Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Масъалаҳои таъғирёбии синнусолӣ ва вазифаҳои психологияи тафриқавӣ

Психологияи тафриқавӣ ва синнусоли яке аз соҳаҳои илми психологи буда, предмети омӯзиши он таъғирёби ва динамикаи ташаккулёбии психикаи одам вобаста ба синнусол, онтонегези протсесҳои психикӣ ва сифатҳои психологии шахс дар рафти тараққиёти инсон мебошад. Қисмҳои психологии инсон инҳоянд.1. Мафҳуми психологияи тафриқавӣ ва синнусолӣ
2. Соҳаҳои психологияи тафриқавӣ
3. Таснифоти методҳои психологияи синнусолй ва тафриқавӣ

Психологияи тафриқавӣ ва синнусоли яке аз соҳаҳои илми психологи буда, предмети омӯзиши он таъғирёби ва динамикаи ташаккулёбии психикаи одам вобаста ба синнусол, онтонегези протсесҳои психикӣ ва сифатҳои психологии шахс дар рафти тараққиёти инсон мебошад. Қисмҳои психологии инсон инҳоянд.

Психологияи бачагона.
Психологияи наврас
Психологияи давраи ҷавонӣ (барвақт ва баркамол)
Герантопсихология
Вазифаҳои психологияи тафриқавӣ ин ё он ки қонуниятҳои пайдоиш ва ошкоршавии фарқиятҳои инфиродиро дар психологияи одам дар асоси назариявӣ тадқиқоти ташхиси руҳӣ ва корексиони руҳӣ барномагузори карда мешавад. Албатта имрӯз ин соҳа хеле хуб тараққи карда истода пешравии он бараъло ба назар мерасад. Ба монанди он ки барои физика-микраскоп, телефон, рентгенатерапия ва ғайраҳо баҳри пешравии он бисёр калон расонидаву расонида истодааст. Психологияи тафриқавӣ ҳамин тавр баҳри пешравии соҳаҳои психология мавқеи хосси амалии худро дорад. Психологияи тафриқавӣ барои ҳалли вазифаҳои амалия хеле имкониятҳои баланди тадқиқоти илмиро дода метавонад. Чунин фикрро беш аз ҳама олими соҳаи психологияи тафриқавӣ олим В. Истерн дода буд. Вақте, ки мафҳуми нав мешавад аксентуатсияи характер яъне тарзи рафтор тавлид меёбад. Ин албатта дар доира ҳудуди психологияи тафриқавӣ дида баромада мешавад аммо вақте, ки барои ташхиси ин сифат, онгоҳ вазифаҳои боқимондаи он ба мутахасиси соҳаи психологияи руҳӣ ва психометрикаи тафриқавӣ гузашта мешавад. Рост аст, ки баръакси чунин равонаҳо низ дида мешаванд. Масалан, вақте, ки дар амалия нест ба кор меояд вале қисматҳои назариявии он ба назар гирифта нашудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳангоми коркарди омилҳои модели интелекти чунин ҳодиса рӯй медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки ки психологияи тафриқави танҳо фарқиятҳои инфиродиро дар психика ҷудо накардаанд, балки он асосҳои назариявии тадқиқоти гуруҳиро дар бар мегирад.
