар назди коллективи педагогӣ ба ӯ ёрӣ мерасонанд. Аз ташхиси психологии шахсияти инсон сар кардан беҳтар аст, охир ба ҳар як одам ҷаҳду кӯшиш ба худшиносӣ хос аст. Хусусиятҳои ин ё он омӯзгорро омӯхта, бояд ба ӯ маслиҳатҳои водоркунанда дод: чӣ тавр ба тарафҳои зӯри характери худ такя намуда, меҳнати педагогиро мувофиқ кардан мумкин аст. Ба психолог барои боз ҳам дурусттар муайян кардани ташхис бояд омӯзгорро дар рафти муошират ва фаъолият мушоҳида намояд. Барои ин таҳлили ҷараёни педагогиро кардан лозим аст. Ин корро дар давраҳои аввал бо ёрии маъмурияти мактаб кардан мумкин аст. Мо дар бораи мавқеи психолог дар баҳодиҳии ҳодисаҳои педагогӣ ёдрас карда будем. Коллективи педагогӣ ҳамеша бо қаноатмандӣ ахбороти психологӣ-педагогиро дарк менамояд, агар он ба дархостҳои ӯ ҷавобгӯ бошад, бонизом баён шавад, аз назари методӣ асоснок ва босаводона бошад.
Бояд қайд кард, ки омӯзгорон ба баҳодиҳӣ ба хусусиятҳои шахсияшон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Омӯзгор ба баҳо додани дигарон одат кардааст. Ӯ бо чунин хулосаҳо, ки тараққиёти номақбули вазъияти педагогӣ аз сустӣ ва ё камбудии худаш вобаста аст, бо душворӣ розӣ мешавад. Инчунин аксари омӯзгорон изтиробнокии баланди шахсиро соҳибанд ва туфайли он майли муболиға намудани ҳодисаҳоро пайдо мекунанд ва ё ба ҳимояи пинҳонии психологӣ дода мсшаванду хулосаҳои психологро пурра инкор мепамоянд.
Психолог ин душвориҳоро пешбини намуда, метавонад методикаҳои худбаҳодиҳи ва динамикаи гуруҳиро истифода барад, ки барои вазиятҳои машқдиҳни иҷтимои-психологӣ, фаъолияти фикрии коллектнвона ва бозиҳои ташкилкунандаю фаъолиятнок хосу мувофиқ мебошанд. Худи пснхолог дар вазиятҳои зикршуда аз баҳодиҳии омӯзгорон худдори мекунад, дар ин ҷо принсипи субъективияти инъикосшуда амал мекунад: интроспексия аз он ҷиҳат осон менамояд, ки психолог бояд худашро бо чашмони дигар ва ё тамоми гурӯҳ бинад.
Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории хуби психолог бо муаллимон ҳамеша ба мувофиқнамоии алоқаю робитаҳо бо кӯдакон ва волидайни онҳо мусоидат менамоянд. Гумон кардан душвор аст, ки агар психолог боварии омӯзгорон ва шахсони дигарро нисбати худ аз даст диҳад, он гоҳ ба ӯ бо боқимондаҳо кор кардан осон мешуда бошад, зеро мактаб ва боғчаи кӯдакон-ин узви ягонаи иҷтимоианд.

Саволҳо барои такрор ва мустахкамкунӣ:
1. Мақоми касбӣ гуфта чиро мефаҳмед?
2. Предмети ташхиси психологро шарҳ диҳед?
3. Мазмун ва шаклҳои кори психолог дар идораҳои маорифро шарҳ диҳед?
4. Гурӯҳи дигари табиатан душворе, ки психолог бо он кор мекунад киҳо ба ҳисоб меравад?
5.Масъалаҳои якум, дуюм, сеюм-шашумро фаҳмонед?
6. Бештар психолог аз кадом методикаҳо истифода мебарад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.