Психологияи тафриқа бо психологияи синнусоли алоқаи ҷудонашаванда дорад. Давраҳои синнусоли ва инкишоф онҳоро хуб дида мебарояд. Психологияи имрӯза хусусиятҳои дар ҳаёт пайдарпайи одамонро вобаста ба гӯруҳҳои иҷтимой, гурӯҳи калон ва хурд меомӯзад, ки психологияи тафриқавӣ онҳоро низ дар бар мегирад ва ниҳоят психологияи тафриқавӣ ҳамчунин психофизиологияи тафриқаро таҳсил намуда хусусиятҳои инфиродиро психикаи одамро аз нуқтаи назари шаклгирии хосияти системаи асаби дида мебарояд
Соҳаҳои псиихологияи тафриқави инҳоянд.
1.Вай аз психологияи умуми фарқ карда дар худ омӯзиши психикаи ҳайвонотро низ ҷой дорад аз ин рӯ, психологияи тафриқавӣ дар худ психологияи муқоисавиро низ барои тадқиқот бурдан истифода мебарад.
2. Психологияи тафриқавӣ дар вақти ҳозира хусусиятҳои мавҷудоти зиндаро ки дар зинаҳои гуногуни эвалютсионӣ амал кардан меомӯзад. Ҳамин тавр психологияи тафриқа донишҳои антропология яъне антропогенез ва ба вуҷудоии шуури одам даст задаст.
3. Психологияи тафриқа бо психологияи синнусоли алоқаи ҷудонашаванда дорад. Давраҳои синнусоли ва инкишоф онҳоро хуб дида мебарояд. Психологияи имрӯза хусусиятҳои дар ҳаёт пайдарпайи одамонро вобаста ба гӯруҳҳои иҷтимой, гурӯҳи калон ва хурд меомӯзад, ки психологияи тафриқавӣ онҳоро низ дар бар мегирад ва ниҳоят психологияи тафриқавӣ ҳамчунин психофизиологияи тафриқаро таҳсил намуда хусусиятҳои инфиродиро психикаи одамро аз нуқтаи назари шаклгирии хосияти системаи асаби дида мебарояд.
4. Психологияи тафриқавӣ аз оғозаш предмети омӯзиши он якҷониба набуда, балки бисёрҷонибаву бисёрҷабҳа мебошад. Ҳодисаҳои ҷисмонӣ ва психикиро олим Штер омӯхта характери потенсиалии ва харакати доимамалкунандаи байни онҳоро ошкор мегирад.
Ҳамин тавр чизе, ки бо мушоҳидаи объективӣ одатан дарёфт карда намешуд, меомӯзанд, балки боз дар рафтори одамон ва ҳайвонҳо мақсадгузории ва , қобилиятҳои онҳоро мемӯзад. Дар вақти ҳозира психологияи тафриқавӣ офатҳои инфиродии предметӣ мазмуни рӯҳӣ- ҷаҳобиниро хусусиятҳои худи шуурнокии тарзи шахсиятҳои гуногунро дар фаъолияташон муайян мекард, яъне касбӣ таълимӣ муошират мебошад.
5.Психологияи тафриқавӣ чунин соҳаи илми психология мебошад, ки бо омӯзиши фарқиятҳои инфиродии одамон машғул мебошад.

Психологияи тафриқавӣ нисбатан илми ҷавон буда дар натиҷаи инкишоф ёфтани психологияи педагогӣ, психологияи омӯзгорӣ ва психологияи умумӣ пайдо шудааст. Гуфтан зарур аст, ки мафҳумҳои психологияи тафриқавӣ то пайдошавии илми психологияи тафриқавӣ дар дохилии предметҳои худашон омӯхта мешуданд. Масалан: хотири бачагон ва фарқияти онҳо дар психологияи синнусолӣ ва психологияи омӯзгори омӯхта мешаванд, вале дар психологияи тафриқавӣ бошад, чунин омӯзиш характристикаи баёнӣ надошта, балки характристикаи тадқиқоти дорад, яъне агар дар психологияи синнусолӣ ва омӯзгорӣ масъалаҳо оиди хотир, идрок, тафаккур ва фарқияту онҳо кӯтоҳ дода гардад, дар психологияи тафриқавӣ бошад, ин гунна масъалаҳо бо исботу мисолҳои мушаххас пешкаши омма гардонида мешавад.

Психологияи тафриқавӣ дар тадкқиқоту омӯзиши худ ба аспектҳои философӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ такя накарда, балки ба таври конкрет-мушаххас маҳз фарқияти инфиродии одамонро барои бозҳам дар алоҳида ривоҷу равнақ додани соҳаи гуногуни хоҷагии халқ истифода мебаранд
Аз рӯи фарқиятҳои инфиродии одамонро ба гурҳҳои касбӣ ҷудо кардан мумкин аст. Масалан: агар шахс бо хотири механики худ аз шахси дигар фарқ намояд, ӯро бо чунин корҳо, вазифаҳо гузаронидан мумкин аст, ки факту рақамҳо ба зуддӣ аз худ карда шуда дар хотир мебошад.
Аз рӯи фарқиятҳои инфироди маълум мегардад, ки системаи фаъолияти олии асаб, нимкураҳои чапу рости майнаи сар, ки инфиродикунонидаи фаъолияти ин ё он равандҳои психики, ҳолатҳои рӯҳӣ ва хусусиятҳо мебошад, ки меомӯзонад. Ҳамин тавр маслиҳатҳо ба мо психологон имконият медиҳад, ки аз рӯи намуди хотир одамон инкишоф фаъолияти олии асабашонро муайян намоянд.
Психологияи тафриқавӣ ҷонибдори ҷараёни психологии лакомизатсионизми мебошад, яъне онҳо қатъи боварӣ доранд, ки дар фарқияти инфиродии одамон мавқеи ин ё он нейронҳои системаи олии асаб калон мебошад. Ҳамин тавр таълимоти антилакализатсионизм (илме, ки қисмҳои алоҳидаи мағзи сарро ба ин ё он раванд вобаста буданашро инъикос мекунад), баромада бо илмҳои физиологии олии асаб ва мактабҳои Павлов, Сеченов алоқаи зичи худро нигоҳ медорад.

Локализатсионизм чунин ҷараёне мебошад, ки хусусиятҳои инфиродии одамонро маҳзн аз марказҳои алоҳида вобаста мебошад, ки бо ибораи дигар локализатизм чунин мешуморанд, ки барои хотир як марказ барои тафриқа маркази дигар барои идрок маркази дигар ҷавобгар мебошад.
Фарқи психологияи синнусоли аз психологияи тафриқавӣ дар он аст, ки
он аломатҳое, ки дар як одам дида мешавд. Вале ҳархела дида мешавад барои чӣ дар давраи наврасӣ дида шуда дар дигар давраҳо дида намешавад. Инро психологияи тафриқавӣ меомӯзад.
Истифодаи усулҳои метематикӣ дар психологияи тафриқавӣ ин қисми коркардашуда мебошад, ки арифметикӣ, кайфсенти лозима, таҳлили регрессия ба он дохил мешавад.
Таснифоти методҳои психологияи синнусолӣ ва тафриқавӣ
Аз баски раванди инкишофи психики хеле мураттаб аст, вай аз тадқиқотчӣ таҳлил ва аспектҳои гуногун доштаро талаб мекунад.
Яъне методҳои комплексиро истифода бурданро муайян мешуморад. Дар таснифоти методи психологияи синнусолӣ ва тафриқавӣ қонунҳои асосии генетикӣ ва табиати хеле мураккаб дорад истифода бурда мешавад. Методҳои комплексӣ барои ҳалли масъалаҳои гуногун равона карда шудаанд. Масалан: барои муқарар кардани алоқаи инкишофи психикӣ бо шаклҳои дигар ва сатҳи инкишофи одам дар системаи одамомӯзӣ ба роҳ гузошта шудааст. Аз ҷониби олим Ананев як барномаи калони комплексии тадқиқоти кор карда баромада шудааст, ки он соҳаҳои гуногуни илмҳои биологиро дар бар мегирад ва дар вақти ҳозира ҳамчун як системаи ташхиси психология барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун ва потенсиалӣ баланди инкишофи одамро дарёфтан истифода бурда мешавад. Лаҳзаи муҳим дар ин система масъалаи истифодаи методи конкретӣ (мушаххас) барои ба даст даровардани мавоҳои амалӣ оиди нишондодҳои синнусолӣ психики меравад. Истифодаи методҳо барои ба дастоварии факту маълумотҳо доир ба давомоти хонандагон, инкишофи сатҳи дониш, муайян кардани қобилияти маърифатӣ: эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, нутқ, инчунин сабабҳои сустхонӣ ва роҳҳои пешгирӣ кардани он ёрии назарӣ ва амалӣ мерасонад.
Ҳоло дар соҳаи психологияи синнусолӣ ва тафриқавӣ методҳои мушоҳида, эмперикӣ, коркардашуда, интерпритатсияи (шарҳдиҳӣ) озмоиши (эксперименти) табии ва лабараторӣ, сӯҳбат, анкетӣ, мусоҳиба, тест, сотсиометрия истифода бурда мешавад.
Методи мушоҳида – объекти мушоҳида ягон тарафи феълу атвор ва ё рафтору кирдори хонанда ё кӯдак қарор мегирад. Дар баробари ин муаллим ба тарзҳои рофтору кирдори хонанда ба ифодашавии ҳиссиёти ӯ саъю кӯшиш ва қобилияти ӯ диққати калон медиҳад. Дар асоси таҳлилу ҷамъбасти факту маълумотҳои мушоҳидашуда вай ба олами ботинии хонанда ворид шуда/дар бораи ӯ хулосаҳои аниқ мебарорад.
Барои он ки методи мушоҳида самараи хуб диҳад, зарур аст, ки талаботҳои зерини психологӣ ба назар гирифта шавад:
а) мушоҳидаи кӯдак ё хонанда дар шароити табиии таълиму тарбия сурат гирад
қб) мақсад ва вазифаҳои мушоҳида аниғ карда шавад, чиро омӯхтан лозим ва кадом тарафҳои зуҳуроти психики хонандаро ошкор намудан зарур аст;
в) нақшаи мушоҳида ба таври саҳеҳ пешакӣ мураттаб сохта шавад;
г) дар рафти мушоҳида хонандаро қисм-қисм нею, балки ӯро ба таври яклухт омӯхта/ дар бораи ӯ маълумоти аниқ ҳосил кардан зарур аст;
д) дар рафти мушоҳида ба принсипи объективона омӯхтани психика такя кардан лозим аст;
е) барои он ки ҳамаи тарафҳои психологии хонандаро дар ҷараёни таълиму тарбия зоҳир шаванд/ лозим аст, ки хонандаро дар шароити таълиму тарбия ва муҳити атроф шинос намоем;
ё) хеле хуб машавад, ки шахсияти хонандаро дар ҷараёни инкишоф ва тағирёбии давраҳои синнусолӣ омӯзем;
з) хонандаро дар рафти муносибатҳои коллективӣ омӯхта, дар бораи сифатҳои маънавӣ-психологии ӯ хулосаҳои муайян баровардан зарур аст;
е) ҳангоми мушоҳида ба ҳаракатҳо, тарзи нутқ, зоҳиршавии ҳолатҳои руҳӣ, имою ишораҳои кӯдак ё хонанда ва кайфияти руҳии ӯ эътибор додан лозим аст.
Методи эмперикӣ – ба методи эмперикӣ мушоҳида ва худмушоҳидакунӣ таълуқ дорад. Лабараторияи саҳроӣ ва табиӣ, тарҷимаи ҳол, анкета, сӯҳбатҳо интервию мусоҳиба, ташхисӣ руҳӣ таълуқ дорад.
Методи коркардашуда – миқдори ба ҳисоб рафта, ҳисоби миёнаи арифметикӣ, кайфсентӣ лозима, таҳлили регрессия (ба гузашта фиристоданд) тариқа кардан ба хелҳо, гӯрӯҳҳо ва варианҳои инкишоф.
Методи интерпритатсия ( шаҳрдиҳӣ) – тасвир ва шарҳи алоқаи интекӣ байни фазоҳо ва сатҳи инкишоф. Мисол: Нутқи модар.
Сатҳи таркибӣ- тасвир ва шаҳрдиҳӣ баҳамалоқамандии параметрҳои алоҳидаи инкишоф.
Методи озмоиш (эксперимент) – тадқиқотчӣ дар рафти озмоиш ба факту ҳодисаҳои психики рӯй дода истода, ба таври пассив мушоҳида намекунад, балки барои ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи психологӣ шароит муҳайё мекунад ва дар асоси мақсад ва вазифаҳои дар пеш гузошта амал мекунад.
Озмоиш ду хел мешавад: лабараторӣ ва табиӣ. Дар рафти озмоиши лабараторӣ ҳаҷми диққат, ҷоришавии суръати нутқ, сифатҳои ақл, типҳои мизоҷ ва дигар зуҳуроти ҳодисаҳои психикӣ муайян карда мешавад.
Методи сӯҳбат ё мубоҳиса – дар рафти сӯҳбат сатҳи инкишофи диққату диққатнокӣ, ҳиссиёту ирода ва хусусиятҳои синнусолии хонандагонро ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Дар рафти сӯҳбат имкониятҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки шавқу ҳавас, хоҳиш, талабот ва дараҷаи ҷаҳонбинии хонандагон, вазъияти таълимӣ, инчунин рафтори хонандагон муайян карда мешаванд.
Аз ин ҷиҳат, агар зимни мушоҳида шахси мушоҳидабаранда имконоти бо хонанда гуфтугӯ кардан надошта бошад, он гоҳ ӯ дар ҷараёни сӯҳбат мубоҳисаи ошкоро гузаронида наметавонад. Бинобар ин ба муаллим зарур аст, ки як факту ҳодисаҳои психологиро чанд маротиба такроран санҷида, баъд хулосаҳои аниқ барорад. Сӯҳбат дар сурате самаранок гузаронида мешавад, ки талаботҳои зерини психологӣ ба роҳбарӣ гирифта шавад:
а) пешакӣ мақсад ва вазифаҳои сӯҳбат муайян карда шавад;
б) ҷои гузаронидани сӯҳбат ва объекти сӯҳбат муайян карда шавад;
в) нақшаи сӯҳбат аниқ бошад;
г) зимни сӯҳбат бояд муносибати байниҳамии мусоҳибон самимӣ
боша два дар вазъияти ҳамдигарфаҳмии тарафайн сурат гирад;
д) суҳбат дар вазъияти табии гузарад;
е) натиҷаи сӯҳбат дар дафтари махсус сабт карда шавад;
ё) аз рӯи натиҷаи сӯҳбат хулосаҳои амиқи психологӣ бароварда
шавад.

Методи анкетавӣ – тавассути методи анкетавӣ фикру ақида, хоҳишу ҳавас нисбат ба соҳаҳои илму техника, адабиёту санъат, табиат, ҳаёти иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти сиёсии имрӯза муайян карда мешавад. Дар анкетаҳо саволҳо дуруст ва ба таври фаҳмо ҷо ба ҷо карда мешавад. Ҳангоми мураттаб сохтани саволҳои анкета синнусоли бачагон ва хонандагон ба ҳисоб гирифта мешавад. Инчунин, методткаи паҳн кардани анкетаҳоро донистан лозим аст. Анкетаҳо дух ел мешаванд; типпи кушода ва типпи пӯшида.
Намунаи яке аз варақаи анкетаи типпи кушодаро дида мебароем:
а) Оё шумо хондани асрҳои бадеиро дӯст медоред?
б) Қаҳрамонҳои дӯстдоштаи худро аз асарҳои бадеӣ номбар кунед.
в) Шумо кадом шоиру нависандагонро бештар дӯст медоред?
г) Ба шумо хондани ҳикояҳо хуш меояд ё азёди шеърҳо?
д) Ба кадом қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ монанд шудан мехоҳед?

Акнун намунаи анкетаи пӯшидаро дида мебароем:
а) Ман аз муоширати дӯстону хешон хеле қаноатманд шудам. Ҳа, не.
б) Ман ба касби интихобкардаам шавқу ҳавас ва хоҳиши том дорам.Ҳа, не.
в) Ман сару либоси ҳамсинфонамро дида бисёр ҳасад намебарам. Ҳа, не.
г) Ман бештар ҳамон вақт ғам мехӯрам, ки аз иҳотаи волидайн дур бошам. Ҳа, не.
д) Ҳаёти манн пур аз ҳодисаи аҷоибу ғароиб бошад. Ҳа, не.
е) Манн комилан ба худ боварӣ надорам, ки касбро дуруст интихоб кардам. Ҳа, не.
Анкетаи пӯшидаро дар муддати 15-20дақиқа пур кардан лозим аст ва дар он то 15-20саволро ҷойгир кардан мумкин аст. Дар анкетаи кушода бошад ҳамагӣ5-7саволро дохил кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Методи омӯхтани маҳсули фаъолияти хонандагон – дар асоси ин метод шавқу ҳавас, хоҳиш, ваҷҳҳои рафтор, истеъдоду қобилият, майлу рағбат ва дигар тарафҳои психологии кӯдаку хонандагон омӯхта мешавад.
Бо ёрии ин метод муаллим метавонад илова ба далелҳои ҷамъоварда боз маълумотҳое ба даст оварад,ки портрети психологии хонандагонро равшантар инъикос намояд.Пеш аз ҳама аз рӯи расмҳои кашидаи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон муайян намудан мумкин аст, ки то чӣ андоза ба ин ё он фаъолият онҳо қобилият доранд. Ё аз рӯи схемаю плакатҳо, моделҳои сохташуда, иншо нақли хаттӣ, корҳои санҷишӣ, ҳунарҳои кандакорӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, суробсозӣ ва ғайра дар хусуси қобилияти онҳо хулосаҳои муайян баровардан зарур аст. Масалан, дар иншои навиштаи хонандагон дар мавзӯъҳои «Касби ман-ифтихори ман», «Орзуи ман», «Қобилияту истеъдоди ман чӣ гуна аст?», «Худомӯзӣ»ва ғайраҳо дар бораи орзую ҳавас ва рағбати хонанда маълумотҳои саҳеҳ пайдо кардан мумкин аст.
Методи сотсиометрия – ин метод солҳои охир аз тарафи психологи америкоӣ Ҷон Морено омӯхта шудааст. Вай барои муайян намудани муносибати байниҳамии дохили коллективи хонандагон истифода бурда мешавад. Тавассути ин метод муаллим имконият дорад,ки шаклгирии муносибати дӯстӣ, рафоқат, ёрии байниҳамии хонандагон, ҳисси меҳру шавқат, ҳисси меҳрубонӣ ва ё бадбиниро нисбати якдигар дар «микрогурӯҳҳо», мавқеи «сарвар»-и гурӯҳро муайян намудан мумкин аст.
Бо ин мақсад аз саволҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
а) Ту бо ҳамроҳии кӣ дар як парта хоҳиши нишастан дорӣ?
б) Дар рӯзи қайди таваллуд аз ҳамсинфон киҳоро хоҳиши таклиф кардан дорӣ?
в) Аз аҳли синф бо ҳамроҳии кӣ хоҳиши якҷоя дар стайёр кардан дорӣ?

Методи тест – тест калимаи англисӣ буда, маънояш санҷидан ва муайян намудани дараҷаи қобилияти ақлӣ мебошад. Дар соҳаи психология методи тест аз соли 1905 инҷониб истифода бурда мешавад. Аввалин бор Алфред Бине тавассути методи тест дараҷаи қобилияти ақлии одамони синнусоли гуногунро омӯхта буд. + бо ҳамроҳии шогирдонаш маҷмӯи супоришҳои психологиро мураттаб сохта буд, ки тавассути саволномаҳо ва маҷмӯи машқҳо қобилияти ақлии бачагони фикран қафомонда муайян карда мешуд.Дар солҳои 40-уми асри19 духтури фронсавӣ Д. Эскирол ва Э. Сеген барои кор карда баромадани методикаи тестҳои психологӣ кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд. Дар натиҷа ба онҳо муяссар шуд, ки супоришҳои тести психологӣ барои интихоби бачагони фикран қафомонда ва бачагони аз ҷиҳати психологӣ солимро кор карда бароянд.
Дар бобати кор карда баромадан ва инкишоф додани ташхиси психологӣ ( яъне пешбинӣ ва пешгӯӣ кардани қобилияти ақлии бачагон) биологи англис Френсис Галтон хизмати босазо кардааст. Ф.Галтон тавассути ташхис дар бораи одамон маълумотҳои муайян ба даст овард.
Соли 1890 мақолаи психологи америкоӣМ.Кеттел дар хусуси супоришҳои тестӣ чоп шуда буд. Дар авали асри 20 доир ба ташхиси психологӣ асарҳои махсус аз чоп баромад.Масалан, профессор Г.И.Россолимо методикаи тестро кор карда баромада буд, ба воситаи он се гурӯҳи протсессҳои психикӣ: диққат, ирода, амиқӣ ва устувории идрок ва фаъолияти ассотсиативӣ омӯхта шуд. Тестҳо якчанд хел мешаванд:
1.Тест барои муайян намудани майлу хоҳиш ва лаёқатмандии касбӣ;
2.Тест барои омӯхтани сифатҳои маънавӣ-психологии шахсият;
3.Тест барои ошкор кардани қобилиятҳои одамон;
4.Тест барои муайян намудани қобилияти ақлӣ.

Хулоса Смирнов А.А. методи болоро ҷамбаст намуда дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд ба чунин хулоса ба ҳар як ин метод предметҳои омӯхташавандаашро пешкаш мекунад. Масалан: барои як метод омӯхтани тафаккур, нутқ, хотир ва ё баъд ягон раванди психикими дигар пешкаш карда мешавад.
Дар нимаи асри 19 дар психология истифодабарии методи якум яъне методи ташкили, ки бо кори Ч.Даврин ва ҳамроҳи ӯ Тен Пресер, ки аз болои бачагони худ мушоҳида мебурданд, нутқи онҳо, эмотсионали онҳо ва функсияҳои сенсометрии онҳоро ба қайд мегирифтаанд.
Ҳамчунин бо омӯхтани пай дар пай тадқииқотҳои психикӣ генетикӣ Бехтеров ва ҳамкории ӯ ба як қатор мувафаққиятҳо соҳиб мешаванд.
Методи буриши кӯдакон ба олими шведсарӣ Ҷан Пиаҷе муяссар гардид, ки ӯ дараҷаи инкишоф ақли сотсиометриро кор карда баромадааст. Пас аз Пиаҷе дар натиҷаи омӯхтани пай дар пай олим Галбиней Л.М. функсияҳои биноӣ, фазои одамони калонро омӯхтааст.

Мустаҳкамкунии дарс
Масъалаҳо барои ҳалли мустакилона ва саволҳои санчиши

Фанни психологияи тафриқавӣ чиро меомўзад?
Қисмҳои психологияи инсон кадомҳоянд?
Алоқамандии психологияи тафриқавӣ бо синнусолӣ?
Методҳои психологияи тафриқави ва синнусолиро номбар кунед?
Фарқи методҳои психологияи синнусоли аз методҳои психологияи тафриқавӣ ?
Соҳаҳои психологияи тафриқавиро номбур кунед?
Локализатсия чист?
Ҷамъбасти дарс.-

Луғат:
Аксентуатсия- тавлидшавии тарзи рафтори нав.
Антропология – одамшиносӣ (онтро-одам, логос-илм).
Антропогенез- одамомӯзиш
Антелокализатсионизм- илме, ки қисмҳои алоҳидаи мағзи сарро инъикос мекунад.
Локализатсионизм- қисмҳои равандҳои маърифати психологиро идора мекунад.
Регрессия – ба гузашта фиристоданд (гузаштаро ба хотир овардан)
Интерпритатсия- шаҳр, эъзоҳ ва маънидодкун


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.